Дума ваколатҳои Гудковро ба овоз мемонад

Геннадий Гудков-вакили мардумӣ дар думаи давлатии Русия

Комиссияи парламенти Русия машварат додааст, ки Дума-Маҷлиси поёнии парламенти ин кишвар ваколатҳои намояндаи мардумӣ Геннадий Гудковро, ки ба танқиди Кремл маъруф аст, лавғ кунад. Ба қавли комиссия Гудков дар фаъолиятҳои тиҷорие даст дорад, ки мухолифи мақоми вакили мардумӣ мебошад. Гудков ин айбномаро рад мекунад. Раъйдиҳӣ дар дума 14-уми сентябр доир мешавад. Фрактсияи Русияи воҳид, ки дар Дума аксариятро дар ихтиёр дорад, гуфтааст, ки аз лағви салоҳиятҳои депутатии Гудков пуштибонӣ мекунад.