Мавсими театрии имсола дар театри Лоҳутӣ бо намоишномаи "Хидматгори ду хоҷа"-и адиби итолиёвӣ Карло Голдонӣ шурӯъ мешавад.
Ин намоишнома барои бори севвум аст, ки дар театрҳои Тоҷикистон рӯи саҳна меояд. Нахуст соли 1947 дар театри русии Маяковскийи пойтахт ва сипас дар соли 1964 дар театри Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шудааст.
Аммо ин навбат Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, ки ин асарро таҳия кардааст, гуфт аз ду намоиши пешина тафовути зиёд дорад. Асалбек Назриев, ҳунарманди боистеъдод ва собиқадори театру кинои тоҷик нақши меҳварии ин намоишнома Труфалдиноро офаридааст.
Дар як сӯҳбат аз коргардони ин намоишнома Барзуи Абдураззоқ пурсидам чаро маҳз ба таҳия ва рӯи саҳна овардани «Хидматгори ду хоҷа» даст задааст?
Б.Абдураззоқов: Нахуст инро мебояд гуфт, ки як асар метавонад борҳо рӯи саҳна ояд. Бубинед осори Мосарт, Бах, Бетховен ва ба ин монанд бузургонро, ки ҳамеша иҷро мекунанд ва ҳоло ва баъд низ шунаванда хоҳанд дошт. Аммо дар воқеъ чаро «Хидматгори ду хоҷа»? Бубинед вазъи рӯҳии театри тоҷик аз ҷумла театри Лоҳутиро дилхастагӣ ва дилмонддагӣ пахш кардааст. Ман фикр мекунам, ки рӯи саҳна овардани шоҳаасарҳое чун «Хидматгори ду хоҷа», ки як намоишномаи мазҳакавист дар чунин вазъият як фоли нек аст. Зеро он ҳамчун як витамин аст, ки театрро зинда карда метавонад. Театр ҳоло рӯҳафтода аст. Агар театрро ҳоло ба як организми зинда шабоҳат диҳем ва дар асл низ чунин аст, чун аз коргардону актёру рассому мусиқиофарҳову саҳнасозу ва ғайра таркиб ёфтааст, имрӯз ҳамаи ин мардум хеле рӯҳафтодаанд. Боварӣ надоранд, ки театр бояд вуҷуд дошта бошад. Ин як парадокс аст, ки имрӯз кормандони худи театр бовар надоранд, ки дигар театр лозим аст. Ин ки чаро толорҳо холисту чаро тамошобин намеояд, инҳо мушкили дигаранд. Аммо ин рӯҳафтодагии театр тақрибан дар ҳар як намоиш маълум мешавад. Фарқ надорад, ки фоҷиа, мазҳака ва ё драма бозӣ мекунанд. Мушоҳида мешавад, ки чашм мурда аст, ҳолат мурда аст. Ҳунарманде, ки рӯи саҳна бозӣ мекунад ҳавас ва ҳолати бозӣ кардан надорад.
Озодӣ: Яъне шумо ин асарро ба хотири худи актёрҳо рӯи саҳна овардаед?
Б.Абдураззоқов: Бубинед, имрӯз ин асарро ман на ба хотири тамошобин рӯи саҳна овардаам. Онро танҳо ба хотири умедворкунии актёрҳо ба саҳна гузоштам. Ба умеди як команда сохтан, ба умеди як мактабро зинда кардан, ҷанини театрро бедор кардан ва ба умеди импулс додан ин корро кардам. Ва Голдонӣ беҳтарин мактаб аст барои амалӣ кардани ин ният.
Озодӣ: Ҳунаршиносҳо, соҳибназарҳо ва мухлисони шумо бар ин назаранд, ки Барзу ҳеҷ як асарро тасодуф рӯи саҳна намеоварад?
Б.Абдураззоқов: Бубинед ҳар як асари классикӣ дар матну мағз чизе дорад, ки онро то абад зинда нигоҳ медорад. Яъне ин осор мӯҳтавое дорад, ки дар ҳар замона қобили истифода ва баҳрабардорист. Масалан, ҳамин «Хидматгори ду хоҷа»--и Голдонӣ. Хуб як хидматгор аз Бергама меояд ба Венесия. Ба сабаби гуруснагӣ, бенавоӣ ва бечорагӣ маҷбур мешавад, ки ба ду арбоб хизматгор
шавад. Албатта ин берун ва ё зоҳири масъала аст. Аммо дар мағз як чизи дигаре хеле муҳим дорад, ки онро қариб, ки ҳеҷ вақт ба инобат намегирифтанд. Ин ҳам бошад бунт-ошӯби он ғулом аст, ки мегӯяд ин чи рӯз аст, ки наход як рӯз бо ишками сер зиндагӣ карда натавонам. Бубинед, ки ин ғулом, ки Труфалдино ном дорад, чунон худро бедор мекунад, ин қадар неру пайдо мекунад, ки ин ҳама корҳоро анҷом медиҳад. Ҳамаи ҳодисаҳои ин аср ҳамагӣ аз ним рӯз аз ҳаёти ин ғулом ҳикоят мекунад. Ва мо мебинем, ки дар тӯли ин се-чаҳор соати зиндагии ин шахс чи қадар таҳаввулот ва табаддулот ба вуҷӯъ меояд. Яъне мо шоҳиди саҳнае мешавем, ки Труфалдино ба худ бовар кард ва тамоми зиндагиашроо иваз намуд. Мақсад ин аст. Ғайр аз онки ин асар мазҳака аст, ғайр аз онки як шедеври ҷаҳонист, ин қадар ин шахс, ин навкар ба худ эътимод дорад, ки тавонист зиндагиашро тағйир диҳад. Бубинед, дар аксари ҳолат мо тоҷикҳо даррав хаста ва ноумед мешавему хулоса мекунем, ки на, тамом, дигар ҳеҷ чиз фоида надорад, аммо дар ин асар комилан баръакси он тасвир мешавад, ки на, бояд талош кард, зуд рӯҳафтода нашуду муборизаро идома дод. Намунаи беҳтарин аст, ки ҳама вақт амал фоида дорад, ҳама вақт риск суде хоҳад дошт.
