Рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ Роберт Каплан мегӯяд, аз даврони Эрони бостонӣ то Русияи муосир мавқеи ҷуғрофӣ дар сарнавишти кишварҳо таъсири бузург доштааст.
Ӯ таҳқиқоташро дар китобе зери унвони “Қассоси ҷуғрофӣ: Харита дар бораи низоъҳои оянда ва мубориза бо тақдир чӣ гуфта метавонад?” ҷамъбаст кардааст. Ба ақидаи Каплан сабақҳои таърих имкон медиҳанд, ки аз низоъҳои эҳтимолӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд.
Ба ақидаи Роберт Каплан сарнавишти кишварҳо ва то ҳадде фалсафаи давлатдории онҳо ба мавқеи ҷуғрофияшон вобаста аст. Ӯ Британия Кабирро мисол меорад, ки ҷазираи калони худкифо буда, бо таҳдиди ҳамлаи заминӣ мувоҷеҳ нест. Аз ин рӯ, Британия дар тӯли садсолаҳо бидуни хавфу ҳарос рушд намудааст, ки шояд яке аз сабабҳои пешрафти демократия дар ин ҷазира низ маҳз ҳамин мавқеи амни ҷуғрофӣ мебошад.
Каплан мегӯяд, расонаҳои хабарии кишварҳои ғарбӣ президенти Русия Владимир Путинро бо худкомагӣ муттаҳам мекунанд, вале заминаи ҳукмронии нимадиктаторӣ ва даъвоҳои мустамликадории Кремл дар воқеъ хавф аз мавқеи ҷуғрофӣ аст.
Каплан меафзояд: “Вақте Путин ба Аврупо назар меафканад, ӯ мисли тсарҳо ва коммисарҳои даврони пеш, имкони таҷовузи хоки Русияро мебинад. Дар тӯли қарнҳо шведҳо, лаҳистониҳо, олмониҳо, литвониҳо ва ғайраву ҳоказо Русияро ишғол карда буданд. Аз ин рӯ, Путин ҳам мисли раҳбарони коммунист мехоҳад , ки кишварҳои буферӣ ташкил кунад. Ӯ мехоҳад рӯи кишварҳои соҳили Балтик нуфуз дошта бошад. Ӯ мехоҳад кишварҳои Аврупои шарқӣ барои кишвараш ба истилоҳ буфер ё худ камари амниятӣ бошанд. Ин аст, ки ӯ фурӯпошии паймони Варшаваро қабул карданӣ нест. Ӯ мефаҳмад, ки на паймони Варшаваро метавонад эҳё намояду на рӯи кишварҳои соҳили Балтик нуфузашро ҷорӣ кунад. Ин кишварҳо имрӯз дар паймони НАТО узвият доранд. Аммо Путин аз тамоми воситаҳо, аз ҷумла лӯлаҳои газ, гурӯҳҳои ҷиноӣ, ҳамлаҳо тавассути шабакаи интернет ва ғайра саъй мекунад, рӯи ин кишварҳо фишор орад.”
Каплан дар китобаш фишори Кремл рӯи ҷамоҳири собиқ Шӯравиро низ ба зарурати бунёди кишварҳои ба истилоҳ буферӣ марбут донистааст: хоҳ он Украинаву Беларус бошанд, хоҳ Қафқоз ва хоҳ Осиёи Марказӣ.
Аммо дар бахши дигари китобаш Каплан навиштааст, ки баъзе кишварҳоро мавқеи ҷуғрофӣ ба ҳам мепайвандад. Ӯ мегӯяд, дар миёни Афғонистону Покистон марзи табиӣ вуҷуд надорад. Аз нуқтаи назари қавмӣ низ дар ҳар ду тарафи марз паштунҳо иқомат доранд ва барои онҳо ин марз як монеаи сунъӣ мебошад, ки зиндагиашонро мураккаб мекунад. Дар айни замон муаллифи китоби “Қассоси ҷуғрофӣ мегӯяд:
“Агар шумо ба харитаи Афғонистон ва шибҳи қораи Ҳиндустон назар кунед, мебинед, ки марзи воқеӣ на дар хатти марзи Афғонистону Покистон, балки дар байни Афғонистон мегузарад. Ин марз кӯҳи Ҳиндкуш аст. Дар шимоли Ҳиндукуш тоҷикону узбакҳо ва дар ҷануби он паштунҳо ба сар мебаранд. Дар шимоли Афғонистон тоҷикону узбакҳову туркманҳо суботи бештар доранд. Метавон дид, ки тиҷорат ва равобити башарӣ дар самти шимол рушд намуда, имкон дорад, ки дар оянда Тоҷикистони бузургтар, Узбакистони бузургтар ва дар ҷанубу шарқи Афғонистон омезиши бештар бо паштунҳои Покистон ба амал ояд.”
Каплан бар ин назар аст, ки баъди хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон, эҳтимол миёни Покистону Ҳиндустон муколамае ва ё муноқишае рӯи Афғонистон ба амал ояд, зеро Ҳиндустон ба Афғонистон бидуни таҳдид эҳтиёҷ дорад.
Каплан китоби худро бо он хулоса мекунад, ки мавқеи ҷуғрофӣ воқеан рӯи амалҳои мо маҳдудият мегузорад. Вале донистани ин маҳдудиятҳо ва истифодаи оқилона аз имконоти мавҷуда ба раҳбарон имкон медиҳад, ки ҳалле барои бӯҳронҳо пайдо намоянд.