Бобохонов: "Бастани сайти "АП" тасмими Бек Зуҳуров набуд"

Умед Бобохонов, муассис ва раҳбари меди-ҳолдинги "Asia-Plus"

Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори "Озодӣ" бо Умед Бобохонов, муассис ва роҳбари ширкати медиа-ҳолдинги "Азия-Плюс".
Озодӣ: Баъд аз оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ, сайтҳои интернетӣ аз ҷумла сайти "Азия-Плюс" аз тарафи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баста шуд. Масъулони ин Хадамот баста шудани ин сайтро ба баргузории корҳои профилактикӣ марбут донистанд. Аммо коршиносон далели баста шудани сайти мазкурро ба усули инъикоси ҳаводиси Хоруғ рабт медиҳанд, ки ба ҳукумат хушоянд набуд. Дар ин миён гуфта шуд, ки сайти Шумо дар баробари онки шумораи муайяни хонандаҳои худро аз даст диҳад, ҳамчунин зарари моддӣ низ дидааст. Назари шумо чист?

Умед Бобохонов: Дуруст аст. Дар ҳамон рӯзҳои ҳаводиси Хоруғ, мутаассифона, сайти мо дар дохили Тоҷикистон баста шуд. Шахсан фикр мекунам, ин амал кадом мантиқе надорад. Фикр мекунам, нафаре, ки ин қарорро қабул кард, иштибоҳ кард.
Агар ягон нафар дар ҳукумат барои мисол бо он чи ки мо менависем, розӣ набошад, аз ёд набарорад, ки мо танҳо яке аз расонаи хабарӣ ва яке аз хабаргузориҳо ҳастем. Мо омода ҳастем нуқтаи назари дигарҳоро, нуқтаи назари ҳукуматро, сохторҳои қудратии Тоҷикистонро нашр намоем. Мушкилӣ дар он аст, ки худи онҳо мавқеашонро, фикру андешаашонро ба хонанда, ба мо журналистон намегӯянд. Воқеан, то андозае хонандаҳои худро дар дохили Тоҷикистон аз даст додем. Гарчанде бисёрии одамҳо бо дастрасӣ бо фанновариҳои нави рамзшикану рамзгирҳо тавонистанд, ки аз ахбори сайти мо баҳравар бишаванд. Вале зарари моддӣ ҳам дидем. Чун дар сайт мо аз маводи таблиғӣ низ истифода мекунем. Вақте ба сайт тавассути прокси (рамзгир) ворид мешавӣ, бисёрии маводи таблиғӣ дида намешавад. Дар ин сурат ширкатҳое, ки ба воситаи сайти мо таблиғ мекунанд мегӯянд, ки дигар таблиғи худро тавассути сайти шумо анҷом намедиҳем. Ва ҳоло ман гуфта метавонам, ки мо ҳар ҳафта аз 2 то 3 ҳазор доллар зарар мебинем. Таъсири он то ба ҳоло мушоҳида мешавад.

Озодӣ: Гуфта мешавад инъикоси якҷонибаи ҳаводиси Хоруғ аз сабабҳои баста шудани сайти «АП» аз тарафи мақомот шудааст. Гӯиё "Азия-Плюс" ин ҳаводисро аз мавқеи Русия тасвир кардааст...

Умед Бобохонов: Рости гап, намедонам, ки мавқеи Русия дар ин масъала чи гуна буд. Шахсан, фикр мекунам, то андозае, ки метавонистем кӯшиш кардем инъикоси ҳаводиси Хоруғ яктарафа набошад. Кӯшиш кардем ҳам аз он тараф маълумот ба даст оварем ва ҳам аз ин тараф. Мутаассифона аз тарафи ҳукумат, аз тарафи сохторҳои қудратии Тоҷикистон мавқеашонро саривақт гирифта натавонистем. Танҳо чизе, ки аз тарафи ҳукумат буд, баёнияҳои марказҳои матбуотии онҳо, ки чоп кардем.

Озодӣ: Аммо чунин ҳарфҳое ҳам шунида мешавад, ки дар баҳсҳои байни ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, «АП» аз ширкатҳои мобилӣ дастгирӣ мекунад, чун ин ширкатҳо аз рекламадиҳандаи Шумо ба ҳисоб мерафтаанд. Ва Бек Зуҳуров ҳам тавре бо шумо бархӯрд кардааст, ки зиён бинед.

