Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти кишварро бузургтарин дастоварди миллати мутамадини тоҷик дар авохири асри гузашта унвон кард.
Дар паёми телевизионии худ ба муносибати 21-умин солгарди истиқлолияти кишвар, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, “Истиқлолияти давлатӣ анҷоми мантиқии ҷонбозиҳо ва талошҳои мардуми бофарҳангу бошараф ва боғурури тоҷик дар роҳи пурпечутоби таърих аст."
Президент Раҳмон ба муҳим будани якпорчагии миллат дар роҳи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ таъкид кард ва ҳамзамон гуфт, ки набояд идеяҳои бегона дар кишвар ҷой ёбанд ва зеҳнҳоро заҳролуд кунанд.
"Ба ҳар шахси соҳибватан зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, ба доми фиреби бадхоҳони миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гирифтор нагардад.”
Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём ба нооромиҳои ахир дар шаҳри Хоруғ ишорае накард, вале аз мардум хост, барои таҳкими ваҳдати миллӣ саъйу кӯшиш кунанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба тақсими одилонаи манобеъи минтақа таъкид кард, ки зоҳиран ишорае ба моҷароҳо бар сари тақсими захираҳои об дар Осиёи Марказист, ки 60 дарсади он аз Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина гуфт: “Мо ҳамеша хоҳони онем, ки кишвари мо ва минтақае, ки мо дар он зиндагӣ дорем, ободу пешрафта бошад, сатҳи зиндагии мардумонаш торафт беҳтар гардад, инчунин сарватҳои табиии минтақа ба манфиат ва пешрафти ҳамаи сокинони он самарабахшу оқилона истифода шаванд."
Дар қиёс бо назарҳо дар бораи истиқлолияти нокоми Тоҷикистон, ки аз сӯи мухолифини ҳукумат ва афроди бо номҳои пӯшида дар саҳифаҳои интернет кошта мешаванд, аксари мардуми кӯчаҳои Душанбе аз истиқлолият ифтихор мекунанд. Рофеъ Самиев, сокини 50 – солаи шаҳр, бо он вуҷуд ки аз ноадолатиҳои додгоҳҳо шикоят кард, аммо мегӯяд, боз ҳам шукрона мекунад: «Ман худамро одами соҳибистиқлол ҳис мекунам. Қатори ватан ва халқ, зиндагӣ пеш рафта истодааст. Кӯдакон калон, ҳама ҷо нағз, шукрона мекунем. Як вақт ронандаи автобус будам, ба халқ хизмат мекунам, бо мурури замон он кор бас шуд. Ҳозир бекор. Давлат, ки осудаву обод аст, дар сояи давлати фарзандон дам гирифта гаштем, шукри Худо!»
Баъзе аз ҳамсӯҳбатони дигар агарчӣ аз сиёсатҳои ҳукумат ва вазъи имрӯзаи Тоҷикистон, чандон қаноатманд набудаанд, дар сӯҳбат сайъ мекарданд, нарм бошанд. Як нафар, ки худро омӯзгор Маъруф Насимов муаррифӣ кард, гуфт, истиқлолиятро берун аз маҳдудаи афкори умум тасаввур намекунад:
«Ҷаҳонбинии ҳамватанони ман дар пояи хеле паст асту аксарияти дарки истиқлолиятро надоранд, хоҳ – нохоҳ то як андозае ман наметавонам худро аз лиҳози сиёсӣ ё иқтисодӣ худро соҳиби истиқлол ҳисоб кунам. Ҳар чӣ ҳамватанони ман доранд, ман ҳам ҳамонро дорам».
Аксари ҷавононе, ки бо мо ҳамсӯҳбат шуданд, ё дар ибрози андешаи худ дар бораи истиқлол мушкилӣ мекашиданд ва ё бо шукргузорӣ ва ҳарфҳои умумӣ изҳори назар мекарданд. Як ҷавоне, ки либоси оддӣ дар тан дошт ва худро Хуршед муаррифӣ кард, ба суоли мо дар бораи ин, ки шахсан истиқлоли худро чӣ тавр тасаввур мекунад, чунин гуфт: «Истиқлолият ҳамаи орзуҳои маро ҷомаи амал пӯшидааст. Ободӣ шуда истодааст. Ҳамаро бо рӯзи истиқлолият табрик мекунам!»
Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханронии худ ба дастовардҳои зиёде дар замони истиқлол ишора кард, вале мушаххасан дар ин бора чизе нагуфт. Вале мунтақидони ҳукумат мегӯянд бо вуҷуди сипарӣ шудани ду даҳа аз истиқлолаш, Тоҷикистон ҳамчунон аз кишварҳои ҳамсояву дури шӯравии собиқ бисёр ақиб мондааст.
Беш аз як миллион муҳоҷири корӣ дорад, ҳамчунон ба мушкили норасоии сӯзишвориву барқ даст ба гиребон аст, ришвахорӣ ба расм табдил шудааст ва миллионҳо нафар дар кишвар фақир мемонанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама сахтиҳо мегӯянд, баъзе аз раҳгузарон дар Душанбе, шодмонанд, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад