Бо вуҷуди талошҳои Душанбе, фирори сармоя аз Тоҷикистон қатъ нашудааст.
То ҳол аксари сарватмандони тоҷик, талош мекунанд дороиҳои худро ба берун аз кишвар баранд. Ё ба хотире, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадааст ва ё ба далели он, ки онҳо ба низоми бонкҳои Тоҷикистон эътимод надоранд.
Ҳарчанд ба гуфтаи як мақоми аршади низоми бонкии Тоҷикистон, ин вазъ дар чанд соли ахир то ҷое тағйир ёфтааст. Ба қавли ӯ, афзоиши амонатгузориҳо ва пасандозҳои мардум дар бонкҳо, далели каму беш ба низоми бонкии Тоҷикистон ҷалб шудани сармояи дохилист.
«Шароити имрӯзаи рушди низоми бонкӣ нишон медиҳад, ки шаҳрвандон, соҳибкорони ватанӣ талоши нигоҳдории маблағҳои худро дар кишвар доранд. Сол то сол ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкӣ атрофи 20 -25 дарсад зиёд мешавад, ба ғайр аз ин сохтмонҳое, ки дар бахши хусусӣ мушоҳида мекунем, ҳама бо истифода аз маблағҳои худи шаҳрвандони ватанӣ ба роҳ монда мешаванд. Дар маҷмӯъ, ба суръати паст ҳам бошад, ҳоло рушди низоми
иқтисодии миллӣ дар такя ба нерӯҳои дохилӣ шуда истодааст, на хориҷӣ.»
Аммо ба ақидаи коршиносони умури бонкӣ, дар дохил ғолибан маблағҳои ҳаҷман хурд ва он ҳам сармояҳои соҳибкороне нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз роҳҳои қонунӣ ба даст омадаанд. Аммо маблағҳои ҳаҷман бузурги сарватмандони тоҷик бештар дар минтақаҳои оффшори кишварҳои Амрико Аврупо, аз ҷумла дар Швейтсария нигаҳдорӣ мешаванд. Чун дар он ҷо манбаи даромади сармоя пурсида ва молиёт талаб намешавад.
Баҳром Шарипов, узви Шӯрои мудирони Иттиҳодияи ташкилотҳои хурди маблағгузории Тоҷикистон мегӯяд, як омили аслии гурези маблағҳо аз Тоҷикистон ва нигоҳ доштани он дар хориҷ аз кишвар, дар низоми то ба ҳол ноустувори молиявии Тоҷикистон ва хавфи сарватмандон аз ояндаи дороиҳояшон аст:
«Дар бозори молиявии ҷаҳонӣ имкониятҳои васеъ барои маблағгузорӣ дода мешавад ва кафолати баргардонидани маблағҳо дар ҳолати муфлисшавӣ ҳам вуҷуд дорад. Аз ин сабаб, маблағҳо ҳама ба хориҷ мераванд. Масалан, дар Амрико дар вақти муфлис шудани ягон бонк, ҳукумат гарави пас гардондани то 100 000 доллар пасандози мардумро медиҳад, дар Руссия ин маблағ то 20 000 доллар аст, аммо дар Тоҷикистон - ҳамагӣ 1000 доллар. Барои ҳамин аксаран маблағҳои калоне, ки барои сармоягузорӣ истифода мешаванд, аввал дар бонкҳои хориҷа гузошта мешаванд ва аз он ҷо чун маблағгузории хориҷӣ, ки онро давлат кафолати баргардониданашро ба дӯш дорад, ба Тоҷикистон ворид мешавад, яъне маблағгузорон тоҷиканд, аммо маблағҳояшон аз хориҷа меоянд.»
Ба назари аксар, сармояҳои бузург дар Тоҷикистон асосан ба онҳое тааллуқ доранд, ки ё худ ягон мақоми баланд доранд, ё равобити хеле наздик бо мансабдорони раддаи аввал. Ва чун пули онҳо бо “шарофат”-и фасод ба даст омадааст, ин сармоядорон маълум аст, ки аз тарси як рӯзи мабодо кӯшиш
мекунанд, дороии худро дуртар аз чашми Душанбе нигоҳ доранд.
