Ҳамзамон бо баргузории маросими гиромидошт аз 11-умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, дар Кобул таркиши сахте рух додаст.
Ин таркиш дар наздикии бинои Радио ва телевизиони миллии Афғонистон рух дод, ки дар натиҷа шаш тан кушта ва чаҳор тани дигар захм бардоштаанд.
Генерал Довуд Амин, муовини фармондеҳи амнияти Кобул ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки то ба ҳол навъияти ин рӯйдод рӯшан нашудааст, ки ҳамла интиҳорӣ будааст ё инфиҷорӣ. Вай гуфт, гурӯҳи баррасӣ ба маҳалӣ рӯйдод расида ва то ҳоло мушаххас нашудааст, ки ин амалиёт аз ҷониби кӣ анҷом шудааст.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Афғонистон аз ёздаҳумин солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд, аз фармондеҳони машҳури ҷиҳодӣ ва муқовимат алайҳи Толибон, таҷлил ба амал овард.
Ин маҳфил, ки дар он мақомоти баландпояи ин кишвар, аз ҷумла маршал Муҳаммадқасим Фаҳим, муовини авали раёсати ҷумҳури Афғонистон ва раҳбарони ҷиҳодӣ ширкат доштанд, таҳти тадобири шадиди амниятӣ дар хаймаи Лӯи Ҷирга баргузор шудааст.
Ҳамасола дар солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, дар Афғонистон «Ҳафтаи шаҳид» таҷлил мегардад. Аҳмадшоҳи Масъуд, дар таърихи 9-уми сентябри соли 2001 тайи як ҳамлаи интиҳорӣ аз ҷониби ду зархариди араб вобаста ба шабакаи «Ал-қоида», дар минтақаи Хоҷа Баҳовуддини вилояти Тахор ба шаҳодат расид.