Шакил Афридӣ сирри ISI- Покистонро фош кард

Шакил Афридӣ, як табиби покистонӣ, ки гӯё ба Хадамоти Истихборотии Амрико дар пайдо кардани Усома Бен Лодан кӯмак кардааст, мегӯяд, ки маъмурони Покистон ӯро дар боздоштгоҳ азобу шиканҷа додаанд. Шакил Афридӣ дар мусоҳиба бо телевизиони "Фокс Нюс"-и Амрико дар зиндоне дар Пешовар гуфтааст, маъмурони Хадамоти Ҷосусии Покистон бадани ӯро бо сигор сӯзонида ва ба нерӯи барқ мондаанд. Ба гуфтаи Шакил Афридӣ, Хадамоти Ҷосусии Покистон, Амрикоро бадтарин душмани худ мешуморад. Бино ба гузоришҳо, Шакил Афридӣ бо баҳонаи ваксинзанӣ, аз аъзои хонаводаи Бин Лодан нусхаҳои Дэ Эн Каи онҳоро гирифта ва ба Хадамоти Истихборотии Амрико додааст. Додгоҳи Покистон Шакил Афридиро моҳи майи ҳамин сол бо гуноҳи кӯмак ба як гурӯҳи тундрав ба 33 соли зиндон маҳкум кард.