Умед Бобохонов: Ман фикр намекунам, нафаре, ки тасмими бастани сайти «АП»-ро гирифт, Бег Зуҳуров бошад. Фикр мекунам ба Бек Зуҳуров супориш доданд, ки ин сайтро бибандад ва ӯ ҳам баст. Ва дар он баҳсҳое, ки байни ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пайдо мешавад, мо талош кардаем, ки фикри ҳарду ҷониб инъикос карда шавад. Аз ин рӯ ман фикр намекунам, ки сабаб ин бошад. Ва боз такрор ҳам шавад гуфтаниам, ки ин тасмими Бек Зуҳуров набуд, тасмими дигар одамҳо буд ва Зуҳуров танҳо онро иҷро кард.

Озодӣ: Солҳои пеш шумо дар сафарҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикисто ба хориҷ аз кишвар ӯро ҳамроҳӣ мекардед. Ва аз эҳтирому эътибори мақомот бархӯрдор будед. Аммо ҳоло сайти шуморо мебанданд ва фишор ҳам рӯи кори шумо оварда мешавад. Фикр мекунед, ки далели чунин тағйири мавқеъ чи буда метавонад?

Умед Бобохонов: Аввалаш ин аст, ки ман умедворам он эҳтироме, ки мо пеш доштем, имрӯз ҳам дар нисбати нашрияи мо дар сохторҳои ҳукуматӣ ҳаст. Дигар инки чаро моро пеш ба сафарҳои хориҷӣ ҳамроҳ мебурданду ҳоло не инро беҳтар аст, ки аз худи ҳукумат пурсид. Аммо дар масъалаи иваз шудани муносибат бо нашрияи мо. Шояд баъзеҳо мегӯянд, ки матолиби интиқодӣ нисбати ҳукумат дар «Азия-плюс» бештар ва он нашрияи оппозисиюнӣ шудааст. Ман расман ба шумо гуфта метавонам, ки мавқеи газетаи «Азия-плюс» тағйир наёфтааст, на имрӯз ва на солҳои пеш. Шояд танқид зиёдтар шудааст. Лекин ба назари ман ин ҳолат як сабаби объективӣ дорад. Чун
солҳои пеш коррупсия дар сохторҳои ҳукумату давлат ба ин андозае, ки ҳоло ҳаст, набуд. Дигар хатоҳое, ки имрӯз сохторҳои давлатӣ содир мекунанд, пеш ин гуна зиёд набуданд. Барои ҳамин ин табиӣ аст, ки вақте ҳукумат бештар хато мекунад ё масалан нафароне, ки чандон лоиқ нестанд ба ин ё он вазифа таъйин мешаванд, табиист, ки журналистон ва дар маҷмӯъ ҷомеа чунин чизҳоро танқид мекунад. Мавқеи мо пештар ҳам чунин буд ва имрӯз ҳам чунин аст, ки ба халқи худ хидмат кунем, мо мехоҳем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бештар аз пештар тараққӣ ёбад ва мо дар ин роҳ ҳар чизе аз дастамон бармеояд анҷом медиҳем. Вазифаи аввалиндараҷаи мо расонидани хабар ба ҷомеа аст.

Озодӣ: Вақте шумо ба Амрико сафар доштед, сарусадоҳое баланд шуданд, ки Умед Бобохонов ширкати медиа-ҳолдинги худро фурӯхтанист. Ва ҳатто ҳамчунин ҳарфҳое ҳам буд, ки дар ин бора гуфтушунидҳоеро ҳам бо кадом гурӯҳҳое анҷом додаед. Чанд кас аз ман ин масъаларо пурсид.

