"Корвон" - яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон дар коми оташ қарор дорад.
Дилшод, як шоҳиди айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин оташсӯзӣ ҳаволии соати 18-и шоми имрӯз, чаҳоршанбе рух додааст.
Дилшод, ки ҳоло дар маҳали ҳодиса қарор дошт, гуфт, то ба ҳол шоҳиди ҳамчунин сӯхторе набудааст.
Ба гуфтаи вай, теъдоди зиёде аз мошинҳои сӯхторнишон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд ва талош мекунанд то ҳар чӣ зудтар алангаи оташро хомӯш кунанд.
Дуди ғализи ин сӯхтор фазои маҳаллаҳои атрофи бозорро фаро гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, аз Хадамоти оташнишонии вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба "Озодӣ" иттилоъ доданд, ки ҳайати оташнишонон дар маҳали ҳодиса қарор дорад ва машғули хомӯш кардани алангаи сӯхтор мебошад. Ин манбаъ гуфт, ки раҳбарият ва кормандони ин хадамот дар бозори Корвон" қарор доранд.
Ин аввалин сӯхтор тайи солҳои ахир дар бозорҳои Душанбе нест. Дар гузашта дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Варзоб» ва ғайра низ сӯхтор ба амал омада буд. Далоили сӯхторро дар бозорҳо ҳамчунин ба рақобати миёни тоҷирон рабт медиҳанд, аммо то ба ҳол касе аз тоҷирон таъйид накардааст, ки хисороти онҳо ҷуброн шуда бошад.