Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, Умаралӣ Қувватов, яке аз мухолифони ҳукумати кишвар, гирифтори бемории рӯҳӣ будааст.
Маркази ҷумҳуриявии клиникии равонпизишкии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди саломатии Умаралӣ Қувватов, раиси Гуруҳи сабтиномнашудаи «Гуруҳи -24» хулосаи тиббии худро нашр намуда гуфтааст, ки вай аз соли 1998 то соли 2008 дар қайди ин марказ будааст.
Хулосаи тиббии ин марказ дар шумораҳои ахири ҳафтаномаҳои чопи Душанбе ба нашр расидааст. Дар хулосаи тиббии Маркази равонпизишкӣ гуфта мешавад, ки Умаралӣ Қувватов гирифтори бемории рӯҳии «галютсинаторно- моторно-параноидни синдром» будааст.
Ба қавли пизишкони рӯҳшинос, ин навъе аз бемории «шизофрения» ё васвосӣ буда, нафари гирифтор бояд се сол мавриди табобати равоншиносон қарор дошта бошад.
Хулосаи тиббии Маркази равонпизишкӣ 3-юми сентябр ба нашр расидааст.
Ин хулосаи Маркази равонпизишкии вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳоле расонаӣ шуд, ки Умаралӣ Қувватов аз тариқи матбуоти хориҷӣ аз таъсиси як созмони сиёсӣ бо номи «Гурӯҳи 24» дар Маскав хабар дод.
Умаралӣ Қувватов қаблан дар як сӯҳбати телефонӣ аз Маскав бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "мо бояд мардуми кишварро аз системаи авлодгароӣ, оилабозӣ дар ҳукумат озод кунем ва мутахассисони шоиста битавонанд озодона қонунҳоро бознигарӣ кунанд. Қонунҳои "прокуратура", "милиса", "амният" бознигарӣ карда шавад. Мардум битавонад худро дифоъ кунад, хонаву дари худро ҳимоят кунад. На ин ки як нафар аз ҳисоби маводи мухаддир хона биандозаду соҳиби хонаву дар шавад."
Ҷаноби Қувватов бори дигар таъкид кард, ки ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013 кишварро ба роҳи ғалат хоҳад бурд.