Завқибек Солиев, корбарандаи саҳифаи “Фейсбук” аксеро бо корбарандаҳои дигар дар миён гузоштааст, ки «Лифти пулакӣ» ном дорад.
Ин лифт дар бинои «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил» ҷойгир аст ва далели он аст, ки ҳаводорони дарёфти пули бедармиён ба истилоҳ “аз мурда ҳам ҷон металабанд”.
Муаллиф навиштааст, ин воқеъиятро, ки корафтодаҳо пардохти як миқдор пулро аз тай намудани паллаҳои бинои баланошёна авлотар медонанд, мақомот хеле хуб медонанд. Аз ин рӯ дидаву дониста лифтро пулакӣ кардаанд. Бовари кас намеояд! Дар тамоми дунё шафқат ба бемор ва тараҳҳум ба хешу табори ӯ аз аз аразишҳои муҳими бемористонҳост. Аммо дар қадимтарин бемористони Тоҷикистон, Қарияи Боло "бизнесмен"-ҳое ёфт шудааст, ки дар бадбахтии мардум пул кор мекунад.
Завқибек мегӯяд, ду моҳ пеш бо тағояш барои ташхис ба ин марказ омад ва дар ҳоле, ки мехост вориди лифт шавад, нозири лифт аз ӯ 50 дирам талаб кард.
«Ман ба зани нозир як сомонӣ додам ва азбаски бо худ меҳмон доштам, шармам омад, ки ҷанҷол кунам. Ман пулро додаму чизе нагуфтам. Дирӯз боз рафтам ба ҳамон беморхона, ин дафъа дар назди лифт мард буд. Ман пурсидам, ки ин лифт кор мекунад? Гуфт, ки бале. Пурсидам, ки ин лифт пулакӣ аст ва чанд пул? Гуфт бале, нархаш 50 дирам. Пулро дар берун намегиранд, вақте дохили лифт медароед ва дарашро мепӯшанд, онҷо мегиранд».
Барои бо чашми сар дидани «лифти пулакӣ», ман ба «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил» рафтам. Дар ошёнаи аввал ба дари лифт як қуфли бузург зада буданд, ки аз лифт дида бештар ба анбор монанд буд.
Дар ҳар ошёна, пушти дари лифт навиштаҷоте насб шуда буд, ки «истифодаи лифт дар беморхона ройгон аст. Истифодаи лифт танҳо барои беморон». Ба худ гуфтам, "агар ин лифт то ҳол бепул буд, чаро бепул будани он бо навиштаҷот таъкид шавад!?
Дар ҳар ошёна тӯдае аз табибону беморону хешу табори онҳо дар назди лифт ҷамъомада, яке мехост боло биравад, дигаре поён. Аммо лифт аз худ садое бадар намекард. Ангушту муштзанӣ ба дари оҳанини лифт ва садоҳои “чаро лифт беҳаракат аст” фоида накарданд. Лифт ҳамоно хомӯш буд.
Баъзеҳо, ки ба аёдати беморон омоада буданд, ночор рӯ ба сӯи паллаҳо оварданд ва бо «уфу пуф» ба сӯи ошёнаи зарӯрӣ ҳаракат карданд. Як бемор ки бо умеди кушода шудани дари лифт тугмаи онро пахш мекарду дарашро мекӯфт, гуфт: «то имрӯз лифт пулакӣ буд, кор мекард, ки имруз ки ба дараш эълони ройгон будани истифода онро часпониданд, пурра аз кор монд. ».
Ӯ гуфт, ки се рӯз аст дар Маркази бемориҳои дил табобат мегирад.
Билохира дари лифт боз шуд ва аз дохили он зане бо либосу сарбанди сиёҳ берун омад. Ман саросема дохили лифти машҳур шудам. Лифт ҳуҷраи хурдеро мемонд, ки ҳам қолин дошт, ҳам курсӣ ва ҳам чароғ. Дар дохил боз ҳамон навиштаҷоти «Истифодаи лифт ройгон аст». Бо баҳонаи мутолеъаи навиштаҷот сӯҳбатро бо нозири лифт оғоз кардам ва пурсидам, ки лифт ин қадар вақт куҷо буд?
«Маҷлис доштем. Ҳар охири моҳ мо маҷлис дорем.»
- Беморҳо гуфтанд, ки лифт пулакӣ буд, ройгон карданд барои ҳамин аз кор монд.
«Не»
-Рӯзи гузашта 50 дирам буд-ку?
«Худашон медиҳанд. Одами медодагӣ медиҳад, лекин беморҳо не.»
- Ман ҳам 50 дирам диҳам?
«Не акнун шиштанда шишти, мо дигар беморони бегонаро савор ҳам намекунем,фақат беморони шуъбаро».
-Ин варақаҳои сабзро нав часпониданд?
«Касе чизе гуфтаст, моро ҷанг карданд, ки аз касе чизе нагир, гуфтам ки нагирифтам, исбот кунанд. Ягон кас аз барои худо дода бошад, қасам намехӯрам. Мо шаб то рӯз додар кор мекунем ва бо ҳамон маошамон. Маошам 180 сомонӣ аст ва ман 5 фарзанди ятим дорам. Баъзеаш пул медиҳанд аз баҳри Худо, чӣ гуям лозим нест? Намедодагиашро мо маҷбур намекунем, ки бидеҳ. Акнун гуфтанд, ки ҳамонро ҳам нагиред, гуфтам майлаш».
Лифт ба ошёнаи панҷум расид, ман берун омадам, зани нозир дар дохил монд.
Аммо пулаки будани лифт дар Маркази бемориҳои дил сардори хоҷагии Марказ Раҷабалӣ Сафаровро шигифтзада кард. Ӯ бо тааҷуб гуфт, ки ин хабарро бори аввал мешунавад. "Лифт аз ҳисбоби буҷаи давлат нигоҳубин мешавад ва соли гузашта барои таъмири он наздик ба 11 ҳазор сомонӣ сарф шуд"- гуфт сардори хоҷагӣ.
«Мо се нозири лифт дорем ва онҳо бо навбат кор мекунанд. Як рӯз кор кунанд, ду рӯз дам мегиранд. Дар назди дари лифт, рақамхои ман ва сардухтур ҳаст, ки мабодо нозири лифт агар пул талаб кунад, ба мо занг зананд. То ин замон ягон шикоят нарасидаст. Агар мешуд, мо баёнот гирифта он нозирро танбеҳ медодем».
Аз сӯи дигар ин далел, ки аксари шаҳрвандон ба кормандони беморхонаҳо барои ҳалли мушкили худ пул медиҳанд, касеро ҳайрон намекунад. Шояд мардум бештар аз он ҳайрон шаванд, ки агар ходими бемористон кори шуморо осон кунад вале аз гирифтани “чойпулӣ” даст кашад.