Гузориши нави Созмони Милал мегӯяд, Толибон дар як соли гузашта аз ҳисоби закоту молиёту cадақот ва ситондани пул аз ширкатҳо ва тарҳҳои имдодӣ дар Афғонистон 400 миллион доллар ҷамъ овардаанд.
Бино ба гузорише, ки дар ин ҳафта коршиносони Шӯрои Амният дар масъалаи таҳримоти Созмони Милал нашр кардаанд, 275 миллион доллар аз ин маболиғ ба дасти раҳбарияти ин ҷунбиш расида, бақияаш дар сутуҳи маҳаллӣ масраф ё тасарруф шудааст. Ин муҳосибаи даромадҳои Толибон дар як соли молист, ки тибқи тақвими ҷорӣ дар Афғонистон аз Наврӯз то Наврӯз, яъне то моҳи марти соли 2012-ум, баровард шудааст.
Гузориш мегӯяд, андозҳои маҳаллие, ки Толибон ҷорӣ кардаанд, 10 фоизи ҳосил - манбаи асосии даромади гурӯҳ - ва ҳам тақрибан 2,5 дарсад андози закотро, ки дар Ислом ҳамчун андоз аз дороист, дар бар мегирад. Толибон болои хадамоте, чун тавзеи обу барқ низ молиёт ҷорӣ кардааст.
Гузориши СММ мегӯяд, “дар бархе манотиқ онҳо аз дӯкондорони маҳаллӣ ва тоҷирони худ 10 дарсад молиёт мегиранд.” Ба гуфтаи муаллифон, ҷангиёни толиб бо чунин ҷамъоварии андозҳо тақрибан монанди маъмурияти маҳаллӣ амал мекунанд. Коршиносони СММ пешниҳоди кӯмакҳоро як манбаи дигари “бузург”-и таъмини молӣ барои раҳбарони ҷангиён медонанд.
Афғонистон муддати тӯлониест, ки таъминкунандаи умдаи бозори афюни дунё ба ҳисоб меравад. Бино ба ҳисобҳо, Толибон дар солҳои 2011-2012-ум аз маводи мухаддир ҳудуди 100 миллион доллар ба даст овардаанд, ки як бахши андак аз 4 миллиард доллар ҳаҷми солонаи кишти хашхош дар Афғонистонро ташкил медодааст.
Бино ба ин гузориш, ин манбаи даромадҳо барои таъмини молии чирикиҳо дар 3 макони асосии кишти хашхош - вилоятҳои Ҳилманду Қандаҳор ва Урузгон кифоят мекунад, аммо пули маводи мухаддир “барои пӯшондани ҳазинаи фаъолиятҳои чирикӣ дар ҷойҳои дигар чунин муассир нест.”
Гузориши СММ мегӯяд, Толибон ҳамчунин аз миллиардҳо долларе, ки тавассути тарҳҳои рушд ба Афғонистон мерезанд, низ ба маблағи садҳо миллион доллар ҳаққи худро меситонад. Ба ҳисоби коршиносони СММ, фоидаи Толибон аз қарордодҳое, ки аз сӯи Амрико ва донорҳои дигари хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз 10 то 20 дарсад аз ҷамъи маблағро ташкил дода, маъмулан дар ивази ҳимояти Толибон аз ширкати иҷрогар дода мешавад.
Гузориш аз бароварди нерӯҳои ISAF, ки таҳти фармони НАТО қарор доранд, иқтибос кардаааст, ки Толибон дар 3 соли охир аз 2 миллиарду 160 миллион долларе, ки низомиҳои Амрико ба як ширкати нақлиётии Афғонистон додаанд, 360 миллион доллар ҳақ ситондааст.
Гузориш мегӯяд, “ин намуна ҳокист, ки Толибон чигуна аз иқтисоди Афғонистон, ки тавони аз худ кардани маблағҳои бузурги аз соли 2001-ум ба ин сӯ ба ин кишвар сарозершударо надорад, пул мекашанд.”
Ба ҳисоби ISAF, то 155 миллион доллар аз фоидаҳои Толибон дар соли 2011-ум барои таҳияи ҳамлаҳо анҷом шуда, бақия барои ҳифзи ҷунбиши муқовимат ҳифз шудааст. Гузориши СММ мегӯяд, “аз соли 2006-ум ба ин сӯ Толибон тавонистанд шумори рӯ ба афзоиши ҳамлаҳоро таъмини молӣ кунанд, ки афзоиши солбасоли даромади гурӯҳро мунъакис мекунад.”