Рӯзи сиёҳи "тиллои сафед"-и тоҷик

Пахта баъди алюминиум дуввумин моли содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки умдатан бо заҳмату обилаи дасти деҳқон ҷамъоварӣ мешавад.
Пас аз истиқлоли Тоҷикистон дар замони бебандубориҳои сиёсиву иқтисодӣ, деҳқонони пахтакори кишвар аз сармоягузорони соҳа - ширкатҳои фючерсӣ – ҳудуди 400 миллион доллар қарздор шуданд ва дар ниҳоят ҳукумат маҷбур шуд, қарзи онҳоро бахшад. Пас аз ин сабукӣ, деҳқонон нафаси тоза кашиданд, бахусус вақте ки дар соли 2010 қимати пахта дар биржаи Ливерпул то 4 ҳазор доллари амрикоӣ боло рафт ва онҳо фоидаҳои хубе ба даст оварданд.

Аз ин хотир, бино ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар соли 2011 дар қиёс бо 300 ҳазор тоннаи соли 2010, ҳосили пахта афзуд ва ба 380 ҳазор тонна расид. Аз ин ҷамъ фақат 103 ҳазору 465 тонна нах ба хориҷ фурӯхта шуд, аммо на ба нархе, ки интизор мерафт. Нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ то 2 ҳазор доллари амрикоӣ поён рафт. Ҳам деҳқон ва ҳам корхонаҳои пахта, зиён диданд.

Сулаймон Қурбонов, деҳқоне аз ноҳияи Бохтар ду рӯз ба ин сӯ пахта ҷамъ мекунад, аммо ҳосилро дар як кунҷи замин тал мезанад. Вай мегӯяд, корхонаи коркарди пахта қиматеро пешниҳод кардааст, ки ба деҳқон фоидае намемонад:
«Соли гузашта ҳар тонна пахтаро якбора 780-долларӣ ба корхона супорида будем. Имсол ҳам қабул карда истодаанд, аммо бо нархи паст. 500 доллар мегӯянд. Агар хароҷоти имсоларо гирем, мо зиёни калон мебинем. Маҷбурем, ки пули мардумро аз кисаи худ диҳем.»

Сулаймон моҳи апрел пахта кишт. Ҳар моҳ ду маротиба об дода, аз панҷ ду чобуқи аввалро бо шариконаш дастӣ иҷро кард. Вай мегӯяд, тухмии имсола хуб наомад ва ҳам як жолаи моҳи май ба рушди рустанӣ таъсири манфӣ расонд.
Ҳоло бо гузашти ду рӯз аз шурӯъи пахтачинӣ Сулаймон ва шариконаш аз ҳар ҷӯяк 30 – 35 халта пахта берун меоранд, дар ҳоле ки соли гузашта ин рақам 40- 45 халтаро ташкил медод. Ҳамзамон имсол қимати ҳар халта карбамид – доруи асосии нашъунамои пахта - аз 82 сомонии соли гузашта ба 165 сомонӣ баробар
шуд. Сулаймон мегӯяд: «Соли гузашта доруро арзон гирифта, пахтаро қиматтар фурӯхтем. Имсол дору қимат аст, аммо пахтаро арзон кардаанд. Акнун намедонем, чӣ кор кунем.»

Аммо Сулаймон дар қиёс бо дигар деҳқонон муваффақтар буд, ки саривақт як тон пахтаашро ба 780 доллар фурӯхт. Қодир Қаҳҳоров, деҳқоне аз Масчоҳ мегӯяд, 5 тонна пахтаи хомашро ба ширкати «Олими Каримзод» супурд, аммо то ба ҳол наметавонад маблағи худ, ҳудуди 2 ҳазор долларро бигирад: «Қариб 30 маротиба ба корхона ва се шаб ба хонаи масъули ширкат рафтам. Мегуфтанд, ки ҳоло моламонро нафурӯхтаем, дар бозори ҷаҳонӣ моли мо ба савдо нарафта истодааст».

Соли гузашта Тоҷикистонро қазияи Толибҷон Давлатов, табибе аз Шаҳринав такон дод, ки ба нишони эътироз ба фишори мақомот алайҳи модараш хуро бо корд зад. Аммо модари ӯ ба далели ин, ки барои парваришу ҷамъоварии пахта ранҷи зиёд кашида буд, мехост онро дар хона нигоҳ бидорад ва дар поёни мавсим бо нархи гаронтар фурӯшад. Масъулин ӯро таҳдид мекунанд, ки иҷрои нақшаи пахтаи ноҳия дар хатар асту пахтаашро зуд бисупорад. Толибҷон аз дидани ранҷи модар таҳти фишори масъулин тоқат накарда, худро дар пеши чашми ин мақомот бо корд зад.