Озодӣ: Гуфта мешавад хеле аз саҳнаҳои ин асар бо шароити имрӯзи Тоҷикистон шабоҳатҳо дорад, мисли фақирӣ, қаллобӣ, гуруснагӣ.
Б.Абдураззоқов: Ин қаллобиҳое, ки дар асар гуфта мешаванд, инҳо ҳам сатҳи болоӣ ва ё ҳамон зоҳири саҳна аст. Аз тарафи дигар бояд бигуям, ки бисёре аз ин калимот ва таъбирҳо импровизасияи худи актёрҳо аст. Агар шумо намоишномаи «Абдуи хуҷандӣ»-ро дида бошед, 80 дар сади матн импровизасияи Молйер буд. Дар ин асар низ мо ҷуръат кардем аз чунин шева кор гирем, чун истифода аз чунин таъбиру калимот, ки ҳоло бештар истифода мешаванд, ба тамошобин матлабро осонтар мерасонад. Ҳарчанд, ки ин асар он қадар пурра ва комил аст, ки эҳтиёҷ ба ворид кардани ин калимаҳоро надорад. Аммо бозӣ, бозӣ аст ва мо бачаҳои асри 21 ҳастем ва Голдонӣ ҳам ба мо ин ҳуқуқро додааст, ки ин чизҳоро ворид намоем.
Озодӣ: Аз бозии актёрҳо, ки ҳам аз насли корхӯрдаву таҷрибадор ва ҳам аз насли нав истифода кардаед, ҳамчун коргардон қонеъ ҳастед?
Б.Абдураззоқов: Не. Аслан қонеъ нестам. Барои чӣ? Дар оғоз гуфтам, ки овардани асари Голдонӣ ба хотири бедор кардани ҳунари актёр ва чароғаки чашмони ӯст. Ҳунармандони тоҷик тайи се даҳсолаи ахир қариб, ки ягон асари хуби классикиро рӯи саҳна наоварданд. Агар пианинонавоз ҳамарӯза машқу тамрин накунад, дастони ӯ, панҷаҳои ӯ аз клавиша дур мешаванд. Ҳунарманд ҳам чунин аст. Муддати зиёд, ки кор накард, мушакҳову майнаву чашму гӯшу ҳофизааш аз даст меравад. Имрӯз мо хеле талош мекунем. Даҳ-дувоздаҳ соат рӯи саҳнаем. Аз соати 8-и субҳ то 9-и шом машқ мекунем. Аммо бедор кардани худ барояшон хеле мушкил аст. То дараҷае мешавад, ки актёрҳо аз по меафтанд
ва ман ҳам низ. Аммо ман фикр мекунам, ки ин машқҳо як пуле мешавад байни он карахтӣ ва ин бедорӣ. Ба ростӣ ин аввалин асаре аст, ки барои ба саҳна гузоштани он мо хеле зиёд машқ мекунем. Аз моҳи феврал то моҳи июн мо пайваста машқ кардем, ҳарчанд ки дар ин миён ман чандин сафари хориҷӣ ҳам доштам. Вале ҳоло ҳам бар ин назарам, ки ин корҳои мо ҳанӯз кофӣ нест. Баъди таътил бошад тақрибан бидуни танаффус тамрин карда истодаем.
Озодӣ: Ба ин тартиб мавсими театрии имсола дар театри Лоҳутӣ бо намоиши «Хидматгори ду хоҷа» оғоз мешавад?
Б.Абдураззоқов: Иншооллоҳ ва ин пешниҳоди маъмурияти театр ҳам ҳаст.
Озодӣ: Ба шумо барору комёбӣ ва толори пур аз тамошобин таманно дорам. Аммо дар охир боз як суоли дигар. Бо онки актёрҳо ин ҳама заҳмати сангин ба харҷ медиҳанд, аз ҳаққу музде, ки меёбанд розӣ ҳастанд?
Б.Абдураззоқов: Не. Мутаассифона. Албатта барои ҳунарманд маош чизи муҳим аст, чун ӯ ҳам зиндагӣ дорад ва маош қувват, умед ва мустақилият медиҳад. Вале фарқи ҳунарманд он аст, ки вақте аз кораш қонеъ шуд, ба хеле чизҳои дигар камтар таваҷҷӯҳ мекунад. Бар ҳар ҳол умед мебандем, ки хуб мешавад.