Эрон расман эълом дошт, ки мушовирони низомияш дар Сурия ва Лубнон фаъолият мекунанд. Генерал Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ, фарондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба хабарнигорон гуфт, гап сари афсарони воломақом меравад, ки солҳои зиёд боз дар ин кишварҳо ҳузур доранд.
Эрон аз ҳампаймонҳои асосии Сурия дар Ховари Миёна маҳсуб мешавад ва аз гурӯҳи шиамазҳаби лубнонии “Ҳизбуллоҳ” пуштибонӣ мекунад. Аз ин пеш расонаҳои ғарбӣ дар бораи кӯмакҳои гуногуни Теҳрон ба режими Башор Асад хабар медоданд ва аммо мақомоти Эрон ҳузури мушовирони низомии кишвар дар Сурияро ошкор намекарданд.