320 миллион $ ришва ба "дасти рост"-и духтари Каримов

Гулнора Каримова ва Гаянэ Авакян

Як ширкати шведӣ дар пардохти 320 миллион доллар ришват барои пуштибонии давлати Узбакистон дар бозори мухобиротии ин кишвари Осиёи Марказӣ гумонбар мешавад.
Шоми чаҳоршанбе, 19-уми сентябр, телевизиони ҷамоатии Шветсия барномаи таҳлилиеро дар робита ба фасод дар фаъолияти як ширкати мухобиротии ин кишвар дар Узбакистон пахш кард. Муаллифон Свен Бергман, Иоаҳим Дифвермарк ва Фредрик Лорин ширкати шведии TeliaSonera-ро дар он гумонбар хондаанд, ки барои пайдо кардани ҷойи пой дар бозори Узбакистон ба “коршарики узбакистонияш” 320 миллион доллар ришват додааст.

“Коршарики узбакистонӣ” – ширкати гибралтарии Takilant аст, ки ба Гаянэ Авакян, “дасти рост”-и Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон, тааллуқ дорад. Гуфта мешавад, Takilant ба ивази ришват ширкати шведиро бо муҷаввизи 3G, мавҷ ва рақамҳои зарурии телефон дар Узбакистон таъмин кардаст.

Худи TeliaSonera хабари харидории муҷаввиз ва мавҷу рақамҳои телефонро таъйид карда, аммо гуфтааст, гап сари фақат 30 миллион доллар ва 26 дарсади моликияти ширкати Ucell меравад. “Ин шарти ногузир барои шурӯи кор ва анҷоми амалиёти мухобиротӣ буд”,-гуфта шудааст дар изҳороти ширкати TeliaSonera.

Камолиддин Рабимов, сиёсатшиноси узбаки муқими Порис, ки дар пайгирии ин мавзӯъ бо хабарнигорони телевизиони Шветсия ҳамкорӣ кардааст, мегӯяд, бахши асосии ришват ба таври нақд ба Гаянэ Авакиян ва як бахши ночизи он бо қоғазҳои гаронбаҳо пардохт шудааст. Ҳуҷҷатҳои молиявӣ ба номи ширкати Takilant, ки дар Гибралтари Испания сабти ном шудааст, таҳия шудаанд. Ӯ меафзояд, “тарҳе ё схемае падид меояд, ки ширкати шведӣ ба Гаянэ Авакян, ки одами Гулнора Каримова маҳсуб мешавад, маблағ пардохт кардааст, яъне онҳо ба Гаянэ Авакян пул дода ба ивази он аз давлати Ӯзбакистон хадамот, мавҷ ва муҷаввиз гирифтаанд. Гаянэ Авакян мансабдори ҳукумат нест ва аммо ширкати шведӣ бо пардохти ин маблағ аз пуштибонии давлатӣ бархурдор мешавад”.

Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон

Ҷаноби Рабимов меафзояд, дар маҳофили сиёсӣ солҳо боз Гаянэ Авакян чун дасти рости Гулнора Каримова муаррифӣ мешавад. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, хонум Авакян чанд сол пеш раҳбари Хонаи мӯди Тошканд буд, ки соли 2003-юм аз сӯи Гулнора Каримова бунёд шудааст. "Гаянэ ва Гулнора бо ҳам хело қаринанд ва духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон панҷ сол пеш Авакянро вориди ҳама амалиётҳои молияви худ карда буд",-илова кард ӯ.

Рӯзи чаҳоршанбе номи Гулнора Каримова дар робита бо як парвандаи “шустушӯи пул” ҳам сари забонҳо афтод. Додситонии кулли Швейтсария таъйид кард, ки гардиши садҳо миллион доллари ҳисобҳои бонкии чаҳор шаҳрванди Узбакистонро манъ кардааст. Ба навиштаи рӯзномаи фаронсавии Le Temps, тақрибан 600 миллион доллар мунҷамид шудааст. Торнамои Romandie.com хабар дод, ин маблағ дар ҳисобҳои чанд бонки Швейсария нигаҳ дошта мешуд.

Додситонии кулли Швейтсария эълом дошт, ки муфаттишон эҳтимоли шустушӯи пул аз сӯи ду фарди муттаҳамро таҳқиқ мекунанд. Телевизиони Швейтсария бо такя ба манобеи худ эълом дошт, ки онҳо аз наздикони духтари раисиҷумҳури Узбакистон Гулнора Каримова маҳсуб мешаванд ва моҳи июл дар Женева боздошт шудаанд. Рӯзномаи швейтсарии Blick навиштааст, ду боздоштшуда дар ширкати “Кока Кола Узбакистон”, ширкати мансуб ба Гулнора Каримова кор мекунанд. Ному насаби боздоштшудаҳо расман эълон нашудааст, аммо, ба иттилои бархе манобеъ, гап сари шаҳрвандони Узбакистон Шоҳрух Собиров ва Алишер Эргашев меравад.

Онҳо ду моҳ пеш дар бинои бонки хусусии Lombard Odier-и Женева дар ҳоле ба даст уфтоданд, ки мехостанд миллионҳо долларро ба як ҳисоби бонкӣ гузаронанд. Он вақт Додситонии кулли Швейтсария гуфта буд, боздошт дар чаҳорчӯби тафтиши парвандаи чаҳор нафари муттаҳам дар “шустушӯи пул” аз тариқи яке аз бонкҳои хусусии кишвар сурат гирифтааст. Камолиддин Рабимов мегӯяд, ки ду нафари дигари шомил ба ин парванда - Беҳзод Аҳмадов, собиқ раиси ширкати давлатии МТС Узбакистон ва Гаянэ Авакиян мебошанд. Вале боздошти ҳардуи онҳо то ҳол муясссар нашудааст. Бар пояи иттилои ахир, ба дунболи Беҳзод Аҳмадов ахиран Гаянэ Авакиян ҳам ғайб зад...

Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон, ба фарқ аз хоҳараш Лола, на фақат дар майдони тиҷорат нақши густарда дорад, балки дар саҳнаи сиёсату саҳнаи ҳунар ҳам хеле фаъол аст ва то ба симатҳои муовини вазири умури хориҷа ва сафири Узбакистон дар созмонҳои байнулмилалии мустақар дар Женева расидааст. Ӯ тарроҳи либос низ ҳаст ва бо тахаллуси Гугӯша тарона мехонад.
Зимнан, ду сол пеш маҷаллаи швейтсарии “Bilan” Гулнора Каримоваро бо маблағи тақрибан 900 миллион доллар, дар байни занони сарватманди ин кишвар дар мақоми 9-ум ҷой дода буд.