Фармондеҳи аршади Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳузури мушовирони баландпояаш дар Сурияву Лубнонро тасдиқ кард.
Генерал Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ бидуни ироаи ҷузъиёти зиёд ба хабарнигорон гуфт, аъзои нирӯи Қудс ҳамчун мушовир муддати тӯлоние дар Сурияву Лубнон будаанд. Шореҳон ин баёнияро аломати рӯшани кӯмакҳои мустақими Эрон ба муттаҳидони асосиаш дар ҷаҳони Араб – режими Башор Асад ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон меноманд.
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар нишасти хабариаш дар Теҳрон дар посух ба ин суол, ки агар ба режими Димишқ ҳамлаи низомӣ шавад, оё Эрон ба кӯмаки ин муттаҳиди калидиаш дар Ховари Миёна хоҳад шитофт ё на, гуфт, ин бастагӣ ба шароит хоҳад дошт.
Генерал Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ афзуд, Теҳрон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки кӯмакҳои низомиаш ба хотири ҳифзи режими Башор Асадро тақвият диҳад ё хайр. Аммо ӯ афзуд, ҳузури аъзои нирӯи Қудс дар Сурияву Лубнон ба маънои ҳузури низомии Эрон дар он кишварҳо нест, балки дар сатҳи мушовирони низомӣ маҳдуд мешавад: “Ба далели шароити хосе ки дар минтақа ва дар кишварҳои Сурия ва Лубнон вуҷуд дошт, теъдоде аз нирӯҳои Қудс дар онҷо ҳузур доштанд. Аммо ин ба манзалаи ҳузури низомии мо дар онҷо нест.”
Қаблан Исмоили Қонӣ, муовини фармондеҳи нирӯи Қудс дахолати нирӯҳои низомии Эрон дар ҳаводиси Сурияро эътироф кард, вале гуфт, ин дахолат ба хотири пешгирӣ аз куштори мардум буд. Дар поёни моҳи август генерал Солор Обнӯш, фармондеҳи Соҳибуламр – бахши дигари нирӯҳои Сипоҳ низ бидуни овардани ҷузъиёт дахолати Эрон дар низоъи Сурияро ба гунае тасдиқ карда буд. Акнун фармондеҳи Сипоҳи посдорон мегӯяд, ки Теҳрон ба Сурия кӯмакҳои фикриву машваратӣ расондааст ва бо ин ифтихор ҳам мекунад.
“Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ва давлати Башор Асад, ки пайрави равияи алавии мазҳаби шиъа аст, ду муттаҳиди аслии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ховари Миёна маҳсуб мешаванд.
Кишварҳои Ғарб ва мухолифини суриёӣ Эронро ба ироаи ёриҳои низомӣ ва тамрини нирӯҳои Сурия барои саркӯб кардани ошӯбҳои зидди режими Асад, ки дар 18 моҳ беш аз 20 000 кушта ба ҷо гузоштааст, айбдор мекунанд.
Чирикиҳо дар аввали моҳи август 48 эрониро аз як автобус дар Димишқ рабуданд. Теҳрон мегуфт, мусофирони автобус зоироне ҳастанд, ки қасди зиёрати масҷиди барои шиъаҳо муқаддаси Саида Зайнабро доштанд. Аммо Артиши ҳуррияти Сурия бо нашри шиносномаҳои чанде аз асирон иддао дошт, ки як бахши онҳо аъзои собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронанд. Дар ниҳоят, вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ низ ҳузури афсарони собиқ дар миёни ин асиронро иқрор кард, вале гуфт, онҳо бознишаста шудаанд ва ба хотири зиёрат ба Сурия рафта буданд.
Нирӯи Қудс бахши вижаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломист, ки ба хотири “содирот”-и инқилоби исломӣ таъсис ёфта, исмаш низ аз номи шаҳри Байтулмуқаддас гирифта шудааст. Дар ҳоли ҳозир, ин нирӯ масъулияти амалиётҳои хориҷии Сипоҳро бар ӯҳда дорад. Нерӯи Қудс мустақиман тобеи раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаист ва шумори аъзояш то 15 000 нафар тахмин зада мешавад. Ин воҳиди низомӣ дар гузашта ба таъмини таслиҳот ва тамрини ҷангиёни шиъа дар Ироқу гурӯҳи ситезаҷӯи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ва ҳатто ба иртиботот бо шабакаи террористии Ал-Қоида ҳам айбдор мешуд.
Ба сурати умум, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки ба хотири дифоъ аз низоми исломии Эрон ташкил шудааст, бо тақрибан 125 000 сарбозу афсар, як будҷаи хеле бузургу тақрибан хориҷ аз назорати давлат ва нуфузе ки бар раҳбарони рӯҳонии Эрон дорад, пурнуфузтарин нирӯи низомӣ дар Ҷумҳурии исломӣ ба шумор меояд. Ҳарчанд шумори нирӯҳои артиши Эрон назар ба Сипоҳ хеле бештар аст, бархе шореҳони низомӣ боз ҳам Сипоҳи посдорони инқилобро аз нигоҳи иқтидори низомиву таслиҳотӣ ва нуфуз назар ба артиши давлатӣ хеле боло мегузоранд.