Тавре ба назар мерасад, имсол ҳам деҳқони пахтакори Тоҷикистон аз натиҷаи ҳосили худ баҳра нахоҳад бардошт. Дар ҳоли ҳозир, қимати як тонна нахи пахта дар бозори Ливерпул 2000 долларро ташкил мекунад ва корхонаҳои Тоҷикистон эълон кардаанд, ки пахтаро аз деҳқонон метавонанд танҳо ба 500 доллар харидорӣ кунанд.

Зуҳуриддин Кенҷаев, сарвари Раёсати савдои хориҷӣ ва дохилии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ҳукумат ҳаққи дахолат ба муомилоти корхонаҳои пахта ва деҳқонони пахтакорро надорад. Вай афзуд, корхонаҳо бар асоси нархи ҷаҳонӣ тасмим мегиранд, ки аз пахтакор пахтаро ба чӣ қимат гиранд: «Деҳқонон ба корхонаҳо пахтаи хом медиҳанд ва ахириҳо дар навбати худ ба бозори ҷаҳонӣ нах мебароранд, на пахта. Қимате, ки дар бозори ҷаҳонӣ ҳаст, нархи нах аст, на пахта. Аз ҳудуди 3 тонна пахтаи хом як тонна нах ҳосил мешавад. Яъне дар ҳоли ҳозир нархи як тонна нахро аз деҳқонон корхонаҳо ба 1, 5 ҳазор доллар харидорӣ мекунанд».

Ҳамчунин вазъ агар иддае аз деҳқононро дар ҳолати ногувор қарор додааст, иддаеро ҳам маҷбур кардааст, ки таҳти дойираи бозори ҷаҳонӣ бирақсанд.
Раҳим Азимов, як пахтакор аз ноҳияи Ҷомӣ мегӯяд, ин вазъ бархе деҳқононро маҷбур кардааст, ки арзон ҳам бошад пахтаро супоранд: «Ҳама надода истодааст, албатта, онҳое, ки бо маблағи худ пахтаро парвариш кардаанд. Аммо онҳое, ки аз бонкҳо ё ягон ҷои дигар қарз гирифтаанд, дигар илоҷ надоранд. Маҷбуранд, ки барои баргардонидани пул пахтаро фурӯшанд».

Қодир Қаҳҳоров мегӯяд, ба тахминаш боз 5 тонна пахта ҷамъ хоҳад овард, аммо имсол ҳарчӣ бодо бод, онро дар хонааш захира мекунад ва бидуни ягон миёнарав
ба харидор хоҳад фурӯхт. Вай афзуд, ҳоло ба 520 доллар сари тонна харидор дорад, аммо ӯ ин пахтаро аз 1,9 гектар ҷамъ меорад, ки сари гектар 500 доллар харҷи доруву дигар заруриёт карда, солона беш аз 1 ҳазор сомонӣ андоз супоридааст. Бар илова, музди меҳнати коргарони хоҷагиашро низ бояд пардохт кунад ва дар натиҷа барои кишти соли оянда маблағи кофӣ намемонад.

Бо ҳамин минвол, осудаҳолии деҳқони пахтакори тоҷик, ки дар гузашта мегуфтанд, кипҳои пахтааш барои дигарон ҷип шуда меомад, дигарбора таҳти суол меравад. Аммо дар сӯҳбат бо мо як корманди ширкати коркард ва содироти пахта, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, бо меъёрҳои имрӯза наметавон фоидаҳои имрӯзаро ба «ҷип» - ҳои замони хеш муқоиса кард. Вай афзуд, ҳоло ширкатҳои тоҷикӣ, аз қабили "Исмоили Сомонӣ-Асри 21", "Ҳаммер", "Олими Каримзод", "ХИМА", "Самар" ҳам дар ҳолати ногувор қарор доранд. Ба қавли ӯ, қисмати умдаи пахтаи Тоҷикистонро ширкати амрикоии Ecom-и Амрико, ки солона 2 миллион кипи пахтаи ҷаҳонро тариқи миёнаравӣ ба бозор мебарорад, ба хориҷа содир мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Қодир Қаҳҳоров мегӯяд, ширкатҳои тоҷикӣ намегузоранд, ки харидорони хориҷӣ ба назди деҳқон ояд: «Харидорони хориҷиро, масалан, эрониҳоу туркҳоро, ки мехостанд оянд ва пахтаи моро харидорӣ кунанд, инҳо намегузоранд, ки ҳатто наздик шаванд. Ба қавле, инҳо чархи мошинро ба хости худ чарх медиҳанд. Яъне хоҷагии деҳқонӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад шарт гузорад, ки нархи пахтааш бояд ба чӣ қимат фурӯхта шавад».

