Муомилоти Маскаву Душанбе. Сукут аломати ризо?

Сафари дигарбораи ҳайати мақомоти Русия ба раҳбарии Анатолий Антонов дар муқоиса ба дидори аввалиаш хеле ором ва бидуни пахши изҳороти расмӣ аз натоиҷи музокироти тарафҳо анҷом гирифт.
Cафари аввалашро Антонов дар нишасти муфассали хабарие дар сафорати Русия дар Душанбе натиҷагирӣ кард, аммо ин дафъа мисли ҳамтоёни тоҷикаш хомӯширо авлотар донист.

Муовини вазири дифои Русия қабл аз тарки Душанбе фақат дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо ду хабаргузории русӣ пас аз бозгашт дар Маскав натоиҷи музокиротро қаноатбахш арзёбӣ кард ва гуфт, умедвор аст, тарҳи ниҳоии созишнома то чанд ҳафтаи дигар омода шавад. Вай гуфт, ки бо он ки ҳар ду ҷониб мавозеъи худро доранд, аммо ба тафоҳум наздик мешаванд.

Ба таъкиди Анатолий Антонов, дар Душанбе гурӯҳи афcарони вазорати дифои Русия мондаанд, ки сари матни ниҳоии лоиҳа кор хоҳанд кард. Масъулони вазорати дифоъи Тоҷикистон низ мегӯянд, гуфтушунид сари лоиҳаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи низомии Русия идома пайдо хоҳад кард ва ҳайати русӣ дар раъси Анатолий Антонов, боз ба Душанбе хоҳад омад.

Замони ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар соли 2014 ба поён мерасад ва

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон

баҳси шароити идомаи қарордоди ин пойгоҳ байни ду кишвар тақрибан 4 сол боз идома дорад. Аммо чаро Маскаву Душанбе аз ифшои ҷузъиёти раванди музокирот ва мавзеъи ҷонибҳо ҳаддалимкон парҳез меҷӯянд? Оё ин хомӯшӣ ба маънои дар бунбаст боқӣ мондани ин музокирот аст ё ба маънои ба тавофуқе билохира даст ёфтан, вале ҳанӯз аз эъломи он худдорӣ кардани тарафҳо?

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон изҳори назар дар ин мавридро салоҳияти раҳбарони ҳайатҳои музокиракунанда арзёбӣ кард ва гуфт: «Вақте, ки раҳбари гурӯҳ аз ҷониби Тоҷикистон аъзои ҳукумат аст, дар ин ҳолат вазорати мудофиа ҳуқуқи натиҷагирӣ ва изҳоротро надорад. Ҷониби Русия низ ҳамин тавр аст. Барои он, ки агар Антонов мехост ва ҳуқуқ медошт, изҳорот мекард. Лекин дар ҳар сурат фикр мекунам ин ба он вобаста аст, ки гурӯҳҳои корӣ ҳолӣ пурра корашонро ба анҷом нарасондаанд ва баъди ин сафар боз идома дорад, гуфтушунид низ идома пайдо мекунад. Ҳоло мешавад, гуфт, ки ин чиз дар марҳалаи хом аст».

Иддае аз нозирони умур «сукут» -и Маскав ва Душанбе бар сари баҳси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба маънии « аломати ризо» арзёбӣ мекунанд. Ба таъкиди Маҳдии Собир, таҳлилгари масоили низомӣ, «он чӣ Русия пешниҳод дорад, алабатта дар ниҳоят мавриди пазириши ҷониби Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт». Вай гуфт: «Бубинед, Русия аз пеш дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дошт ва танҳо ин кишвар ҳуқуқ дорад, ки дар Тоҷикистон ҳузури низомӣ дошта бошад. Ҳарчанд дигар кишварҳо низ барои ин талош доранд. Аммо Русия аст, ки барои Тоҷикистон кӯмакҳои зиёде кардааст. Ва ҳузури вай дар Тоҷикистон ҳам ба манфиати Тоҷикистон ва ҳам ба манфиати худаш аст».

Аммо иддае дигар аз коршиносон мӯътақиданд, ки дар ҷараёни сафари аввали Анатолий Антонов ба Тоҷикистон, вазъ бӯҳронӣ буд ва муовини вазири дифои Русия ба хотири коҳиш ҳассосиятҳо натиҷаи музокиротро ба чолиш кашид ва ба ин тариқ ҳамкорӣ ва ҳамраъии Русия дар масъалаи тамдиди пойгоҳи низомиаш дар қаламрави Тоҷикистонро ба намоиш гузошт.

Назири Нусрат, коршиноси тоҷик, ки равобити Русияч ва Тоҷикистон дар масоили низомӣ, ба хусус сафарҳои ахири Анатолий Антоновро пайгирӣ кардааст, мегӯяд: «Дар мулоқоти аввал, ки Антонов бо мақомоти Тоҷикистон дошт, ҷонибҳо ба тавофуқе наздик расиданд, ки ҷаноби Антонов ба унвони миёнарав пешниҳодоти Тоҷикистонро ба Русия расонад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ва ин пешниҳодот тавассути Маскав қабул ҳам шуд. Аммо дар ин сафар Антонов, ки омад, изҳори
назаре накард. Зеро аз таҷриба дидем, ки ҳар сӯҳбате ё сухане, ки қаблан дар бораи пойгоҳи низомии Русия гуфта мешуд, боиси вокунишҳои зиёде, ба хусус аз ҷониби таҳлдилгарон дар расонаҳо мешуд».

Ба ин далел ин коршиноси тоҷик мӯътақид аст, ки «хомӯшии ҷонибҳо ва ба хусус мақомоти Русия ба маънии аз даст надодани дастоварде аст, ки Маскав пас аз баҳсу вокнишҳои шадидулаҳн дар матбуот, дар сафари аввал ва дуввуми Антонов ба даст овардааст.

Дар ҳамин ҳол соҳибназарон бар ин боваранд, ки «хомӯшии ҷонибҳо» -ро мешавад ба унвони хомӯшии пеш аз тӯфон ҳам номид. Ин хомӯшӣ метавонад дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Душанбе, ки интизор меравад, дар моҳи октябр сурат бигирад, битаркад. Соле пеш раисиҷумҳури вақти Русия Дмитрий Медведев зимни боздидаш аз Душанбе масъалаи тамдиди замони пойгоҳи Русия то 49 солро матраҳ кард, ки боиси ба истилоҳ «шок» -и мақомоти Душанбе шуд.