Корманди ВКД барои шиканҷаи ноболиғ 7 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи Ёвон корманди ВКД-ро бо иттиҳоми шиканҷаи ноболиғ ба 7 соли зиндони низоми нигаҳдориаш пурзӯр маҳкум кард.
Машраф Алиев, собиқ нозири минтақавии шӯъбаи вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Ёвон, дар сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва шиканҷаю озори писарбачаи ноболиғ муттаҳам дониста шуд. Додгоҳ бар иловаи 7 соли зиндон ҳамчунин ӯро барои се соли дигар аз ҳуқуқи кор дар мақомоти давлатӣ маҳрум сохт. Аммо худи Машраф Алиев ва вакилони мудофеаш аз додгоҳ хостанд, ки ӯро бегуноҳ эътироф намуда, аз толори суд раҳо кунад ва тамоми ҳуқуқҳояшро барқарор созад.

Муҳокимаи додгоҳии корманди пулис пушти дарҳои баста сурат гирифт, зеро ба иддаои вакилони мудофеъ, пайвандони Машраф Алиев ба ҷониби ҷабрдида ва адвокатҳо таҳдид кардаанд ва дар натиҷа, мурофиа дар бинои шӯъбаи вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Ёвон, яъне маҳалли амнтаре ҷараён гирифт.

Сергей Романов, раҳбари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки аз ҷараёни ин мурофиа огоҳ аст, гуфт, ин нахустин парвандаи марбут ба шиканҷа аст, ки аз ҷониби додситонӣ ифтитоҳ шудааст. Вай афзуд, корманди пулис барои нақзи ҳуқуқи ноболиғ ба ҷуз аз маҳрум шудан аз озодӣ, ҳамчунин зарари моддию маънавии расонидааш ба ҷабрдидаро бояд ҷуброн кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки вакилони мудофеи Машраф Алиев бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Ёвон мухолиф буда, мегӯянд, бо дарёфти нусхаи ҳукм, аз болои он ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.

Ин нахустин парвандаи ҷиноятӣ дар вилояти Хатлон аст, ки бо моддаи нави кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - “шиканҷа” дар додгоҳҳои Хатлон баррасӣ шудааст.

Генерал Баҳодур Ҳомидов, муовини аввали додситони Хатлон, дар мавриди ин парвандаи пурсарусадо гуфта буд, ки “рӯзи 29-уми апрели соли ҷорӣ ноболиғ Х. М. дар каҳдони ҳавлии худ, воқеъ дар деҳаи Қулободи ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон худро ба дор овехт ва дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуд. Ба дунболи ин ҳодиса ошкор гардид, ки ин ноболиғро нозири минтақавӣ Машраф Алиев ҳамчун нафари гумонбар дар ҷинояти дуздӣ ба идораи милитсия барои бозпурсӣ даъват карда, мавриди шиканҷа ва озорӣ ҷисмонӣ қарор додааст.”

Темур Боев, раиси додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бисёр шуда, ки афроди судшаванда дар бораи мавриди озору шиканҷа қарор гирифтанашон дар аснои мурофиаҳои додгоҳӣ хабар медиҳанд, аммо дар амал хеле кам воқеъ шуда, ки вуқӯи ин ҷиноят собит гардад. Ҷаноби Боев истисно намекунад, ки эҳтимолан дар таҷрибаи тафтишот ё дар маҳбасҳо аз шиканҷаю латукӯб кор гирифта мешавад, аммо бо изҳори таассуф гуфт, ки на ҳамеша ва на саривақт афроди ҷабрдида ба мақомоти зидахл шикоят мебаранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои созмонҳои ҳомиии ҳуқуқ, солона даҳҳо мавриди шиканҷаю бадрафторӣ нисбат ба афроди муттаҳам дар ҷинояте ё маҳбусон содир мешавад. Сергей Романов, сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, дар ин робита мегӯяд: "Мо дақиқан намедонем, ки чанд парвандаи ҷиноятӣ марбут ба шиканҷаю бадрафторӣ мавҷуд аст, зеро чунин омор расман омода намешавад. Одамон ҳам метарсанд, ки оид ба фактҳои шиканҷаю озори ҷисмонӣ ба мақомот шикоят баранд, шояд эътимод надоранд, ки ба арзу додашон мунсифона расидагӣ мешавад."

Ба муҷозот кашида шудани корманди ВКД барои шиканҷаю озори ноболиғ дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти расмӣ, танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 57 мавриди нақзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон сабтином шудааст.