Ш.Хайруллоев: «Дар Хоруғ дигар ниёзе ба нерӯ нест»

Гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ" бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев.
Озодӣ: Мӯҳтарам вазир, баъзеҳо Шуморо генерали ҷанг унвон мекунанд, зеро фикр мекунанд, ки барои пиёда намудани амалиёт Шумо фармон додед, аммо баъзеҳо генерали сулҳ ҳам мегӯянд, зеро ба гуфтааашон дар шартномаи тарафайн, аз вузарои қудратӣ маҳз Шумо аз ҳама пеш имзо гузоштед ва дигаронро ҳам ташвиқ кардед.

Шералӣ Хайруллоев: Пеш аз он, ки ба ин савол ҷавоб диҳам, бояд мардум бидонад, ки ман вазири мудофиа ҳастам, на вазири хоҷагии қишлоқ. Вазифаи ҷонии ман ҳимоя кардани давлату миллат аз ҳаргуна душманони берунӣ аст. Лекин бо мурури замон ҳамин хел шуду имрӯз ман сарварии ҳамаи қуввваҳоеро, ки дар Бадахшон ҳастанд, дорам ва он чизеро, ки мо кардем, дар он фақат фоидаи мардуми Бадахшон, дар умум фоидаи мардуми Тоҷикистон аст.

Озодӣ: Пас аз чанде президент Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон ташриф меорад ва Шумо дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Импулс» таъмини амнияти президентро вазифаи
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми Бадахшон мешуморед. Аммо дар ҷомеа нигарониҳо вуҷуд дорад, ки дар ин ҷо қувваи саввум ҳузур дорад ва аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш нигарон ҳастанд. Шумо дар робита бо ташрифи президент чӣ гуфта метавонед, оё амнияташ таъмин ҳаст?

Шералӣ Хайруллоев: Мардуми Бадахшон мардуми бузург аст, омадани ҷаноби олӣ ҳам ба Бадахшон барои мардум фахр аст. Аввалан, омаданашон баъди ҳодисаҳо ба нақша гирифтагӣ набуд, он кас бояд аллакай дар 80-солагии Хоруғ меомаданд, лекин азбаски сафарҳои корӣ доштанд, ҳамин вақтро камтар қафо гузоштагӣ ҳастанд. Ман гумон мекунам, ки қувва буд, мемонад, душман буд, душман ҳаст, мемонад. Лекин чӣ хеле кӣ мардум тайёрӣ дида истодааст, боварии комил дорам, ки дар сатҳи баланд, мардум ҳамин хел қабул мекунад, ки дигар аз ин хубаш намешавад, чунки ман медонам вилояти Суғд, вилояти Хатлон, дигар шаҳру ноҳияҳо чӣ хел шароит доранд, лекин ин хеле кӣ мардум омадани ҷаноби олиро самимӣ ва аз сидқи дил интизоранд, ба фикрам дар ягон вилояту шаҳр нест.

Озодӣ: Коршиносон мегӯянд, ки генералҳо ба хотири пиёда намудани амалиёт дар Хоруғ омаданд, вале дарк карданд, ки дар пешашон вазифаи ҷиддитари ҳифозати марз, ба вижа бо Афғонистон истодааст. Дар оянда дар робита бо таҳкими марз бо Афғонистон ва Чину Қирғизистон чӣ нақшаҳо ҳастанд?

Шералӣ Хайруллоев: Рости гап ин проблемаҳо буд, лекин аз сабаби он, ки мо кам аҳамият медодем, ман он қадар наздик дарк намекардам. Баъде, ки ба ин ҷо омодам ва бо чашми худам дидам, фаҳмидам, ки баъзе корҳоро кардан даркор, то ин, ки марзи мо байни Афғонистону Тоҷикистон мустаҳкам шавад. Ба ин хотир аллакай як баталиони нав дар Мурғоб кушодем, рӯзи гузашта 270 нафар, 30 нафар он ҷо буд, 300 нафар барои мустаҳкам кардани марзи Афғонистону Чину Қирғизистон ба он ҷо фиристодем, ба наздикӣ насиб бошад боз 100 нафар ба отряди Ишкошим мефиристем, то марзро мустаҳкам кунем.