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, барои он, ки деҳқони пахтакори Тоҷикистон фоидаи бештаре бинад, бояд миёнаравҳо камтар шаванд. Вай афзуд, барои пахтае, ки содир мешавад, давлат низ андоз мегирад ва ин бидуни шак, аввал ба нархи пахтаи хоми деҳқон таъсир мерасонад. Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, бо вуҷуди он, ки аз маҳсули дасти деҳқон тиҷорат ва саноат сахт бастагӣ доранд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ деҳқон аз тоҷиру соҳиби корхона ҳамеша фоидаи камтар медид ва фоидаро корхонаи пахта, миёнарав, биржа ва фирмаҳои нассоҷӣ мебинанд.

Аммо ба қавли Давлатмурод Ҷумъаев, дар Тоҷикистон музди меҳнати деҳқон аз инсофи корфармо вобаста шудааст, на ҳаҷми меҳнати ӯ: «Деҳқон дар ҳақиқат бояд худ соҳиби замин бошад. Аммо дар мо соҳибони замин онҳоеанд, ки бо

Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик.

истифода аз вазифа ва пул заминро аз худ кардаву харидаанду деҳқонро ҳар тавре, ки хоҳанд, истисмор мекунанд. Президенти мамлакат ҳам боре гуфта буд, ки соҳибони замин афродеанд, ки аз соҳаи кишоварзӣ фарсахҳо дуранд. Аз ин хотир, бояд замин ба деҳқон баргардонида шавад. Ин вазъ ислоҳ мехоҳад».

Иддае аз деҳқонони ҳамсӯҳбати мо мегӯянд, агар имсол низ пахтаашон хуб ба фурӯш наравад, соли оянда дар пайи кишти зироати дигар мешаванд. Аммо иддае ҳам мегӯянд, онҳоро муваззаф кардаанд, ки як қисми заминҳои худро ҳатман пахта коранд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, деҳқонони Тоҷикистон барои чӣ кишт кардан дар замини худ соҳибхтиёранд, аммо дар кишвар набояд масоҳати кишти пахта кам карда шавад.

Аббосхӯҷа Яҳёхӯҷаев, сарвари Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ мегӯяд, Тоҷикистон наметавонад аз кишти пахта даст кашад: «Имрӯз агар мо ҳамаи ҳамин заминҳои пахтаро гандум кишт кунем, шояд тамоми кишварро бо гандум таъмин кунем ва ин мушкилӣ ҳал шавад. Аммо ин ҷои корро зиёд намекунад. Аз пахта дигар маҳсулот истеҳсол мешаванд, аз қабили равған, собун, кунҷора барои ҳайвонот. Ғӯзапоя ҳамчун сӯзишворӣ истифода мешавад. Агар ин набошад, дар деҳоти пахтакор ягон дарах намемонад. Ҳамаро бурида, ҳезум мекунанд. Аз ин хотир, ҳукумати мо тасмим гирифтааст, ки аз 700 гектар замини кишт, бояд дар 200 ҳазор гектар ҳатман пахта кишт шавад».

Оқои Яҳёхӯҷаев мегӯяд, пахтакорон бояд аз кишти анъанавӣ дур шуда, дар шароити нав кор карданро омӯзанд, ки кам харҷ кунанд ва ҳосили зиёд ба даст оранд. Вай афзуд, вазорати кишоварзӣ ҳоло коркарди чигити луч аз чигити аслиро ба роҳ монданист, ки дар натиҷа аз 100 кило тухмӣ сари гектар 75 кило фоида мемонад ва ҳам тухмии луч бештар ҳосил медиҳад. Вай афзуд, кишти селофанӣ таҷриба мешавад, ки ҳосилро бамаротиб боло хоҳад бурд.

Ба қавли мутахассисон, деҳқонони Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз гектар 20 сентнер ҳосил мегиранд, аммо ин соҳа фақат вақте фоидовар хоҳад шуд, ки ҳосилаш беш аз 25 сентнер бошад. Аммо деҳқонони ҳамсӯҳбати мо мегӯянд, барои гузаштан ба таҷрибаҳои нав имконияти молиявӣ надоранд ва бо азоб аз як сол ба соли дигар мерасанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои мақомот соли равон деҳқонони чинӣ дар ҳудуди 40 гектар дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон пахтаро ба усули кишти селофанӣ кишт кардаанд ва умедворанд, ки аз ҳар гектар то 35 сентнер ҳосил ба даст оранд. Деҳқони тоҷикро дар рӯбарӯи чунин рақиби нав фақат ин чора мемонад, ки ё таҷрубаи ҳамтоёни чиниашро биомӯзад ё майдони пахтаи кишваррро билкулл барои онҳо холӣ кунад?