Зиндони Багромро афғонҳо посбонӣ хоҳанд кард

Ҳукумати Афғонистон эълом кард, ки Амрико ҳафтаи оянда масъулияти комили посбонии зиндони баҳсбарангези Багром ба ихтиёри нерӯҳои афғон хоҳад дод. Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон бо нашри баёнияе гуфт, ки маросими таҳвили масъулияти посбонӣ рӯзи 10 сентябр баргузор мешавад. Амрикову Афғонистон моҳи март созишномаеро имзо карданд, ки бар тибқи посбонии зиндони Багром дар муддати ним сол ба ихтиёри нерӯҳои афғон дода мешавад. Зиндони мазкур дар пойгоҳи ҳавоии Багром маҳалли истиқрори нерӯҳои Амрико ҷойгир шудааст ва чанд дафъа гуфтаанд, гӯё чанд зиндониро дар он маҳбас шиканҷа карда ва ё куштаанд.