Чок кардани мурдаҳо. Табибон - тарафдор, сокинон - мухолиф

Мухолифати аксари сокинони Тоҷикистон барои ташреҳ ва чок кардани ҷасадҳо ба хотири ташхиси бемории онҳо, нигаронии мақомоти беҳдоштиро ба бор овардааст.
Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, чунин бархӯрди пайвандони афроди фавтида боиси коҳиши таҷрибаи пизишкон дар амри ташхиси омилҳои беморӣ ва фавт мегардад.

Ҷаноби Раҳмонов афзуд: «Шумо тасаввур кунед, як нафар шаҳрванди мо дар бемористон даргузарад ва табибон хоҳанд, ки ба хотири муайян кардани дурустии ташхис ташреҳ бигзаронанд, мардум инро нодуруст қабул намекунанд. Мо ҳоло ба кулли муассисаҳо супориш додем, ки майитхона, яъне ҷое, ки ташреҳ гузаронида мешавад, омода бошад. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ақаллан дар шаҳрҳо ҳамин амал пиёда шавад. Чун барои табиб ҳам ин як мактаби бузург мешавад. Яъне вай мебинад,ки дар давоми чанд рӯзе ки табобат намудааст, воқеият чӣ

Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.

будааст. Ва инро танҳо баъд аз ташреҳ гузаронидани майит мешавад муайян намуд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, вазорати тандурустии Тоҷикистон аз чанд сол ба ин тараф талош мекунад нигоҳи мардуми кишварро ба ин масъала тағйир бидиҳад ва ҳатто Кумитаи динро ба маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ ҷалб кардааст. Аммо бо ин вуҷуд то ҳанӯз дар Тоҷикистон мардум ин амалро ҳамчун таҳқир ба ҷисми бе он ҳам азиятдидаи майит қабул мекунанд ва дар камтарин ҳолатҳо барои чок кардани пайвандони фавтидаашон ризоият медиҳанд.

Мукаррам, як сокини пойтахт, ки низ мухолифи чок кардани ҷасадҳост, мегӯяд, «Дар ислом озор додани майит роиҷ нест ва майит ҳамон тавре ба хок равад, ки ба дунё омадааст. Мегӯянд, ки дар сардхонаҳо ба ҳангоми чоки ҷасадҳо узвҳои дарунии онҳоро барои таҷрибаомузӣ мегиранд ва бо чӯбпора ҷисмашро пур мекунанд. Албатта ҳеҷ кас намехоҳад, ки ҷасади нопурраи нафари наздикашро ба хок биспорад.»

Дар ҳоле, ки Мукаррам ва аксари дигари мардуми тоҷик, ташреҳи ҷасадро аз лиҳози ахлоқӣ ва ҳам шаръи қобили қабул намедонанд, дар кишварҳои исломӣ ин амал бе мушкил анҷом мешавад. Ҳамидризо, як ҷарроҳи эронӣ, ки чаҳор сол инҷониб дар Тоҷикистон кор мекунад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, тибқи таҷрибаи ӯ пайвандони ашхоси фавтида, бидуни он ки иҷозаи чоки ҷасадро бидиҳанд, пизишкро дар муолиҷаи нодуруст айбдор месозанд.

Ӯ афзуд: «Ман бисёр нафаронеро дидаам, ки шахси бемор ҳанӯз нафавтида, ӯро дарҳол ба хона мебаранд. Ва дар натиҷа ӯ ё дар роҳ ва ё чанд рӯз баъд дармегузарад. Дар ин ҳолатҳои пайвандонашон инро ба тақдир ҳавола мекунанд. Аммо ҳолатҳое низ ҳаст, ки беморро хеле дер барои ҷарроҳӣ меоранд ва имконияти хеле ками зиндf мондани ӯ вуҷуд дорад. Мо ин ҳамаро аз пеш ба наздиконашон мефаҳмонем, аммо баъдан боз ҳам борони ҳарфҳои қабеҳ ба сари мо мерезад. Гарчанде инҷо ҳеҷ айби мо нест, балки иллат дар худи онҳост, ки сари вақт ба пизишк муроҷиат накардаанд.»

Оғои Мирҳусайнӣ афзуд, чок кардани ҷасад дар Эрон, ки кишвари исломист, як

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, рӯҳонии тоҷик.

амри маъмулӣ шудааст ва руҳониён ба он мухолифате надоранд. Уламои тоҷик низ мегӯянд, шариати исломӣ барои гузаронидани ташреҳи майит ҳеҷ маҳдудияте надорад, балки баръакс ба омӯхтани беморӣ ва тақвияти донишу малака ташвиқ менамояд.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, яке аз рӯҳониёни тоҷик ин амалро на гуноҳ, балки як кори савоб номид: «Аксаран нафароне, ки дидгоҳи танг доранд ва аз Ислом хуб огаҳ нестанд, ин амалро хилофи кори падарону бобоҳо медонанд. Ва мо онҳоеро, ки барои пешрафти илм, ташреҳу таҳқиқ кардан монеа эҷод мекунанд, маҳкум менамоем. Ман инро як фаризаи табибон медонам, ки бояд талош намоянд роҳеро пайдо намоянд, ки ин корро анҷом бидиҳанд ва таҷрибаи худро бештар намоянд.»

Бо ин ҳама, ба гуфтаи мусоҳибони мо, агар дар Тоҷикистон ҳам имконияти гузаронидани ташреҳи ҷасад бештар бошад, ба эҳтимоли зиёд иштибоҳҳои марговари табибон ҳам камтар хоҳад шуд.