Дар YouTube наворе пахш шудааст, ки ба қавли гузорандааш, маросими ба тариқати тасаввуф шомил шудани Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24"-ро тасвир кардааст.
Муаллифи навор худро аз аъзои "Гурӯҳи 24" меномад, ки ба раҳбараш бовар карда, аммо пас аз дидани ин навор аз созмон хориҷ шудааст. Ӯ менависад, акнун ин созмон "Гурӯҳи 23" хоҳад буд.
Дар навори мазкур, ки дар масҷиде дар шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахори Афғонистон, гирифта шудааст, Умаралӣ Қувватовро пири тасаввуф – Кифоятуллоҳ ба тариқати худ қабул мекунад. Ҳангоми маросим раҳбари "Гурӯҳи 24", ки тахмин меравад дар ҳолати бехудӣ қарор дошт, дар ҳаракат буда, бо нишони эҳтиром ба пири тариқат дастҷунбониҳои ғайриоддӣ мекунад.
Муаллифи навор ҳамчунин навиштааст, Умаралӣ Қувватов, ҳамчун соҳибкор аз ҳамкорони ширкатҳои "Тоҷирон" ва "Фароз" буд, на асосгузор ва раҳбари онҳо. Ба қавли ӯ, моҳи феврали соли ҷорӣ "бо сабаби пешниҳодҳои номақбули тиҷоратӣ" ин ширкатҳо аз ҳамкорӣ бо онҳо даст кашидаанд. Ба қавли ӯ, Умаралӣ Қувватов асосан бо тоҷирони Афғонистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ мекард.
Дар ин навор раҳбари "Гурӯҳи 24" ба нигоҳ доштани муҳофизони ғайриқонунӣ ва узвият дар "равиши радикалии динӣ" муттаҳам мешавад. Дар ҳамин ҳол, муҳаққиқони тасаввуф мегӯянд, ин равия радикалӣ набуда, ба сиёсат сарукор надорад.
Қаблан вазорати тандурустии Тоҷикистон Умаралӣ Қувватовро гирифтори маризии васвос (шизофрения) эълон кард ва раҳбари "Гурӯҳи 24" хулосаи тиббии Вазорати тандурустии кишварро як тӯҳмат унвон карда, ташкили "Гурӯҳи-24" ва изҳороти ӯ дар бораи ҳукумати Тоҷикистонро сабаб "тӯҳматномаҳо" алайҳаш эълом дошт.
Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини ширкати "Фароз" аст, ки тақрибан ду моҳи пеш Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк кардааст. Вай бо ташкили "Гурӯҳи 24" дар хитоб ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки бояд Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013-ум иштирок накунад.