Умед Бобохонов: Ман ҳайрон мешавам, ки ин саволҳо аз куҷо пайдо мешавад. Ман то ҳол дар ин маврид бо ягон кас сӯҳбат накардаам. Ва фурӯхтанӣ ҳам нестам. Чун ин ширкатест, ки ҳам ман ва ҳам оилаамро нон медиҳад ва дигар инки «Азия плюс»-ро ман аз сифр шурӯъ кардам ва он ҳамчун як фарзанди ман аст. Ва аз ҷиҳати дигар шояд фарзандони ман дар оянда, ки бузург мешаванд, дар ин бизнес, дар кори журналистика, дар медиа-бизнес ворид шаванд. Дар чунин ҳолат барои фарзандон имконияти хуб мешавад, ки корро аз «Азияплюс» давом диханд.

Озодӣ: Ҳоло дар нашрия исми Марат Мамадшоев, муҳаррири шумо зикр намешавад. Сабаб чӣ аст? Дуруст аст, ки Марат аз кор рафтааст?

Умед Бобохонов: Бале. Таассуфовар аст, ки Марат Мамадшоев як муҳаррири хеле қавӣ ва ҳирфаӣ аз кор рафт. Худи Марат гуфт, ки аз ҳад зиёд хаста шудааст ва мехоҳад муҳиту кору зиндагиашро иваз намояд.Ӯ як даъватнома аз як ширкати иттиллоотӣ аз Бишкеки Қирғизистон гирифт ва онро пазируфт. Ман ба ростӣ аз заҳмати тоқатшиканӣ ӯ ба унвони муҳаррир огоҳам ва умед мекунам, ки ин як ду соле, ки муҳити кору зиндагиаш тағйир меёбад, ба манфиати ӯ хоҳад буд. Аммо бояд бигӯям, ки ҳам кор ва ҳам маошаш дар инҷо хуб буд. Вале тасмим тасмими худи ӯст.

Озодӣ: Кореро, ки то ҳол анҷом додаед, шуморо қонеъ мекунад?

Умед Бобохонов: Бале. Коре, ки ман анҷом додам, маро қонеъ мекунад. Аммо
ҳоло бар ин фикрам, ки дар оянда мехоҳам боз ин корро давом диҳам ё беҳтараш онро иваз намоям. Баъзан фикр мекунам, ки шояд иваз намоям.

Озодӣ: Нақшаву нияти ба сиёсат ворид шудан, ки надоред?

Умед Бобохонов: Дар бораи иваз кардани кор фикр мекунам, аммо дар бораи сиёсат фикр намекунам. Дар бораи кори эҷодӣ дар бораи кори илмӣ фикр мекунам.

Озодӣ: Шумо гуфтед, ки тасмими баста шудани сайти «Азияплюс» ба Бек Зуҳуров тааллуқ надорад ва ниҳодҳои дигар марбут аст. Вале як чизи дигар ин аст, ки нашрияи «Азияплюс» дар чопхонаи «Шарқи Озод», ки ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад, ба нашр мерасад. Дар ҳоле, ки ёдатон бошад пештар нашрияҳоеро, ки ҳукуматро интиқод карданд аз ин чопхона берун ронданд ва дар ниҳоят ҳеҷ чопхонаи дигар нашри онҳоро ба гардан нагирифт. Барои шумо дар нашри газета мушкил эҷод накарданд?

Умед Бобохонов: Шукри худо дар чопи рӯзнома ягон монеа пеш наомадааст. Ман албатта интизор будам ва интизор ҳастам, ки чунин вазъ пеш омаданаш мумкин. Як рӯз, масалан мисли «Рӯзи нав» чуноне, ки чанд сол пештар рух дода буд ва ё «Нерӯи сухан» дигар моро чоп намекунанд. Фикр мекунам, ки эҳтимол дошт ин сенария бо «Азия плюс» ҳам татбиқ шавад. Аммо нашуд ва ман бисёр миннатдор аз он одамоне, ки ҳамчунин корҳоро тасмим мегиранд. Чаро ин корро накарданд, намедонам. Шояд бастани сайт осонтар бошад, нисбати бастани газета. Албатта мо умедворем он чизе, ки солҳои пеш бо дигар нашрияҳо пеш омад, барои нашрияи мо такрор намешавад.

Озодӣ: Агар мабодо ширкати медиа-ҳолдингии «Азияплюс»-ро фурӯхтанӣ бошед, он чи миқдор метавонад арзиш дошта бошад?

Умед Бобохонов: 10 миллион доллари амрикоӣ.

Бо мо дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳ бошед!