Бемории кирми рӯда ва ҷисми лоғару зеҳни кунди кӯдакон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба зудӣ марҳилаи дуввуми барномаи ҷилавгирӣ аз олудагӣ ба кирми рӯдаву меъдаро шурӯъ мекунанд.
Сар аз ҳафтаи оянда ҳудудан 2 миллион наврасу кӯдак дар Тоҷикистон барои эмин мондан аз беморие, ки ояндаи ҳазорон нафарро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст, доруи ройгон мегиранд. Маризии кирми рӯда дар чанд соли ахир ба таври бесобиқа густариш ёфта, суолеро дар зеҳни мардум халқ кардааст, ки чаро бовуҷуди ин ҳама эҳтиёткориву озодагӣ, кирм дар ҷисми бачаи онҳо хона мекунад

Шарифа, як сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон пайваста ғами писари ягонааш Зокири 12 солаи қадкӯтоҳро, мехӯрад, ки ба гуфтаи модараш, кундзеҳн аст ва дар мактаб баҳои хуб намегирад ва зуд-зуд хаста мешавад. Бачаи Шарифаро беморие ба ин ҳол афкандааст, ки онро бисёриҳо дар Тоҷикистон ҷиддӣ намегиранд. Ва ин бемории кирми рӯда аст, ки даҳҳо ҳазор бачаро мисли Зокир, лоғару камқувват ва кундзеҳн кардааст.

Модари Зокир, ки зимни сӯҳбат оҳи сард мекашид, мегӯяд, ҳоло аломати дигари беморӣ, яъне доғҳои сафед дар рӯи писараш зоҳир шудаанд: “Дар рӯи бачаи ман доғҳо пайдо шудаанд, тамоман хӯрок намехӯрад. Шакарчой мехӯрад ва агар картошка сурх кунам, мехӯрад, дигар ҳеҷ чиз. Торафт лоғар мешавад.”

Бехабарӣ аз оқибатҳои бад ва ҷиддӣ нагирифтани олудагӣ ба кирми меъда, сабаби густариши рӯзафзуни беморӣ дар Тоҷикистон шуда ва онро ба як мушкили саросарии беҳдоштӣ дар кишвар табдил додааст. Агар соли 2002 дар Тоҷикистон тақрибан 9 ҳазор мавриди олудагӣ ба кирми рӯда сабт шуда бошад, пас соли 2006, бештар аз 21 ҳазору 600 нафар барои муолиҷаи ин беморӣ ба табибон муроҷиат кардаанд.

Омори тозае, ки Сайфиддин Каримов, мудири Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ дар Тоҷикистон дод, боз ҳам изтиробангез аст: “Ба ҳисоби миёна агар бигирем, дар Тоҷикистон солона аз 35 то 40 ҳазор мавриди бемориҳои кирми рӯда сабт мешавад. “

Ба гуфтаи табибони тоҷик, бо назардошти муроҷиати ками аҳолӣ ба шифохонаҳо мумкин аст, олудагӣ ба ин беморӣ дар Тоҷикистон ба маротиб зиёд бошад. Аксарият ва ё 63 дар сади онҳое, ки ранҷи кирми рӯдаро мекашанд, кӯдакони аз 6 то 14-сола ҳастанд ва ба шиками баъзе аз онҳо на фақат як, балки чаҳор панҷ навъи кирмҳои хатарнок роҳ ёфтаанд ва метавонанд, онҳоро ба даҳҳо дарди дигар гирифтор кунанд. Сайфиддин Каримов: “Ба қаду вазни кӯдакон, ба фикрронӣ ва асаби онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Метавонад сабаби камхунӣ шавад ва ё дар сурати печидани рӯдаҳо, агар ёрии фаврӣ нарасонанд, кӯдак талаф меёбад.”

Як сабаби афзоиши теъдоди бачаҳои қадкӯтоҳ ва кундзеҳн ва гирифтори камхунӣ дар Тоҷикистонро низ ба бемориҳои кирми рӯда рабт медиҳанд, ки дар шароити гарми кишвар ба осонӣ паҳн мешаванд. Худи бачаҳо низ баъди олуда шудан, ба манбаъи беморӣ дар хонавода табдил мешаванд. Суҳайло, модари дигаре, ки аз тарси олуда шудани кӯдаконаш онҳоро ба кӯдакистон намедиҳад, ҳамсояаашонро мисол овард: “Якта бачаи дусолааш ба кирми рӯда олуда шудааст, тамоми хонаводаро олуда кардааст, ҳоло тамоми хонаводаашон кирм дорад.”

Аз сабабҳои аслии олуда шудани кӯдакону наврасон ба кирми рӯда дар Тоҷикистон, риоят нашудани беҳдошти шахсӣ ва оби олуда аст, ки аз ночорӣ дар бисёре аз гӯшаҳои кишвар аз он истеъмол мекунанд. Кӯдакони хоколуди сари кӯча, ки дар рустоҳо мебинем, яқинан дар зери нохуни худ, тухми чанд навъи кирми меъдаро доранд, ки фурӯ мебаранд.

Сайфиддин Каримов, мудири Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ мегӯяд, вазорати беҳдошти Тоҷикистон барои ҳарчӣ коҳиш додани ин беморӣ чораҳои зиёде андешидааст ва меандешад. Аз ҷумла дар саросари Тоҷикистон аз 17 то 28-уми сентябр марҳилаи дуввуми барномае шурӯъ мешавад, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз густариши беморӣ аст. Дар тӯли 11 рӯз ба тақрибан бештар аз 1 миллиону 700 ҳазор кӯдаку навраси аз 7 то 17-сола доруҳои ройгон тақсим мекунанд, ки то аз ин роҳ монеъи доман задани беморӣ дар кишвар шаванд.

Сайфиддин Каримов, мегӯяд, эмин нигаҳ доштани фарзандон аз кирми рӯда кори сахте нест ва танҳо як одатест, ки бояд аксарият дошта бошанд: “Гигиенаи шахсии худ ва оилаи худро риоят кунанд, аз оби ҷӯшида истифода баранд, меваву сабзавотро танҳо баъди шустан бо оби гарм истеъмол кунанд. Умуман гигиенаи шахсиро риоят намоянд.”

Меъёрҳое, ки апаи Шарифа натавонистааст, бинобар серкорӣ дар хона ҳамаи онро риоят кунад ва ҳоло ҳамаро монда, саъй дорад, ки Зокири беиштиҳову хаставу бемораш ҳарчӣ зудтар шифо ёбад.