Мақоми 100-уми Тоҷикистон дар ҷадвали рақобатпазирӣ

Тоҷикистон аз лиҳози рақобатпазирӣ дар байни 144 кишвари ҷаҳон имсол дар мақоми 100-ум омадааст.
Душанбе дар раддабандии қаблии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар мақоми 105-ум қарор дошт.

Бар асоси шохиси рақобатпазирӣ, ки ин созмони байналмилалӣ бар пояи пурсиши 14 000 раҳбари ширкат дар 144 кишвар, яъне бо пурсиши назари дастикам 100 тоҷир дар ҳар кишвар, нашр кардааст, Швейтсария аз нигоҳи рақобатпазирӣ инак соли чорум аст, ки дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад ва ба дунболаш Сингапуру Финландия ҷой гирифтаанд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ шохиси рақобатпазирӣ дар 144 кишвари дунёро бар асоси 12 категория ва 113 нишондиҳандае, ки ба фазои тиҷорат таъсир мерасонанд, таҳия мекунад.

Хулосаҳои асосии таҳқиқоти имсолаи созмон танг шудани фазои рақобат дар кишварҳои Аврупо, бо вуҷуди мақоми ҳамагӣ 7-умаш қудрати асосии навовар боқӣ мондани Амрико ва дар байни кишварҳои дар ҳоли рушд бар Русияву Ҳинд дастболо шудану пуррақобаттарин шинохта шудани Чин аст.

Аз байни кишварҳои муштаракулманофеъ имсол Озарбойҷон якбора 9 зина боло рафта, дар мақоми 46-ум қарор гирифт. Қазоқистон ҳам мавқеъашро дар як сол 21 зина беҳтар карда, ба мақоми 51-ум расид. Русия дар зинаи 67, Украина – 73, Арманистон – 82, Молдова – 87 ва Қирғизистон дар мақоми 127-ум ҷой гирифтаанд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ шохиси рақобатпазирӣ дар Узбакистону Туркманистонро таҳқиқ накардааст, вале 4 кишвари дигари пасошӯравӣ – Эстония, Литва, Латвия ва Гурҷистон, ки узви СНГ нестанд, мутаносибан дар зинаҳои 34, 45, 55 ва 77-уми раддабандии Шохиси рақобатпазирӣ ҷойгир шудаанд.