Парлумони Афғонстон рӯзи шанбе ба се мақоми пешниҳодии Ҳомид Карзай, раъйи эътимод дод.
Ба ин тартиб генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ба симмати вазири дифоъ, Муҷтабо Патанг ба унвони вазири умури дохилӣ ва Асадулло Холид ба унвони раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон раъйи эътимод гирифтанд.
Генерал Бисмиллоҳхон бо гирифтани 124 раъйи мувофиқ, генерал Муҷтабо Патанг бо касби 129 раъйи тайъид ва Асадуллоҳ Холид бо гирифтани 143 раъйи мусбат тавонистанд то раҳбарии вазоратҳои дифоъ, умури дохилӣ ва Раёсати амнияти миллиро соҳиб шаванд.
Аммо ба гуфтаи масъулон дар парлумони Афғонистон, номзади пешниҳодии Ҳомид Карзай барои мақоми вазорати сарҳадот ва ақвому қабоил, раъйи лозими вакилонро ба даст наовард.
Ин номзадҳо рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта аз сӯи маршал Муҳаммадқасим Фаҳим, муовини авали раиси ҷумҳури Афғонистон ба парлумон муаррафӣ шуда буданд.
Вазирони пешини дифоъ ва умури дохилии Афғонистон Абдураҳим Вардак ва Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ҳудуди як моҳ пеш ба хотири идомаи ҳамлаҳои мушакӣ аз хоки Покистон ба минтақаҳои марзии Афғонистон мавриди беэътимодии парлумон қарор гирифтанд ва салби салоҳият шуданд.
Оқои Муҳаммадӣ то ба ҳол ба ҳайси вазири умури дохилӣ ифои вазифа кард, аммо генерал Вардак пас аз истеъфо аз сарпарастии вазорати дифоъ, ба унвони мушовири аршади раиси ҷумҳури Афғонистон гумошта шуд.