БДА аз сокинон "изи ангушт" металабад

Акс аз бойгонӣ

Гирифтани изи ангушт дар БДА, ки ахиран аз корафтодагон тақозо мешавад, бархеро ҳайрону баъзеро ҳаросон намудааст.
Ҳоло дар бархе аз идораҳои расмии Тоҷикистон аз корафтодагон из ё пайи ангушти онҳо тақозо мешавад. Ин иқдом, ки ахиран рӯи даст гирифта шудааст, бархе аз сокинонро нигарон карда, ки далелашро то ҳол намедонанд. Зеро ба қавли ҳамсӯҳбатони мо изи ангушт дар даврони Шӯравӣ танҳо аз афроди гумонбар ё мазнун дар ҷиноят гирифта мешуд.

Саида Каримова, сокини 24-солаи пойтахт, чанде пеш барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ таҳсил кард. Аммо аз ӯ масъулони бахши имтиҳоноти Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) талаб намудаанд, то дар баробари аксу нусхаи шиносномааш бояд маълумотномаи дактилоскопӣ низ пешниҳод кунад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, "аз имтиҳони ронандагӣ гузаштам, аммо гуфтанд, ки ҳатман изи ангуштонамонро низ супорем. Он ҷо одам чунон зиёд буд, ки мо панҷ соат интизор шудем. Изи ангуштони маро гирифтанд ва гуфтанд, ки баъд аз ду рӯз оед. Танҳо баъд аз гирифтани маълумотномаи дактилоскопӣ иҷозаи гузаштани қадамҳои дигар барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ дода мешавад."

Мақомот: "Ҷойи нигаронӣ нест"

Мақомот мегӯянд, гирифтани изи ангушт аслан ҷои нигаронӣ надорад, балки дар аксар кишварҳои дунё як амали маъмулӣ шудааст, ки таҳқиқи парвандаҳо ва ҳамин тавр, шиносоии афродро дар сурати ягон фалокат осон мекунад. Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон пеш аз қабули имтиҳони ронандагӣ аз донишҷӯён пешниҳоди маълумотномаи дактилоскопиро, ки ворид шудани изи ангуштони онҳоро ба шабакаи вазорати умури дохилӣ тасдиқ мекунад, талаб менамояд. То ин ки ба ин васила изи ангуштони ронандаҳои минбаъда ба хазинаи изҳои ангуштони сокинони кишвар ҳамроҳ шавад.

Фирӯз Саидов

Шӯъбаҳои умури дохилӣ, ки масъулияти гирифтани изи ангуштро доранд, барои ин кор 5 сомонӣ нарх муқаррар кардаанд. Айни ҳамин корро вазорати умури хориҷа низ зимни додани шиносномаи хориҷӣ анҷом медиҳад. Сӯҳроб Мирсаидов, муовини раиси Раёсати ташхиси криминалистии ВУД, мегӯяд, танҳо дар 8 моҳи соли 2012-ум изи ангушти беш аз 30 ҳазор гирифта шудааст. Сабаби афзудани теъдоди ин нафарон, дар талаби маълумотномаи дактилоскопӣ дар ниҳодҳои мухталиф гуфта мешавад. Ҷаноби Мирсаидов афзуд, тибқи қонун дар бораи ба қайдгирии дактилоскопӣ, ки дар соли 1999-ум қабул шудааст, шаҳрвандони Тоҷикистон ихтиёрӣ ва ба таври ҳатмӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Ба қавли Сӯҳроб Мирсаидов, гирифтани изи ангуштон аз соҳибони яроқҳои оташфишон ва травматикӣ иҷборӣ будааст. Вай илова кард, “изи даст ва кафи даст барои муайян кардани шахсияти инсон хеле мусоид аст. Ҳамчунин барои ҷустуҷӯйи одамони гумшуда, ҷасадҳои ношинохта шуда ва кушодани ҷиноятҳо кӯмак мекунад."

Хазинаи бузурги изи ангушт

Сӯҳроб Мирсаидов афзуд, то ҳанӯз мардум зарурати гирифтани изи ангуштро чандон хуб дарк накардаанд, аз ҷумла ба маҳзи фаҳмиши бозмонда аз замони Шӯравӣ, ки ин корро марбут ба танҳо нафарони ҷинояткор медонист. Дар вазорат аз ҳоло як хазинаи бузурги изи ангуштон ҷамъ шудааст, ки ҳамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ метавонанд аз он истифода баранд. Вале мақомоти вазорат шумори изҳои ҷамъшударо маълумоти сиррӣ меноманд.

Фирӯз Саидов, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, гирифтани изи ангушти шаҳрвандон дар ҳамаи кишварҳои пешрафта таҷриба мешавад ва ба ташхиси фаврии шахсият кумак мекунад. Ба қавли ӯ, нусхабардорӣ шудани изи ангуштон як навъ масъулияти шаҳрвандонро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро ба эҳтиёткорӣ ва худдорӣ аз содир кардани ҷиноятҳо талқин мекунад: "Баъзеҳо шояд инро нақзи ҳуқуқи инсон ном баранд, аммо содир намудани ҷиноят ҳам нақзи ҳуқуқ аст. Ба низом даровардани қайди дектолоскопӣ, амнияти давлатро таъмин мекунад.”

Аммо бисёриҳо мегӯянд, гирифтани изи ангушт дар шӯъбаҳои маҳаллии милиса ба маҳзи набуди таҷҳизоти муосир бо ҳамон усули бобоӣ, яъне бо молидани ранг ба панҷаҳо ирифта меашвад, ки ба осонӣ шуста намешавад.