Як бомбгузори маргталаб рӯзи шанбе худро дар назди як қароргоҳи НАТО дар Кобул мунфаҷир карда, дасти кам 4 нафарро кушт ва чаҳори тани дигарро захмӣ кард. Аюб Солангӣ, сардори раёсати пулиси Кобул гуфт, ҳамла дар назди Пажӯҳишгоҳи Синамои Афғонистон сурат гирифт, ки қароргоҳи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО, сафорати Амрико ва дигар намояндагиҳои дипломатӣ ҳамонҷо ҷойгир шудаанд. Таркиш дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки намояндагони ҳукумат, барои гиромидошти хотираи Аҳмадшоҳи Масъуд ҷамъ омада буданд, ки 11 сол пеш кушта шуд.