Имрӯз назорати зиндони Багром ба афғонҳо мегузарад

Қарор аст, имрӯз назорати комил бар зиндони Багром дар ихтиёри нируҳои Афғонистон бигзарад. Афғонистон ва Амрико моҳи март қарордоде ба имзо расонда буданд, ки бар асоси он дар давоми шаш моҳ ин зиндон тадриҷан бояд дар ихтиёри нируҳои Афғонистон дарояд.

Дар гузашта шикоятҳо мушоҳида шуда буд, ки нируҳои Амрико зиндониёни Багромро шиканҷа кардаанд ва ба қатл расондаанд.

Дар ихтиёри нируҳои Афғонистон гузоштани назорати зиндони Багром яке аз моддаҳои аҳдномаи миёни Вашингтону Кобул дар бораи мақоми ҳуқуқии нируҳои Амрико дар Афғонистон барои дарозмуддат аст.

Дар зиндони Багром 600 зиндонӣ ба сар мебарад, ки 60 нафари онҳо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мебошанд.