Аз як маҳбаси Мексика зиндониён гурехтаанд

Бештар аз 30 зиндонӣ аз як маҳбаси Мексика ва дар наздикии марзи Амрико фирор кардаанд. Мақомот мегӯянд, зиндониён аз тариқи як нақби зери зиндони аёлати Коаҳулияи Мексика гурехта ва ғайб задаанд. Бино ба баъзе гузоришҳо, теъдоди зиндониёни фирорӣ ба 100 нафра мерасад. Мексика мақомоти Амрикоро аз ин ҳодиса огаҳ карда ва хостаанд, дар боздошти онҳо дар сурати убури марз кӯмак кунанд. Соли 2010 аз зиндоне дар Мексика 140 нафар фирор карда буданд. Кишваре, ки дар он гурӯҳҳои қочоқбари маводии мухаддир бо ҳам бераҳмона ҷанг мекунанд.