Тақрибан дар ҳар ҷашну ид ба афсарони Вазорати умури дохила, Вазорати дифоъ ва ниҳодҳои қудратии дигар рубтаи генералӣ тақдим мешавад.
Масали роиҷе ҳам ҳаст, ки «агар хоҳӣ зуд ба рутбаи генералӣ бирасӣ, Тоҷикистон бирав.»
Полковники Вазорати дифои Тоҷикистон Хайрулло Ҳайдаров: мегӯяд, «Агар ҳукумат хоҳад дар як рӯз ба шумо рутбаи генералӣ медиҳад, ҳарчанд барои расидан ба рутбаи генералӣ барои як афсар 20 сол зарур мешавад».
Ба қавли коршиносони низомӣ, Тоҷикистон бо қиёс ба гузаштаи кӯтоҳи низомии худ, ки ҳамагӣ 20 солро дар бар мегирад, он қадар генерали зиёд дорад, ки бахши аъзамаш аз нигоҳи шоистасолорӣ шояд сазовори чунин унвони баланд нестанд.
Вале дар ҳоли ҳозир зоҳиран як тартиби муқаррари “сабзидан” бо ин рутбаи баланд дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Полковник Хайрулло Ҳайдаров мегӯяд, меъёри расидан ба генералӣ дар гузашта бисёр сангин буд:
«Бубинед барои аз лейтенантӣ ба лейтенанти калон ва аз он ба капитан расидан 10-12 сол лозим буд, аз капитан то майор як марҳилаи бисёр вазнин буд. Афсарони касбӣ то 10 сол талош мекарданд, ки ба майорӣ расанд ва аз он ба подполквоник 4 сол ва аз он ба полковникӣ 4 соли дигар лозим буд. Баъд барои генералӣ талош карда мешуд, ки агар қаҳрамоние нишон дода бошед ва бар
замми ин академияи низомиро хатм мекардед, онгоҳ соҳиби ин рутбаи мешудед. Яъне, ин бисёр марҳилаи вазнин аст, аммо академияҳои он давра ба академияи низомии ҳозира монанд набуд, тартиб ва таҳсил дар онҳо бисёр қавӣ буд. Ҳоло агар ҳукумат хоҳад, дар байни як рӯз унвони генералӣ медиҳад».
Ба ҳисоби бархе манобеъ, танҳо дар солҳои нооромӣ, яъне то соли 1998 то 32 нафар дар Тоҷикистон соҳиби рутбаи генерал шудаанд. Ҳарчанд ин рақамро вазорати дифоъ ва ниҳодҳои дигари қудратии кишвар тасдиқ намекунанд.
Ҳоло ҳам омори расмие нест, ки Тоҷикистон чанд генерал дорад. Ин рутбаро ба афсарони ниҳодҳои мухталифи қудративу амниятӣ, сар карда аз вазорати дифоъ то умури дохила, амният, нерӯҳои марзбонӣ, Горди миллӣ, Додситонӣ, Додгоҳи олӣ ва ҳатто ба вазорати адлия медиҳанд.
Шумори генералҳо дар кишвар бахусус баъди ҷанги шаҳрвандӣ ва аз ҳисоби фармондеҳони маҳаллӣ зиёд шуд. Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов, Маҳмадрӯзӣ Икандаров, Мирзо Зиёев ва чандин генерали дигари тоҷик таҳсилкардаи кадом мактабу академияи низомӣ набуданд ва тахассуси низомӣ надоштанд, балки дар ивази хидматҳои хосашон дар даврони ҷанг, якбора соҳиби ситораҳои бузург дар пагонҳо шуданд.
Маҳдӣ Собир, коршиноси масоили низомӣ мегӯяд, ки теъдоди зиёди генералҳо дар Тоҷикистон ба вазъи ин кишвар дар мароҳили хос вобастагӣ дорад. Зеро ҷанги шаҳрвандӣ як шароитеро пеш овард, ки баъзе аз фармондеҳҳо сарфи назар аз тахассус, барои дарёфти рутбаи генералӣ ҳавас мекарданд ва бо истифода аз нуфузи худ ба ин рутба осонтар соҳиб мешуданд:
«Агар дар Тоҷикистон ҷанг намешуд, шояд имрӯз мо чаҳор генерал медоштем, лекин ҷанги шаҳрвандӣ вазъро дигар кард. Шароити ҷанг дигар аст, бубинед
Ёқуб Салимов ва аз тарафи оппозитсиюн як гурӯҳи дигар зуд соҳиби рутбаи генералӣ шуданд. Яъне ин афрод аз рӯи зарурат буд, азбаски вазъи ҷангӣ буд ба хотири сулҳу оромиш чунин иқдом шудааст. Ҳоло афсарони соҳибтахассус ҷалб шуда истодаанд ва рутбаи генералиро ба афроде медиҳанд, ки воқеан хизмат кардаанд.»
Майори вазорати дифоъ Фарҳод Ибодуллоев ҳам мегӯяд, ки тайи як даҳсолаи ахир масъалаи гирифтани рутбаи низомӣ ҷиддитар шуда, бештар онҳое ба чунин унвон даст меёбанд, ки собиқаи тӯлонии кор доранд ва академияро низ хатм кардаанд.
«Ман афсари вазорати дифоъ ҳастам, барои ин 9 сол дар ин система кор кардаам. Вақте, ки ба ин рутба пешбарӣ шудам, комиссияи махсус дар назди вазорати фаъол аст ва аз санҷиши ҷиддӣ мегузаронад ва дар он раҳбари раёсат ширкат мекунад. Онҳо ҳатман мебинанд, ки дар ин муддат ҷиноёте содир шудааст ва чӣ гуна хизмат кардааст, кадом омӯзишгоҳ ва ё донишгоҳи ҳарбиро хатм кардааст ин ҳам пурсида мешавад.»
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки барои расидан ба унвони генералӣ бояд чаҳор сол ҳамчун подполковник ва чаҳор соли дигар бо рутбаи полковникӣ хизмат кард ва танҳо баъдан муддаии рутбаи генерал шуд.
Ба ҷуз ин, боз вазифаҳое дар ниҳодҳои қудратӣ ҳастанд, ки фармондеҳи он бояд рутбаи генералӣ дошта бошад. Масалан сардорони ситодҳои вазоратҳои қудратӣ ҳатман соҳиби унвони генерал майор мешаванд. Вале мавридҳое ҳам кам нест, ки бархе афсарони ба истилоҳ “соҳибдор” якбора чанд рутба боло мепаранд ва хеле пештар аз дигарон ба марраи генералӣ мерасанд.