Озодӣ: Баъзе нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар бораи "дарси бадахшонӣ" менависанд. Ба фикри Шумо тарафҳо бояд аз воқеае, ки шуд, чӣ бардоште метавонанд дошта бошанд?

Шералӣ Хайруллоев: Ин дарс не, ин як чизи таърихӣ аст, ҳеҷ кас бояд фаромӯш накунад, мардуми Бадахшон мардуми мо ҳаст, мо хешу табор ҳастем, яроқро гирифтан ба муқобили мардум кори душвор аст, лекин чӣ хеле гуфта будам, ба муқобили мардум яроқ гирифтагӣ нестем, аслан ба кӯҳу камар задем, то ин, ки тарсанду намояндагони прокуратураву дигарҳоро, ки дастгир шуда буданд,

Хоруғ дар ду моҳи гузашта шоҳиди нооромиҳо буд.

ба мо бисупоранд. Шояд тирпарронӣ аз он ҷониб ҳам шуд, лекин агар мо парронда бошем, адресно паррондагӣ ҳастем, лекин бе ин намешавад, шахсоне, ҳастанд, ки бегуноҳ ҳалок шуданд, ман дар баромадам узр пурсидам, ба ҳамаи падару модару хешу таборашон таъзия баён мекунам.

Озодӣ: Оё баъди ташрифи президент нерӯҳои изофӣ хориҷ мешаванд ва ин нақша чӣ хел дар назар аст?

Шералӣ Хайруллоев: Аллакай ман худам дида истодам, ки на ин, ки нерӯҳои изофӣ, ба фикрам, ки худи мо ҳам аллакай дар ин ҷо дигар даркор нестем. Баромада рафтан даркор, мардум тинҷ аст, зиндагиашон хуб аст. Шумо худатон мебинед, дар вилоят тартибу интизом аст, дар ин шабурӯз қариб, ки ҷиноят нест, дар ягон шаҳру вилояти ҷумҳурӣ ин хел вазъият нест.

Озодӣ: Суоли охирин. Шумо гуфтед, ки амалиёт пас аз он шурӯъ шуд, ки кормандони прокуратураро гаравгон гирифтанд. Аммо гуфта мешавад, ки ин нафаронро пас аз он гаравгон гирифтанд, ки амалиёт шурӯъ шуд?

Шералӣ Хайруллоев: Вақте, ки ман аз Душанбе омадам, сардори раёсати дохила Тоҷиддин Назаршоевро гуфтам, ки Толибро занг зан, аз номи ман бигӯед, шахсонеро, ки дар куштори генерал Назаров гунаҳкор ҳастанд, оварда бисупоранд. Вай дар пеши ман телефонӣ гуфт, ӯ ваъда кард, ки ман пагоҳ ҳамин одамҳоро оварда месупорам. Ман бо дили тинҷ хеста омадам, дар меҳмонхона хоб будем. Лекин ба фикрам сеи шаб буд, занг заданд, ки ҳамин хел шудаст. Ҷонишини прокурори генералӣ, он шахс худаш сарпрокурори ҳарбии республика аст, боз 5 каси дигарро дар якҷоягӣ аз ҳамин комиссариати ҳарбӣ гирифта бурданд. Он вақт аз меҳмонхона ман, вазири корҳои дохилӣ хеста ба баталион рафтем. Ҳамон ҳам ба хотири он, ки бисупоранд, мо ба кӯҳу камар задем, хайр худи он одамро (манзур прокурори ҳарбӣ, РО) пагоҳ ҷавоб доданд, дигарҳоро баъдтар ҷавоб доданд, барои ҳамин ҳам дар ин ҷо ягон секрет нест. Агар бовар накунед, ин кори шумо.

Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбат ва қабул.