Ихроҷи 25 ҳунарманд ва идомаи буҳрони Сирки Тоҷик

Бинои Сирки Тоҷик.

Дар 2 соли охир 25 корманди ҳунарӣ ва собиқадори Сирки давлатӣ бо баҳонаҳои мухталиф барканор шудаанд.
25 корманди ҳунарӣ ва собиқадори Сирки давлатӣ бо баҳонаҳои мухталиф тайи ду соли ахир аз кор хориҷ карда шудаанд. Аз ҷумла 20 нафари онҳо устоди варзиш дар акробатика, номзади устоди варзиш дар намудҳои гимнастика, эквилибристика, гимнастикаи осмонӣ, жанрҳои иллюзионӣ, лирикӣ ва ғайра будаанд.

Татяна Висотская, ҳунарманди 20 – сола, ки аз 7 – солагӣ дар Сирки давлатӣ тарбия гирифтааст, мегӯяд, ба далели фавтидани модараш чанд рӯз дар кор набуд, аммо роҳбарияти Сирк ӯро бо моддаи 46 – и Кодекси меҳнати Тоҷикистон – саркашӣ аз иҷрои фармони мудирият - аз кор хориҷ кардааст.

Ба ҳамин минвол, Людмила Сафарова, номзад ба устоди варзиш, эквилибрист ва гимнасти осмонӣ, ҳамчунин хатмкардаи бахши ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷумъхон Мирзоев, аспбозе, ки дар саҳнаҳои Чину Тоҷикистон баромад мекунад, Забарҷад Бердиев, устоди акробатика, чемпиони Тоҷикистон, дипломанти конкурси байналмилалии “Шабит – 2006”, аълочии фарҳанг, хатмкардаи Донишгоҳи тиббӣ низ аз Сирки тоҷик рафтаанд.

Ашӯр Раҷабов, дорандаи сертификати байналмилалӣ, дипломанти байналмилалӣ ва аввалин мутахасис ва ҳунарманди ҳирфаии соҳаи сирк низ ҳаст, ки ба қавли ҳамкоронаш, баъди солҳои 90-ум сирки тоҷикро дубора ба по хезонда, соли 2006 нахустин барномаи сиркиро дар Тоҷикистон ба саҳна гузоштааст.
Аммо Ҷамолиддин Муҷиддинов, раиси Сирки давлатӣ мегӯяд, ҳамаи онҳо ба далели «гурӯҳбозӣ ва хешутаборбозӣ» аз кор хориҷ шудаанд.

Як корманди сирк, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, моҷарои сирк соли 2011 баъди ба кор омадани Бахтиёр Иззатуллоев, донишҷӯи соли дуввуми Донишгоҳи ҳунарҳои зебо оғоз шудааст. Раҳбарияти Сирк барои ҳалли мухолифатҳо Ашӯр Раҷабовро аз роҳбарӣ сабукдӯш карда, Бахтиёр Иззатуллоевро роҳбари ҳайати бадеӣ таъйин кардааст.

Аммо Ҷамолиддин Муҷиддинов, раиси Сирки давлатӣ мегӯяд, кормандони собиқ аз ғайриқонунӣ будани ихроҷи онҳо ба додгоҳ ҳам муроҷиат карда буданд, аммо додгоҳ ягон амали ғайриқонуниеро дар рафтори раҳбарияти Сирк пайдо накард.

Аввалин гурӯҳи сиркбоз дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 1936 ташкил шуда, Сирки Душанбе аз соли 1969 ба фаъолият оғоз кард. Бинои кунунии Сирк дар маҳаллаи Гулистони Душанбе соли 1977 ба истифода дода шуд. Нуқтаи авҷи шӯҳрати Сирки тоҷик ба солҳои 80-уми асри гузашта рост меояд. Вале баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аксари ҳунармандони сирк, ки русзабонҳо буданд, тарки Тоҷикистон карданд ва дар солҳои 90 Сирки тоҷик дар як вазъи хеле бӯҳронӣ қарор гирифт. Соли 2001 ҳукумати Тоҷикистон ба хотири эҳёи сирки тоҷик қарори вижае “Дар бораи Сирки давлатии Тоҷикистон” қабул кард.