Эҳёи "Роҳи Абрешим" - аз созишнома то амалкард

Аз замони оғози тарҳи эҳёи Шоҳроҳи Абрешим, ки бо ташаббуси Амрико пешниҳод шудааст, як сол гузашт.
Ҳадафи аз пешниҳод барои эҳёи Роҳи Абрешим, тақвияти тиҷорат миёни Афғонистону кишварҳои ҳамсояааш аст, ки баъди ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014 бешак ба кӯмакҳои бештар мӯҳтоҷ мешавад. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, дар минтақа зербунёдҳои нав ба мисли роҳи оҳану лӯлаҳои газ ва шабакаҳои нави интиқоли нерӯи барқ бунёд шавад, ки Афғонистонро бо кишварҳои давру бари он бипайвандад.

Бо тиҷорат ва додугирифти бештар бо ҳамсояҳо, Афғонистон метавонад, норасоии кӯмакҳои хориҷиро ҷуброн кунад, ки баъди тарки нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014 эҳсос хоҳад шуд. Кишварҳои ҳамсоя низ бо ширкати фаъол дар тиҷорат ва ҳамкориҳои минтақавӣ метавонанд, дар эҳёи иқтисоди нимҷони Афғонистон мусоидат кунанд ва худ низ аз тавсиаи тиҷорат баҳра баранду ба густариши ифротгароӣ дар Афғонистон ва сирояти он ба қаламравҳои худ монеъ шаванд.

Барои иҷрои тарҳҳо дар чаҳорчӯби ташаббуси Роҳи Абрешим, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва сармоягузорони хусусиву ҳукуматҳо кӯмак мекунанд. Қарор ҳамин моҳ, намояндагони кишварҳову созмонҳои саҳим дар шаҳри Ню- Йорк дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид як ҷо ҷамъ омада ва аз пешрафтҳои то кунун ба даст омада сӯҳбат кунанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, то кунун дар доираи ин ташаббус ба дастовардҳое дар заминаи иртиботи минтақавӣ ноил шудаанд, аммо рақобату фасод дар кишварҳои Осиёи Миёна ва беэътимодӣ монеъи иҷрои дигар барномаҳо шудаанд. Ба гуфтаи Фредерик Старр, мудири Пажӯҳишгоҳи Осиёи Миёна ва Қафқоз дар Донилгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико, дастовардҳое то кунун дар заминаи иртиботҳои минтақавӣ будааст, аммо на ба ҳадди кофӣ. Аз ҷумла дар тарҳи бунёди лӯлае, ки гази Туркманистон аз тариқи хоки Афғонистону Покистон то ба Ҳинд мерасонад.

Баҳори имсол созиш дар бораи лӯлаи 8 миллиардолларӣ ҳосил шуд, аммо сармоягузорон аз тарси ноамниҳо дар Афғонистону Покистон чандон мойил нестанд барои иҷрои он пул бидиҳанд. Ба гуфтаи Фредерик Старр Амрико метавонист, нишон бидиҳад, ки ин тарҳи бузург ва дигар тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, роҳи оҳану хатҳои интиқоли барқ шуданианд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз роҳҳои хуби нишон додани бақои чунин тарҳҳо, шурӯъ аз тарҳҳои кӯчак аст:

“Як масъалаи муҳим дар кӯтоҳмуддат боз кардани гузаргоҳҳои муҳим ба дохил ва хориҷи Афғонистон аст. Масалан чаҳор ё 5 гузаргоҳ, ки метавон ба осонӣ ва зуд боз кард. Аз ин роҳҳо фурӯшандагони пахта аз Осиёи Марказӣ садҳо мошинро аз тариқи қаламрави Афғонистон ба бандарҳои Гвадар, Карочи ва Чоҳ Баҳор ва Бандар Аббос мефиристоданд. Дар сурати иҷрои муваффақи кӯтоҳмуддат, эътимод ба тарҳҳои миёнамуддат меафзояд ва дар навбати худ, майлу боварӣ ба иҷрои барномаҳои дарозмуддат боло меравад. Ин корро то кунун накардаанд.“

Амрико дар навбати худ имзои созишномаи тиҷорати транзитӣ миёни Афғонистону

Шаҳри Кошғар дар Чин дар масири Роҳи Абрешим қарор дорад.

Покистонро мисол меорад, ки чанде пеш имзо шуд ва дар сурати иҷрои комил имкон медиҳад, молҳои афғонӣ ҳарчӣ зудтар ба бозорҳои хориҷӣ роҳ ёбанд. Иёлоти Мутттаҳида ҳамчунин аз ҳаракатҳои ахири Покистону Ҳинд барои тиҷорати бештар ибрози хушнудӣ кард ва ҳам аз созишномаҳои миёни Афғонистону Қирғизистону Тоҷикистон барои бунёди роҳҳои иртиботӣ.

Аммо созишнома дигаранд ва амалкардҳо дигар. Дар амал монеаҳои расмӣ, ришвахорӣ ва боҷситониҳои зиёд, монеъи тиҷорати муносиб дар кишварҳои минтақа мешавад. Аз ҷумла дар Покистон борҳои Афғонистонро гоҳ гоҳе барои моҳҳо нигаҳ медоранд, то кадом як ҷанҷоли дигаре рафъ нашавад. Дар марзҳои Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон ҳам вазъ аз ин бадтар аст. Маҳмуд Бобохонов як ронандаи мошини боркаш мегӯяд, мақомоти Қирғизистон чунин фикр мекунанд, ки ҳамаи тоҷикон қочоқбари маводи мухаддиранд ва ҳатто аз ҳар мусофири тоҷик барои вуруд ба хоки Қирғизистон пул талаб мекунанд.

Дигар аз мушкили асосӣ дар Осиёи Марказӣ муносибати бади миёни кишварҳои минтақа аст, ки ба гуфтаи Себастиян Пейро, таҳлилгар дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, Иёлоти Муттаҳида абзоре барои тармими онҳо надорад: “Аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳам равобити бад доранд. Масалан Тоҷикистон мехоҳад ба Афғонистон нерӯи барқ бифурӯшад, вале Узбакистон аз он тараф ба Кобул фишор меорад, ки аз Тоҷикистон нерӯи барқ нахарад. Танишҳои зиёде миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷуд аст, ки барои ҳамкории бештар бо Афғонистон воқеан мушкил эҷод мекунанд.”

Аммо бо вуҷуди ин ҳама, мақомоти Амрико бовар доранд, ки тарҳи Роҳи Абрешим шуданист. Роберт Блейк, дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мегӯяд, дигар суол ин нест, ки оё метавон Роҳи абрешимро эҳё кард, балки он аст, аз кадом роҳу имконот метавон пайванди кишварҳои минтақаро бо ҳам қавитар намуд.