Дар зимн, 2 моҳ қабл Tax Justice Network - як муассисаи мустақили бритониёӣ бо нашри гузорише роҷеъ ба сармояҳои пинҳонии сарватмандони ҷаҳон дар минтақаҳои оффшорӣ, аз Тоҷикистон ҳам ёдовар шуда, навишта буд, ки ҳудуди 3 миллиард доллари сарватмандони тоҷик ҳам дар ин минтақаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Хабарнигори маъруфи рус Максим Шевченко ҳам чанд дафъа аз дороиҳои ҳангуфти мансабдорони тоҷик дар бонкҳои Руссия ва ҳам аз моликияти онҳо дар ин кишвар, аз ҷумла манзилҳои гаронбаҳои тоҷикон дар маҳаллаи Рублевкаи Маскав ёдовар шуда буд. Як сол пеш, вақте дар посух ба боздошти халабонҳои рус дар Қӯрғонтеппа Русия ба ихроҷи муҳоҷирон пардохт, оқои Шевченко истифода аз як роҳи дигари фишор алайҳи Тоҷикистонро ба Кремл пешниҳод карда буд:
«Дар чунин ҳолатҳо набояд фишор болои муҳоҷирони оддиву меҳнатдӯсти тоҷик оварда шавад, балки бояд мақомоти Русия аз ҳисобҳои бонкӣ ва дороиҳои элита ва мансабдорони тоҷик дар ин кишвар, ки на ҳамеша бо роҳи қонунӣ ба даст меоянд, истифода ва сармояҳои онҳоро ҳабс кунад»
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон аз ҷумла худи президент ҳам чандин бор аз сарватмандони тоҷик даъват кардаанд, то сармояҳои худро ба ватан баргардонанд. Ба ин манзур ду сол пеш дар кишвар афви дувуми молӣ эълон ҳам шуд. Вале ба гуфтаи коршиносон ва бархе аз мақомоти бонкҳо, то ба ҳол бахши аъзами ин сармояҳо барнагаштаанд.
Ба қавли Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси масоили иқтисодӣ, барои баргардонидани маблағҳои сарватмандони тоҷик ба дохил, то ба ҳол ягон иқдоми муассир нашудааст: «Агар маблағ инҷо бошад, аввал сад дар сад амнияташ бояд таъмин шавад, дуввум маблағ бояд фоида орад. Саввум ҳар вақте соҳиби маблағ тавонад маблағашро бемушкил пас гирад. Фоизи пули нақт бояд паст бошад, якуним фоиз зиёд аст, кас бояд аз сад ҳазор якуним ҳазор ба бонк диҳад. Аввал ин шароитҳоро фароҳам ва баъд бояд даъват кард, ки маблағҳоро баргардонида шаванд.»
Ба қавли як соҳибкор, аксари он тоҷирону сарватмандоне ҳам, ки сармояҳои худро дар дохил нигаҳ медоранд, бо бонк муомилот намекунанд, балки ё ягон молу мулк мехаранд ё дар тиҷорате мегардонанд: «Пулро дар бонк мегузорӣ, аммо баъд барои гирифтани он ҳазор баҳонаву ҳазор сабаб пеш биёрӣ то маблағро бигирӣ. Ин ба осонӣ даст намедиҳад. Барои ҳамин фарз кардем, агар мане, ки пули зиёдатӣ дорам, аз оне, ки онро дар бонк мемонам, чанд хона мехараму иҷора медиҳам. Ва ё бо ягон роҳи дигаре онро гардиш медиҳам».
Дар маҷмӯъ, ба таъкиди иқтисодшиносон, гурези маблағҳо аз ин ё он кишвар аз заъфи иқтисод ва нобоварии мардум ба низоми молии он кишвар дарак медиҳад. Мардум ва корхонаҳои Тоҷикистон дар чанд ислоҳоти гузаштаи пул, пасандозҳои худ дар бонкҳои дохилиро аз даст доданд ва ин хотироти талх то ҳол як омили умдаи адами эътимод ба бонкҳо боқӣ мемонад.