Бег Зуҳуров: "Азия-Плюс" аз паи ҳаргуна танқид наравад"

Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Пас аз ду моҳи маҳдудияти дастрасӣ, торнамои "Азия-Плюс" дубора бо нишонии News.TJ боз шуд. Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дастури ӯ торнамои "Азия-Плюс" фаъол шудааст.

Аммо ҷаноби Зуҳуров афзуд, "акнун вақти он аст, ки ин торнамо бамаънӣ бошад ва аз пайи ҳаргуна танқидҳои ноҷо наравад." Дар ҳамин ҳол, Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи Оҷонси хабарии "Азия-Плюс" гуфт, аз тариқи провайдери Телеком Технолоҷӣ боз шудани ин сомона имконпазир шудааст, вале ҳанӯз аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон номаи расмӣ аз ифтитоҳи сомона ба онҳо нарасидааст.

Аз шоми 23-юми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” масдуд карда шуд. Дар ин замина раиси Хадамоти алоқаи кишвар ба расонаҳо гуфта буд, масдуд шудани сомонаи мазкур мушкили фаннист, на чизе дигар.