Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар бозори "Корвон" бо тоҷирони норозӣ мулоқот анҷом додааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар ин мулоқот муовини раиси Бонки Миллӣ Ҷамшед Юсуфиён ва намояндагони Додситонии кул ҳамроҳӣ мекарданд. Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, тамоми соҳибкороне, ки аз бонкҳо қарз гирифта, машғули тиҷорат буданду дар сӯхтори ахири "Корвон" зарар дидаанд, мӯҳлати бозгардонии қарзҳояшон тамдид (дароз) карда хоҳад шуд.
Убайдуллоев ҳамчунин ваъда додааст, ки зиёни соҳибкоронро аз ҳисоби амволу дороиҳои раиси бозор Нуршед Машрабов ҷуброн хоҳанд кард. Шаҳрдори Душанбе афзуд, ба ин манзур комиссияи вижа ё махсус ҳам созмон дода мешавад, ки ин ҳодисаро мӯшикофона таҳқиқ хоҳад кард. Аммо бо ин ҳам мардум ором нестанд ва бархеи онҳо мегӯянд, ки ба суолҳои худ посухе дарёфт накардаанд.
Аз ин пештар, тақрибан 500 нафар аз тоҷирони норозии бозори "Корвон" ба самти марказ ҳаракат доштанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев субҳи рӯзи 6-уми сентябр ба Абдураҳмон Бузмаков, сардори Раёсати умури дохилии пойтахт дастур додааст, ки мардумро савори автобус намуда, ба бозор баранд.
Хабарнигори "Озодӣ" инчунин шоҳиди он будааст, ки нерӯҳои интизомӣ монеи аксу наворбардории хабарнигорон аз ин тазоҳурот мешуданд.
Як гурӯҳи хурди тоҷирони норозӣ бошад, дар назди бинои шаҳрдории Душанбе ҳозир шудаанд. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, муовини раиси шаҳри Душанбе ин афродро ба ҳузур пазируфтааст ва тоҷирон пас аз тафтиши нерӯҳои амниятӣ вориди бинои шаҳрдорӣ мешаванд.
Садҳо тоҷири бозори "Корвон" аз сӯхтори ин бозор дар рӯзи 5-уми сентябр ба хашм омада, аз мақомот талаб доранд, ки иллати сӯхторро барояшон шарҳ бидиҳанд. Ин дар ҳолест, ки роҳҳо ба сӯи бозори "Корвон" баста шуда, қисмати аз сӯхтор эминмондаи он таътил аст. Хабарнигори Озодӣ нақл мекунад, ки вазъият аз назорати кормандони умури дохилӣ берун шуда, мардуми ба шӯромада мошину ҳар василаи нақлияро бо санг зада, шишаҳоро мешикананд.
Ҳоло шумори афроди норозӣ боз ҳам бештар шуда, фарзандону наздикони аз сӯхтор зарардида ба афроди норозӣ ҳамроҳ мешаванд. Дар ҳамин ҳол, вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов, ба хабаргузории "ИТАР-ТАСС" гуфтааст, дар пайи сӯхтори бозори "Корвон" як нафар ҳалок ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аммо шоҳидони воқеа рӯзи панҷшанбе, 6-уми сентябр, дар сӯҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ теъдоди қурбониёни сӯхтори бозори "Корвон"-ро бештар гуфтанд.
Яке аз шоҳидон дар сӯҳбат бо хабарнигори мо бо гиря нақл кардааст, ки дирӯз, ҳангоми ба шиддат оташ гирифтани бозор, ду ҷавони наврас барои аз коми оташ берун бурдани колоҳҳои наздиконашон вориди вагонҳои таспида шуда, аз шиддати гармо ҷон додаанд. Ин зан мегуфт, ҳарчанд ин ҳодисаро бо чашмони худ медид, вале барои наҷоти ин ду наврас коре карда натавонист.
БОЗ ЯК СӮХТОР ДАР БОЗОРИ "КОРВОН"
Ҳамчунин бархе дигар аз фурӯшандаҳо нақл кардаанд, ки як зани дигар барои гирифтани колои худ вориди бозор шуда, дигар берун наомадааст. Ба нақли шоҳидон, шаби гузашта, ки ҳамоно сӯхтор идома дошт, бисёре аз мардум дар талоши наҷот додани молу колои худ буданд ва маълум нест, ки теъдоди талафоти ҷонӣ чанд аст.
Субҳи 6-уми сентябр садҳо соҳибкору фурӯшандаи бозори "Корвон" дар Душанбе дар назди дафтари мудири ин бозор ҷамъ омада, талаб карданд, ки сабаби оташсӯзиро шарҳ диҳад ва дастандаркорони ин амалро пайдо намояд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки теъдоди мардуми ҷамъомада аз ҳазор нафар бештар буда, дафтари мудирро бо сангу чӯб мезананд, ки ҳар чӣ зудтар ҳозир шавад. Дар соати ҳашти субҳ вазорати умури дохилӣ барои ҷилавгирӣ аз сар задани кадом ҳолати ногувор нерӯҳои иловагиро ба ин бозор сафарбар кардааст. Хабарнигори мо мегӯяд, теъдоди ин нерӯҳо тақрибан ба 300 нафар мерасид. Онҳо бо ҷавшану чӯбдасти резинӣ дар пеши чашми мардум пайдо шуда, талош кардаанд, ки ҳодисаи нохуше сар назанад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад