"Бегуноҳии мусалмонҳо" ва ҳассосиятҳои дунёи Ислом

Нашри ин филм мавҷи эътирозҳо дар кишварҳои мусалмониро барангехт, аммо Душанбе то ҳол вокунише накардааст.
Исломобод мехоҳад рӯзи ҷумъаро “Рӯзи муҳаббат ба Паёмбар Муҳаммади Мустафо” эълон кунад. Ин вокуниши Покистон ба филми зиддиисломии “Бегуноҳии мусалмонҳост”, ки пахши он аз тариқи интернет боиси эътирозҳои густарда дар олами ислом шуд.

Рӯзи чаҳоршанбе ҳудуди 500 ҳуқуқшиноси покистонии норозӣ аз ин филм муқовимати полисро шикаста, ба маҷмааи сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ ворид шуданд. Онҳо шиорҳои зиддиамрикоӣ заданд ва талаб карданд, ки сафири ИМА кишварро тарк намояд. Дар Коломбо, пойтахти Шри-Ланка тақрибан 300 нафар хостори манъи филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” дар сартосари ҷаҳон шуданд ва аз Амрико тақозо карданд, ки барои навори ин филм дар қаламраваш маъзаратхоҳӣ кунад.

Эътирозҳо алайҳи филм дар Миср шурӯъ шуда, дар дигар кишварҳои Осиё, Ховари Миёна, Шарқи Миёна ва Аврупо то ҳол идома доранд. Бештари тазоҳурот ба бархӯрдҳо бо полис печиданд ва мунҷар ба ҳалокати дасти кам 28 нафар шуданд. Таркиши як мошини ҳомили маводи тарканда дар фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Кобул, ки аз сӯи як зани маргталаб анҷом шуд, 12 кушта бар ҷой гузошт. Нӯҳ нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ буданд. Дар эътирозҳо сафири ИМА дар Либия Кристофер Стивенс ва се амрикоӣ ҳам кушта шуданд.

Бори ахир ин гуна эътирозҳои густурда баъд аз эъломи рӯҳонии амрикоӣ Террӣ Ҷонс барои оташ задани нусхаи Қуръони Маҷид ва ошкор шудани нусхаҳои нимасӯхтаи китоби муқаддаси мусалмонҳо дар пойгоҳи Багроми Афғонистон рӯй дода буданд. Зимнан, пастор Террӣ Ҷонс яке аз продюсерҳои филми “Бегуноҳии мусалмонҳо”-ст ва дар маъракаи ҷамъоварии маблағ барои навори он ширкат кардааст.

ИҒВО, ДАСИСА, ХУСУМАТ...

Бархе аз коршиносон нашри филмро бо ин вожаҳо ташреҳ мекунанд. Ба иттилои шабакаи телевизионии СNN, аъзои гурӯҳи наворбардорӣ аз нияти аслии таҳиягару продюссерҳо бехабар буданд. Беш аз 80 нафаре, ки дар навори филм дар Калифорния ширкат доштанд, изҳор намуданд, ки онҳоро барои таҳияи филми камхарҷи таърихии бо номи “Размандаи биёбон” даъват карда буданд ва дар он дар бораи дини ислом ва паёмбари он ҳарфу ишорае набуд. Онҳо афзудаанд, филм аз нав садобардорӣ шуда ва таҳиягар онро аз роҳи тақаллуб монтаж ё бастакорӣ кардааст. Синди Ли Гарсиа, яке аз ҳунармандоне, ки дар филм нақш офаридааст, ахиран барои тақаллуб аз болои таҳиягару продюсерҳо ба додгоҳ шикоят бурда, низ хостори манъи пахши филм дар Интернет шудааст.

Ибтидо хабар дода шуд, ки филми “Бегуноҳии мусалмонҳо”-ро амрикоии яҳудинажод Сэм Басел таҳия кардааст. Аммо баъдан нашрияҳо навиштанд, таҳиягари филм Накула Басел Накула, як масеҳии зодаи Миср аст, ки қаблан дар ИМА барои тақаллуби молиявӣ ба 21 моҳи зиндон маҳкум шуда буд. Накула гуфтааст, ки филми зиддиисломиро ба хотири дифоъ аз коптҳои масеҳии Миср рӯи навор овардааст.

Аммо ҳадаф аз таҳияи филм бори дигар шӯронидани мусалмонҳост? Ва андешаи ҳукмрон дар зеҳнҳо, ки ба шӯр овардани пайравони дини ислом осонтар аст, то куҷо воқеист? Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, устоди Донишгоҳи шаҳри Кобул мегӯяд, «як сабаби даст ба тазоҳурот задани мусалмонҳо ин аст, ки дар кишварҳои исломӣ рӯҳи мазҳабӣ хело қавист ва ҳам фақиру ҳам доро дар мавриди дину мазҳаб хело ҳассосанд ва ягон хел тавҳину иҳонат ба муқаддасоти мазҳабияшонро қабул надоранд».

Дуюм, ба гуфтаи ӯ, хӯю хислати ҷуғрофӣ ҳам таъсиргузор аст. «Сеюм – Шарқи Миёна, ки он ҷо асосан кишварҳои мусалмонӣ ҷойгиранд, ҳамеша дар маркази тавтеъаҳои байнулмилалӣ қарор дошт ва он ҷо ақидае маъмул аст, ки гӯё Ғарб дар талоши заъиф сохтани минтақа ва зери суол бурдани таъриху фарҳанг ва ҳатто истиқлоли ин кишварҳост», мегӯяд донишманди афғон.

Аммо Чарлз Курзман, муҳаққиқи варзидаи масоили ислом ва муаллифи китоби “Шаҳидони гумном” мутмаин аст, “дар ҳамаи кишварҳо гурӯҳҳое хурде мавҷуданд, ки барангехтани онҳо осон аст. “Мо амалан, бо як гурӯҳи аҳмақе рӯ ба рӯ ҳастем, ки ҳар баҳонаро истифода бурда, мардумро бар зидди афроде, ки бад мебинанд, шӯр медиҳанд ва ин як мисоли дигари ҳамин бадбиниҳост”, мегӯяд ӯ.

Муҳаққиқ меафзояд, “ман фикр намекунам, ки мусулмонон аз ҳар гурӯҳи дигар дида, эҳсоси бештар дошта бошанд. Ба фикрам, дар ҳар кишвар гурӯҳи хурдеро метавон дид, ки ба ҳар гуна ҳамла эҳсос нишон дода, худро зери фишор мебинад. Шумораи ин эътирозгаронро бубинед, он хеле хурд аст. Дар миёни чандин миллион аҳолӣ онҳо ҳамагӣ чанд ҳазор ҳастанд. Дар муқоиса бо Баҳори Араб ин эътироз хеле хурд аст, вале он дар расонаҳои байналмилалӣ пӯшиши ҳаматарафа ёфтааст ва ба назар мерасад, ки онро аз будаш бештар нишон медиҳанд.”

ҶУЗЪИ "БОЗИИ БУЗУРГ"?

Наталя Зоркая, таҳлигари аршади Маркази Левадаи Маскав, навори филми “Бегуноҳии мусалмонҳо”-ро ҷузъи як “бозии бузург” мехонад ва мегӯяд, ки таҳрик додани ҳама гуна ҳиссиёти мазҳабӣ паёмади ногувор дорад. Ӯ аз қазияи гурӯҳи «Пусси Риот» ёдовар мешавад, ки як “ҳунарнамоияш” дар ибодатгоҳ эътирозҳои густурдаи пайравони калисои ортодокси русро ба бор овард ва мардум талаб карданд, ки ба хотири дифоъи калисо аз ҳамлаи “бехудоҳо” ва пайравони динҳои дигар “дружинаҳои мазҳабӣ” таъсис шаванд.

