Бонки миллӣ бо қарзҳои тоҷирони "Корвон" хайрхоҳ хоҳад буд

Ҷамшед Юсуфиён-муовини аввали раиси Бонки милии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар суҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо дастур дода шудааст, ки масъалаи қарзҳои соҳибкорони бозори Корвонро баррасӣ кунанд.

Ҷаноби Юсуфиён гуфт, ки дар ҳоли ҳозир онҳо ба тартиб овардани феҳрасти соҳибкорони Корвон пардохтаанд ва дар ин кор ба онҳо масъулини бозор кумак хоҳанд кард.

Дар қадами дуввум, ба қавли муовини аввали раиси Бонк, онҳо вазъи қарз ва ба кадом Бонк таалуқ доштани қарҳои соҳибкоронро баррасӣ намуда, ба бонки дахдор муроҷиат хоҳанд кард, то ду маротиба мӯҳлати баргардонии қарз дароз карда шавад. Шароити қарордоди Бонке ,ки бо соҳибкор баста шудааст омӯхта, масъалаи тамдид ва муҳлати баргардони қарз мушаххас карда мешавад.

Дар посух ба ин суол, ки оё бонкҳои хусусӣ дастури бонки миллиро ҳатман ба инобат мегиранд,ҷаноби Юсуфиён гуфт, онҳо ҳаққи сарпечӣ доранд, вале вазъи ба амаломада дар бозори “Корвон” водор мекунад, ки дар ин масъала бархурди хайрхоҳона дошта бошанд.