Путин: "Тамоми шартҳои Қирғизистонро қабул кардем"

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия (чап) бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев (рост)

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар шаҳри Бишкек гуфт, ки Русия тамоми шартҳои Қирғизистонро пазируфт.
Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Қирғизистон байни 2 кишвар чанд қарордоди муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид. Бар асоси ин созишномаҳо, замони ҳузури пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистон то соли 2032-юм тамдид шуда, Маскав ба бунёди нерӯгоҳи Қамбар-Ота ва ҳам 4 нерӯгоҳи дигар дар қисмати болоии рӯди Норин ваъдаи сармоя додааст.

Путин имрӯз, 20-уми сентябр, дар канори Бишкек бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев дар баробари шароити ҳузури пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистон ва ширкати сармояи русӣ дар бунёди нирӯгоҳҳои Қирғизистон, масъалаи 500 миллион доллар қарзи Бишкек аз Маскавро низ баҳс кардааст.

Путин дар оғози ин мулоқот гуфт: “Замона тағйир меёбад, вале равобити байни мардуми мо ҳемеша хуб боқӣ мемонад.” Путин гуфтааст, Маскав аз азми Бишкек барои пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ низ ҷонибдорӣ мекунад. Владимир Путин дар нишасти муштараки хабарӣ пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистонро "омили субот" дар ин ду кишвари ҳамсоя ва ҳам барои тамоми Осиёи Марказӣ номид.

Тибқи тавофуқ, Русия солона барои пойгоҳи Кант ба Қирғизистон 4,5 миллион доллар пули иҷора пардохт хоҳад кард, вале аз додани пули хадамоти коммуналӣ ва миқдори муайяни барқ озод хоҳад шуд. Қарордодҳои дигар марбут ба шароити ҷалби сармояи Русия барои сохтани нtрӯгоҳҳо дар Қирғизистон аст. Ин кишвар монанди Тоҷикистон бо вуҷуди доштани захоири азими об дар фар фасли сармо ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад.

Маскаву Бишкек дар мавриди шева ва шароити ҳамкорӣ дар ин масоил дар ҷараёни сафари рӯзи 21 августи муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов ба тавофуқ расиданд. Замони қарордоди 4 пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон дар соли 2017-ум ба поён мерасад. Қирғизистон монанди Тоҷикистон барои тамдиди замони ҳузури пойгоҳҳои Русия пули иҷора мехост, вале ду ҷониб усулан тавофуқ кардаанд, ки баъд аз соли 2017 ин пойгоҳҳо барои 15 соли дигар бо пардохти 4,5 миллион доллар пули солонаи иҷора иҷозаи ҳузур пайдо мекунанд, вале аз пардохти ҳаққи хадамоти коммуналӣ ва ҳатто пули барқ озод хоҳанд шуд.

Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон чанде пеш ба баррасии тарҳи қарордоди низомии ду кишвар шурӯъ кардааст. Нурлан Торобеков – узви кумитаи равобити байналмилалии Жогорку Кенеш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тарҳ нуқтаҳои зиддунақиз зиёд дорад, вале ба сурати умум қобили қабул ҳаст: “Баҳсбарангезтарин нуқтаҳои тарҳи қарордод масъалаи пули иҷора барои пойгоҳи Кант ва эътои масунияти низомӣ ба ин пойгоҳ аст. Вақте Маркази ҳамлунақли транзитии НАТО чунин масуният надорад, аз рӯи инсоф нест, агар мо айни масуниятро ба Кант надиҳем. Аксари вакилон аз ин пешниҳод пуштибонӣ карданд. Ҳарчанд мухолифин ҳам буданд.”

Бино ба хабарҳо, дар ивази чунин гузашт Маскав бояд ҳудуди 500 миллион доллар қарзи ҷамъшудаи Қирғизистонро ботил кунад. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Айданбек Аҳмад-уулу мегӯяд, қарор аст, 190 миллион доллар аз ин қарз билофосила ва 300 миллиони дигараш баъд аз соли 2016 батадриҷ дар муддати 10 сол бахшида шаванд.

Қирғизистон, ки мисли Тоҷикистон ба фарқ аз 3 кишвари дигари Осиёи Марказӣ газу нафт надорад ва дар фасли сармо низ ба камбуди шадиди нирӯи барқ дучор мешавад, дар ивази додани макон ба пойгоҳҳои низомии Русия ба ҷалби сармояи он кишвар ба сохтмони нирӯгоҳҳояш сахт умед бастааст. Раиси ин ҷумҳурӣ Алмосбек Отамбоев рӯзи 12 сентябр дар парлумон гуфт, Русия омода аст, дар рӯди Норин ба ҷои 4 нерӯгоҳ 8 нерӯгоҳ бино кунад: “Баъди онки ширкати русии “Русгидро” аз азми Чин барои харидории нерӯи барқи Қирғизистон дарак ёфт, ҷониби Русия тасмим гирифт, то шумори нирӯгоҳҳои нақшавӣ дар ин рӯдхонаро ду маротиба биафзояд.”

Аммо муҳимтарин тарҳи энержии Қирғизистон, албатта, нерӯгоҳи Қамбар-Ота -1 аст, ки ба мисли Роғун ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноб, ба хусус Узбакистон дучор шудааст. Раиси он ҷумҳурӣ Ислом Каримов ҳафта пеш ҳушдор дода буд, ки бунёди Роғун ва Қамбар-Ота метавонад ҳатто мунҷар ба низоъи низомӣ дар минтақа шавад. Барои сохтани Қамбар-Ота тақрибан 2 миллиард доллар сармоя лозим будааст.

Собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Мирослав Ниёзов мегӯяд, воқеан кишварҳои поёноб аз бунёди нерӯгоҳҳо хушҳол нахоҳанд шуд, вале Қирғизистон интихоби дигар надорад: “Узбакистон зид аст, аммо мо роҳи дигар надорем. Сарвати мо об аст. Об бояд мол бошад. Узбакистону Қазоқистон газу нафт доранду Тоҷикистону Қирғизистон об. Бояд бо роҳи мутамаддин ихтилофҳо ҳал шаванд. Бо роҳи таҳдид ин масъала ҳал намешавад.”

Билохира, Путин ба Қирғизистон кумак дар қабули ин кишвар ба Иттиҳоди Гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистонро ваъда дод.
Мақомоти Қирғизистон аз натиҷаҳои сафари президенти Русия хеле хушҳоланд. Собиқ вазири умури хориҷии Қирғизистон Аликбек Ҷекшенқулов мегӯяд, “санадҳои имзошуда ба нафъи ҳар ду тарафанд. 20 сол боз дар бораи силсилаи нерӯгоҳҳои Норини боло ҳарф зиёд буду коре анҷом намешуд. Умедворам, ин санад татбиқ мешавад ва ба манфиати мардум ва иқтисоди Қирғизистон хидмат мекунад.”

Шояд аксарият сафари президенти Русия ба Тоҷикистон дар соли 2004-умро дар хотир дошта бошанд. Он замон ҳам Русияву Тоҷикистон ба маблағи миллиардҳо доллар созиш имзо карданду Русия тавассути ширкати Русал бунёди нерӯгоҳи Роғунро бар дӯш гирифт, вале тавре вақт нишон дод, аксари ин созишҳо аз ҷумла бунёди Роғун аз тарафи Русия фақат дар коғаз монданд.

Хуллас, вақт нишон хоҳад дод, ки Қирғизистону Русия аз созишҳое, ки рцзи 20-уми сентябр ба он даст ёфтанд, чӣ суде мебардоранд.