Дар ҳамин ҳол, Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд таҳрик ба эътирозҳоро ба гунае бо “шустушӯи мағзҳо” рабт медиҳад ва мегӯяд, бештари кишварҳои шарқӣ ба мушкили фақр ва бесаводӣ мувоҷеҳанд ва таҳрики каси бесавод назар ба шахси босавод осонтар аст. Ба гуфтаи ӯ, "агар сатҳи иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеъа боло бошад, метавонад аз тариқи гуфтугӯ, аз тариқи нашри мақолаҳо дар кулл як ҷавоби ғайриқаҳромезро ба муаллифони филм ва онҳое, ки аз филм ҳимоят мекунанд, бидиҳанд”.

Наталя Зоркая ҳам мегӯяд, ки дар бисёр мамолик, аз ҷумла, дар Русияву бештари кишварҳои шӯравии собиқ афроди камсавод ҳамеша пойбанди тарғиботи расмиянд. Ҷаҳонбинии онҳо танг аст ва аз ин рӯ ҳама гуна ташреҳи расмӣ, аз ҷумла, аз тариқи телевизионро ба осонӣ мепазиранд. Яъне, мегӯяд хонум Зоркая, «шустушӯи мағз»-и онҳо кори саҳл аст.

Ӯ меафзояд, бигирем, шабакаҳои давлатии телевизионии Русия аз ин вазъ дар ташреҳи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ истифода мебаранд: "Тарғиботи телевизионӣ он сӯ ҳаракат мекунад, ки афроди заифтар ва пойбанди давлатро бо онҳое, ки кӯшиши эътироз доранд ва хостори тағйиротанд, вориди бархӯрд кунад."

ПАЙТЕ БАРОИ ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВ

Саид Аҳмад Наҷиб мегӯяд, ки дар кишварҳои исломӣ “шустушӯи мағзӣ” асосан аз сӯи гурӯҳҳои ифротгарое чун “Толибон” ва “Ал-Қоида” сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ, “чунин як фазо беҳтарин фурсат барои гурӯҳҳои тундрав аст, ки мардумро таҳрик диҳанд ва ҳам афроди навро ба сафҳои худ ҷалб кунанд ва ҳам бо қиммати камтар амалҳои террористиро анҷом бидиҳанд."

Ҳамзамон ақидае низ иброз мешавад, ки филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” ба хотири аз дигар мушкилоти умдаи олам, аз ҷумла, бӯҳрони молиявӣ ва қазияи Сурия дигар сӯ ҷалб кардани таваҷҷуҳи мардум таҳия шудааст.

Дар ҳоле, ки эътирозҳо алайҳи филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” идома дорад, нашрияи фаронсавии Charlie Ebdo тасвирҳои ҳаҷвии Паёмбари исломро нашр кард. Коршиносон инро “рехтани равған рӯи оташ” номиданд, аммо нахуствазири Фаронса Жан-Марк Эйро аз ин тасмим пуштибонӣ кард ва гуфт, ки кишвараш ба озодии баён, аз ҷумла, аз тариқи тасвирҳои ҳаҷвӣ, арҷ мегузорад. Зимнан, мақомоти Фаронса баргузории намоишҳои эътирозӣ алайҳи филми “Бегуноҳии мусалмонҳо”-ро манъ кардаанд.

ДУШАНБЕ ЧАРО ХОМӮШ АСТ

Рӯзи чаҳоршанбе мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки дастрасӣ ба филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” аз тариқи интернетро қатъ кунанд. Додситонии кулли кишвар дар робита ба нашри ин филм дар торнамои YouTube тафтишот гузаронд ва эълом дошт, ки “дар ин филм нишонаҳои барангехтани низои мазҳабӣ ба чашм мерасанд ва аз ин рӯ пахши он аз тариқи интернет дар кишвар манъ аст”. Дар банди 31-уми Қонуни асосии Қирғизистон тарғиби нафрати мазҳабӣ ва даъват ба душманиву хушунат мамнӯъ шудааст. Аз ин пештар Додситонии кулли Русия ҳам эълом дошт, ки аз додгоҳ хостааст то дар мавриди манъи пахши филми зиддиисломӣ дар қаламрави кишвар ҳукм содир кунад.

Ба ҷуз Қирғизистон дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, ба филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” вокунише нишон надодаанд. Танҳо ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ бо пахши як изҳорот ин филмро маҳкум кардааст.