Нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе фарзия ва ангезаҳои сӯхтор дар бозори «Корвон»-ро ба баррасӣ гирифтаанд.
«Фараж» зимни чопи матлаби «Дар оташи «Корвон» кӣ даст гарм кард? ҷӯёи ангезаҳои ин сӯхтори бесобиқа шудааст. Нашрия менависад, «бори шашум сӯхтани азимтарин бозори кишвар ба гумоне мебарад, ки касе ба ин сӯхтор манфиатдор аст». Нашрияҳо «сӯхтор ба хотири рӯпӯш кардани дӯздӣ, барқасдона сурат гирфтани он, расиши кӯтоҳи ноқили барқ ва таркиши балон» -ро аз фарзиҳоеро унвон кардааст, ки метавонанд, сабабҳои сӯхтор бошад.
«Истиқлол» дар баробари ин фарзияҳо, беэътиноӣ ва бепарвоии мақомоти расмӣ ба ингуна ҳодисаҳо ва рақобати ноодилона ва тамаҷӯъиро аз дигар сабабҳои сӯхтор дар бозори «Корвон» донистааст. Ин аст, ки нашрия дар робита ба фарзия ахирӣ менависад, «ин бозор мавзеи часпу талоши бархе аз доираҳои наздик ба ҳукумат шуда буд. Кашокаш ва тақсимкуниаш ҳеҷ ба охир нарасид. Акунун маълум шуд, ки Нуршед Машрабов, писари Хол Машрабов - соҳиби бозор ва раиси собиқи кумитаи андоз дар ин набард мағлуб шуд».
«Азия плюс» дигар аз фарзияҳои сӯхтори «Корвон» -ро қасдгирӣ ба хотири зарар овардан ба рақибон ва иғво андохтан аз сӯи дигар рақибони ин бозор унвон карда ва навиштааст, ки «гӯё оташсӯзӣ барои он шудааст, ки тоҷиронро ба таҳлука оянд ва ба дигар бозор бираванд».
«Наҷот» бозори «Корвон» -ро макони «бебандуборӣ» хонда ва навишт, «эҳтимол гурӯҳҳои алоҳида сабабгору омилони чунин бебандуборӣ бошанд ва маншаи сӯхтору дудиҳо ҳам дар чунин маконҳои тиҷорӣ ба онҳо бастагӣ дошта бошад». Ин аст, ки нашрия менависад, «агар чунин намебуд, чаро Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ором кардани тоҷирони эътирозгар гуфт, ин бозор нест, ин Шанхайи асри 18 -19 аст. Ин номи бозориро ҳаром кардааст ва дар ин ҷо ҳаромхӯрҳо ҷамъ шудаанд ва мақсади онҳо танҳо пулҷамъкунист».
«Миллат» ангезаи оташсӯзии «Корвон» -ро, ки дар остонаи ҷашни истиқлол сурат гирифт, ба гумон ҳадафи сиёсӣ донистааст. Зеро ба навиштаи нашрия, «ин оташсӯзӣ гумон меравад, қаблтар аз ҳама ба хотири ноором сохтани кишвари мо роҳандозӣ шудааст». Нашрия меафзояд, «албатта омилҳои дохилӣ ва рақобатҳои носолими тиҷорӣ ин баҳонаро ба дасти бадхоҳони ин Ватан медиҳад, то бар зидди мо аз он истифода шавад».
«Нигоҳ» паёмади сӯхтор омили зиёд шудани теъдоди норозиён аз ҳукумат арзёбӣ карда ва дар матлаби «Сабақҳои «Корвон» навишт, ки «қазияи «Корвон» нишон дод, ки таҷрибаи тариқи қонунгузорӣ манъ кардани эътирозу митингҳо кори тамоман беҳуда будааст». Аммо ба таъкиди нашрия, «бо он ки эътирози тоҷирон стихиявӣ буд, аммо онро метавон тамрине барои як инқилоб қабул кард».
«Озодагон» дар мақолаи «Савдогарони «Корвон» инқилоб мекунанд?» навишт, ки «ин ва дигар амалҳои дастаҷамъонаи мардум дигар он мардуми авохири садаи бист нест. Инҳо аз ҳуқуқи худ дифоъ мекунанд ва барои метавонанд ба ҳам ҷамъ оянд ва садо баланд кунанд». Афзун бар ин нашрия менавсиад, ки «маҳз ҷаҳонбинии бартари тоҷирони бозори «Корвон» буд, ки ҳукумати шаҳр тавонист бо онҳо «маслиҳат кунад» ва кор ба ҷанҷол нарасад». Зеро ба навиштаи нашрия, «агар ҷамъе аз мардуми бемақсад мебуд, кор бидуни зӯроварӣ ба анҷом намерасид». Ин аст, ки ба таъкиди нашрия, «танҳо тағийроти кулли дар ҳама низомҳои кишвар ва ҳамкории ҳукуматдорон бо аҳолӣ метавонад ба таҳаввулот расонад ва аз табадуллоту инқилоб пешгирӣ кунад».