Мақомоти тоҷику қирғиз ба хотири ҷилавгирӣ аз низоъҳои наздимарзӣ ва мубориза бо гӯрӯҳҳои тундрав, протоколеро ба имзо расонидаанд.
Дар мулоқоти ҷонибҳо, ки рӯзи 10-уми сенябр дар шаҳри Қизил – кияи вилояти Бодканди Қирғизистон баргузор шуд, муовинони вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон ва намояндагони раёсатҳои корҳои дохилии вилоятҳои Суғду Бодканд иштирок доштанд.
Мирзонаим Муртазоев, сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва аз иштирокдорони ин мулоқот ба Озодӣ гуфт, мушкилот ва вазифаҳои ягона, ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ ба минтақа, мубориза бо қочоқггарони маводи мухаддир мақомоти интизомии Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳамоҳанг кардани фаъолият ва такмили роҳу усулҳои он, водор мекунад.
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир дар бораи вуҷуди кадом гурӯҳи тундрав дар минтақа маълумоте дар даст надоранд, вале дар гузаштаи наздик ҳодисаҳои убуру мурури гурӯҳҳои мусаллаҳи марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) миёни минтақаҳои Суғду Бодканд ва бархӯрди онҳо бо нерӯҳои интизомии ин кишварҳо, мушоҳида шудаанд.
“Халқҳои тоҷику қирғиз, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, аслан тарафдори ҳеҷ гуна муноқишаву нооромӣ дар назди марз нестанд. Аммо нафарони алоҳидае байни сокинон ҳастанд, ки бо сӯиистифода аз мушкилоти сокинони наздимарзӣ миёни онҳо муноқиша меангезанд. Мақсади аслии мулоқоти мо низ раҳ надодан ба ҳамин гуна низоъҳои марзӣ аст.” – афзуд вай.
Вале аз нигоҳи коршиносони минтақаӣ, эҳтимоли вуруди дастаҳои ҲИУ аз роҳҳои душворгузари кӯҳистонӣ аз хоки Афғонистон ба ҷануби Қирғизистон ва шимоли Тоҷикистон ва фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили қочоқбари маводи мухаддир, таҳдиди умда ба амнияти минтақаӣ аст, ки мақомоти ҳар ду кишварро водор мекунад ба хотири ҳамонҳанг намудани фаъолияти муштарак, гом бардоранд.
Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили минтақаӣ мегӯяд, хавфе, ки ҳоло ба амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таҳдид мекунад, ошкор нест, пинҳонӣ аст. Чунки нерӯҳои тундрав чун фаҳмиданд, ки онҳо аз сӯи ҷомеа дастгирӣ намекунад, ба пинҳонкорӣ гузаштаанд. Дар ин маврид бояд мақомоти тоҷику қирғиз ба хотири аз байн бурдани ин гурӯҳҳо бо ҳам ҳамкории зич дошта бошанд.
Муноқиша ва низоъҳо дар минтақаҳои наздимарзии Суғду Бодканд умдатан сари истифода аз манобеи обу замин ва чарогоҳ рух медиҳанд. Вале мақомоти тоҷику қирғиз мегӯянд, бо роҳи ҳамоҳанг намудани фаъолият мешавад сари вақт аз ин гуна ҳодисаҳои номатлуб пешгирӣ кард.
Ба гуфтаи Саидҷон Эратов, муовини раис ё губернатори Бодканд, аз аввали соли равон то кунун дар байни сокинони манотиқи наздимарзии Суғду Бодканд сари истифодаи обу замину роҳ 7 муноқиша сар задааст. Дар ҳоле ки соли гузашта 30 ва соли 2010 40 низоъ миёни сокинони наздимарзӣ муноқиша сар зада буд.
Ҷаноби Эратов коҳиши низоъ ва муноқишаҳо миёни сокинони наздимарзии тоҷику қирғизро натиҷаи муаассири фаъолияти якҷояи мақомоти Суғду Бодканд ва ҳамдастӣ дар як барномаи муштаракаи ҳамзистиву ҳамкории Суғду Боканд барои соли 2012 номид.