"Бегуноҳии мусалмонҳо" дар Русия мамнӯъ мешавад

Эътироз алайҳи филм дар Покистон

Филми “Бегуноҳии мусалмонҳо"-и тавлиди Амрико метавонад дар Русия ба феҳристи филмҳои ифротгароёна шомил шавад.

Додситонии кулли Русия дар бораи ифротгароёна хондани филм ба додгоҳ ариза пешниҳод хоҳад кард. Намояндаи расмии Додситонии кулли Русия Мария Гриднева хабар дод, ки дархост ба додгоҳ дар пояи тафтиши пайдо шудани филм дар интернет таҳия хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, провайдерҳо аллакай огаҳ карда шудаанд, ки аз пахши ин филм дар Русия худдорӣ кунанд.