Ҳамлаи эътирозгарон ба сафорати Амрико дар Яман

Тазоҳургарон дар назди сафорати Амрико дар Яман.

Дар ҳоле ки эътирозҳо алайҳи як филм дар ҷаҳони ислом тавсеа ёфтааст, имрӯз мӯътаризон ба сафорати ИМА дар Яман ҳамла карданд.
Гирдиҳамомадагон дарвозаи асосии қароргоҳи сафоратро вайрон карданд, тирезаҳои бинои сафоратро шикаста ва ба сӯи мошинҳо санг партофтанд.

Ходимони пулис ба хотири пароканда кардани тазоҳурот ба ҳаво тир кушоданд. Рӯзи чоршанбе бархӯрди эътирозгарон бо пулис дар назди сафоратҳои ИМА дар Тунис ва Судон низ ба қайд гирифта шуд.

Яке аз эътирозгарони мисрӣ, ки рӯзи панҷшанбе дар назди сафорати ИМА дар Қоҳира бо хабарнигорон ҳамсӯҳбат шуд, мегӯяд: “Мо ҳеҷ гоҳ қабул намекунем, ки пайғамбар Муҳаммад алайҳӣ салот ва салом, тавҳин шавад. Ин амал мухолифи тамоми озодиҳо мебошад. Ин озодӣ ба тамоми дунё дахл дорад, ба истиснои мусулмонон, Онҳо мусулмононро террорист нишон медиҳанд. Онҳо ба мо озодиҳоямонро эъто намекунанд.”

Аммо дар бораи муаллифи филм ҳамоно тахминҳо тахминҳо зиёданд. Баъзеҳо мегӯянд, муаллиф яҳудӣ асту дигарон бар ин назаранд, ки филмро як копти насронии Миср таҳия кардааст. Стив Клейн-мушовири ин филм мегӯяд, мақомоти Исроил дар истеҳсоли ин филм ҳеҷ нақше надоранд. Ӯ эътироф кард, ки Сем Басил лақаб аст, на номи воқеӣ.

Клейн гуфт, ки наворгирии филм то ҳол ба поён нарасидааст ва танҳояк порчаи он дар ютюб ҷой дода шудааст. Ба гуфти Клейн ҳоло ҳатто ҳунармандоне, ки дар ин филм нақш бозидаанд, хеле нороҳат ва аз амнияти худ нигарон шудаанд, зеро намедонистанд, ки дар ин филм тавҳини пайғамбар Муҳаммад ҷой дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тазоҳуроти сартосарӣ дар ҷаҳони ислом алайҳи филми тавҳиномез ба паёмбар


Аммо сарфи назар ин норӯшаниҳо дар саросари олами исломӣ, эътирозҳо бар зидди филм ҷараён доранд. Рӯзи панҷшанбе дар гирду атрофи сафорати Швейтсария дар Теҳрон нерӯҳои иловагии амниятӣ мустақар шуданд. Ин кишвар аз манфиатҳои ИМА дар Эрон муҳофизат мекунад ва донишҷӯёни теҳронӣ низ дар рӯ ба рӯи он ҷамъ шуда буданд.

Баъди куштори сафири ИМА дар шаҳри Бенғозӣ, ИМА ба Либия ду киштӣ ва 50 сарбози баҳрӣ фиристод. Сарбозон дар таъмини амнияти ходимони сафорати ИМА дар шаҳри Троблус саҳм хоҳанд гирифт. Шумораи ходимони сафорат коҳиш дода шудааст. Баъди ҳамлаи рӯзи сешанбе, кормандони консулгарии ИМА аз Бенғозӣ ҳам берун кашида шуданд. Президенти ИМА Барак Обама аз раҳбарони Мисру Либия даъват кард, ки ҳамкориҳоим амниятиро баррасӣ кунанд.

Рӯзи сешанбе гурӯҳи мусулмонони аз як филм ба шӯр омада, болои сафорати ИМА дар Қоҳира низ ҳамла карда буданд. Ба қавли онҳо дар ин филм, ки дар Амрико тавлид шудааст, муаллифон ба тавҳини пайғамбари дини Ислом роҳ додаанд. Дар гузоришҳои ибтидоӣ гуфта мешуд, ки сафир ва се корманди сафорати Амрико дар Либияро сокинони ба ғазаб омадаи Бенғозӣ ба қатл расондаанд.

Вале ҳоло Вашингтон таҳқиқ дорад, ки оё воқеан ҳамларо мухолифини филм ташкил кардаанд ва ё ҳампаймонҳои созмони террористии ал-Қоида эътироз бар зидди филмро ҳамчун баҳона барои раҳандозии ҳамлаи шабеҳи ҳуҷумҳои 11-уми сентябри соли 2001-ум истифода бурдаанд.