Амрико аз Русия хост, ба USAID фурсат бидиҳад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Русия хостааст, барои анҷоми фаъолияти Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико фурсати бештар бидиҳад. Мақомоти Маскав амр додаанд, ки ин муассисаи амрикоӣ фаъолиятҳояшро то рӯзи якуми октябр дар Русия хотима диҳад, зеро ба гуфтаи онҳо, Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико бо кӯмакҳои молӣ ба созмонҳои ҷамъиятӣ, ба умури сиёсии Русия дахолат мекунад. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш ба Русия ваъда дод, ки дигар баъди якуми октябр барномаҳои нав амалӣ намекунад, вале хост, ба Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико барои анҷоми барномаҳои ҷориаш мӯҳлати бештар бидиҳад. Аммо Александр Лукашевич, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия гуфт, қарор қабул шудааст ва ин қарори як кишвари мустақил бояд иҷро шавад.