Равнақи интернет дар Тоҷикистон - 1.4 миллион дар шабакаи ҷаҳонӣ

Дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон сол аз сол беҳтар мешавад, ҳарчанд дар баъзе минтақаҳо то ҳанӯз ин мушкил вуҷуд дорад.
Тибқи оморҳои ахир, теъдоди корбарони мобилии шабакаи интернет 2 миллион нафар буда, ҳамарӯза 1,4 милион нафар аз Тоҷикистон вориди ин шабакаи ҷаҳонӣ мешаванд. Ҳоли ҳозир дар кишвар беш аз 10 ширкати фароҳамкунандаи интернет ва зиёда аз 6 оператори мобилӣ фаъолият менамоянд.

Ин рақамҳо дар нишасте бо ибтикори Бунёди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет таҳти унвони “Иттилоот, интернет ва манфиат ” эълон шуданд. Дар ин ҳамош намояндагони дастгоҳи президенти Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи технология, иттилоот, коммуникатсия ва рӯзноманигорн ширкат доштанд.

Аммо бо вуҷуди чунин рушди чашмраси тенологӣ дар Тоҷикистон, инкишофи мӯҳтавои фазои TJ заиф будааст. Ба гуфтаи Бунёди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет сомонаҳое, ки дар Тоҷнет фаъолият мекунанд, ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Инҳо иборатанд аз сомонаҳои иттилоотӣ, фароғатӣ ва сайтҳои созмонҳову корхонаҳо. Гуфта шуд, ки бештари корбарон дар Тоҷикистон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ истифода мекардаанд.

Бунёди Ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет ахиран бо ҳадафи муаян кардани 10 сомонаи серхонандатарин пажуҳишеро анҷом дод, ки бар пояи он ба панҷгона аввал маҳз оҷонсиҳои иттилоотӣ, аз қабили news.tj, top.tj, оzodi.org, avesta.tj ва tojnews.org қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи мутахассисон, ин далели рӯшанест, ки фазои иттилоотӣ дар Тоҷикистонро оҷонсиҳои иттилоотӣ таъин мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз сомонаҳои гурӯҳи аввал бамаротиб зери фишор қарор гирифтаанд ва хонандаҳои худро аз даст доданд. Мутахассисон мегӯянд, агар дар гузашта бастани сомонаҳо дар Тоҷикистон дар ростои чорабиниҳои сиёсӣ мушоҳида мешуд, акнун бастани сомонаҳо бо баҳонаи "таъмини амнияти иттилоотӣ" дар Тоҷикистон меъёр шудааст. Аз аввали сол дар Тоҷнет беш аз 15 ҳолати бастани сомонаҳо сабт шудааст, ки бештари онҳо ба сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоии беруна мисли Фейсбук ва ҳам сомонаҳои оҷонсиҳои иттилоотии ватанӣ, ба мисли "Азия-плюс" рост меояд.

Хадамоти алоқа дар кишвар бо истифода аз набудани тартиби мушаххаси бастани сомонаҳо дар қонунгузории Тоҷикистон, борҳо фаъолияти сомонаҳои мустақилро масдуд кардааст. Аммо тавре пажӯҳиши ахир нишон дод, бастани сомонаҳо шаҳрвандони кишварро барои ворид шудан ба саҳифаҳо таҳрик додааст.

Барои мисол, теъдоди корбарони Фейсбук то замони маҳдуд буданаш дар тӯли як ҳафта аз 29 ҳазор ба 34 ҳазору 640 нафар расид. Ё ин, ки басташавии сомонаи «Азия плюс» талабот ба ин сомонаро беш аз 9 дарсад афзун кард. Чуноне, ки дар ҳамоиш таъкид шуд, бо фарқ аз дигар кишварҳо, ки аксаран торнамоҳо бо мӯҳтавои террористиву хатарнок ва ҳам фаҳшо баста мешавад, дар Тоҷикистон зарбаи аслӣ маҳз алайҳи сомонаҳои иттилоотӣ истифода мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки солҳои ахир расонаҳои электронӣ ҷойгоҳи расонаҳои чопиро тангтар кардаанд ва ҳоло мӯҳтавои расонаҳои чопиро маҳз матолиби расонаҳои электронӣ муайян мекунанд. Кишварҳои хориҷиву созмонҳои байналамилалӣ ҳам барои рушди расонаҳои интренетӣ вақтҳои ахир маблағҳои зиёд ихтисос медиҳанд.

Зимнан, масъулини Бунёди Ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет мегӯянд, феълан бо анҷоми як таҳқиқот мехоҳанд муайян кунанд, ки дар ин авохир дар Тоҷикистон бартарӣ ба расонаҳои электронӣ буд ва ё нашрияҳои чопӣ. Қарор аст, ки натиҷаи ин пажӯҳиш дар чанд моҳи наздик эълон шавад.