21 фарқи дорову нодор. Миллионерҳо чигуна мерӯянд?

Доштани яхта орзуи ҳар миллионер аст.

“Сарвату мол эътимод ба нафсро афзун ва инсонро ояндасоз мекунад”- мегӯянд нафароне, ки дар гузашта бебизоат, ки баъдан сарватманд шуданд.
Аммо гурӯҳи бебизоат мегӯяд, сарватмандҳоро ё бахт ба рӯяшон хандидааст ё бо қаллобӣ ба сарват расидаанд. Дар зимн, ин ақида, ки аҳли сарват “дасти пок” надорад, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, бо шумули Амрико роиҷ будааст.

Стив Сиболд, мураббии тиҷорати (бизнес-тренер) амрикоӣ 21 тафовути байни афроди бебизоат ва сарватмандро дар як китоб ҷамъ овардааст, ки онро мешавад ҳамчун дастури раҳоӣ аз бебизоатӣ унвон кард. Мардуми бебизоат асосан дар гузашта зиндагӣ мекунанд, дар ҳоле, ки сарватмандҳо рӯ ба оянда доранд, менависад Стив Сиболд.


“Миллионерҳое, ки бизнеси худро аз сифр шурӯъ кардаанд, ҳамеша рӯ ба оянда доштанд ва талош карданд, ки орзуи худро дар амал бубинанд. Аммо онҳое, ки мегӯянд, беҳтарин рӯзҳои зиндагиашон дар гузашта мондааст, кам андар кам муваффақ мешаванд. Онҳо камтарин ангеза барои зистану рушд кардан доранд ва ҳамеша ба рӯҳафтодагӣ рӯ ба рӯ мешаванд, -мегӯяд мураббии тиҷоратӣ. “

Дар Тоҷикистон насли бузургсол ва қишри миёнсоли ҷомеъа, ки ҳадди ақал ҷавонии худро дар замони шӯравӣ сипарӣ кардааст ва хушбахтии онҳо гӯё дар обу гили он хамон замон дармондааст, ҳоло ҳам бо ёди СССР оҳи сард мекашанд ва мегӯянд, “СССР воқеъан давлати сағирапарвар буд”.

Баҳрулло, як сокини Тоҷикистон, ки ҳоло менеҷери яке аз ширкатҳои тиҷоратӣ аст, мегӯяд, “дилтангӣ барои давлате, ки дигар вуҷуд надорад ва тафаккури пойбанд будан ба ҳукуматҳо бояд аз зеҳнҳо зудуда шавад. Мардум бояд худро ба даст бигирад ва худро аз фақру бенавоӣ раҳо кунад, вагарна ҳоли онҳо беҳтар намешавад”.

Сиболд , бизнес-тренери амрикоӣ мегӯяд, афроде, ки аз маош то маош ба сар мебаранд, таваккалӣ(рискӣ) нестанд. Онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз нокомӣ ҳадафҳои поинтарро нишон мегиранд, дар ҳоле ки пулдорҳо ҳамеша мекӯшанд ба қуллаи баландтар дастрасӣ пайдо кунанд.

Муҳаммад, як тоҷири тоҷик, ки ба содироти орд аз Қазоқистони ҳамсоя сарукор дорад, дақиқан ҳамон намунаест, ки Стив Сиболд дар китоби худ зикр кардааст. Муҳаммад мегӯяд, 8 соат не, бояд 18 соат кор кунӣ, то якеат ду шавад. Ӯ чаҳор телефон дорад, ки шабу рӯз занг мезананд ва музокироти ӯро бо бизнесменҳои чандин давлати ҳамсоя таъмин мекунанд. Фоидаи ӯ аз ҳар се вагони орд беш 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва фоидаи ин се вагон маҳсули кори ду-се рӯзаи уст.


Рӯзии ҳар кас ба ҳар роҳ ба даст меояд

Қишри камбизоат дар Тоҷикистон, ки бинобар рақамҳои расмӣ, беш аз чиҳил дар сад, вале бар пояи гузоришҳои ғайрирасмӣ, то 70 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад, маъмулан сарватмандонро хуш надоранд ва шубҳа доранд, ки ин гурӯҳ сармояи худро бо дасти пок ҷамъоварӣ карда бошанд. Гузашта аз ин онҳо мутмаъинанд, ки тақрибан ҳамаи бизнесҳо дар Тоҷикистон дар ибтидо бо сармояҳои ғайриқонунӣ таъсис ёфтаанд ва ҳатто “шустушӯҳо”-и зиёди бонкӣ низ натавонистааст онҳоро то ба охир сафед кунад.

Бархе ҳам дар Тоҷикистон “нимтаи нон роҳати ҷон”ро шиор кардаанд ва мегӯянд, “бизнес ва ё корҳои марбут ба пулу мол як дарди сар аст, зеро хобро аз чашм ва оромиро аз дил дур мекунад.”

Аммо Муҳаммад мегӯяд, ин шиорро онҳое бофтаанд, ки на ҷасорат доранду на ҳунари кор. Вагарна, мегӯяд ӯ, “кӣ намехоҳад, ки ҳар рӯз дар рӯи дастархонаш сихкабоб бошаду нуқлу ҳалво?”

Мардуме, ки аз маош то маош умр ба сар мебаранд, вақти худро дар коре сарф мекунанд, ки ба он дилгармӣ надоранд, ва баръакс сарватмандон бо саргармӣ ба машғулияти дӯстдошта сарвати худро бештар мекунанд, - мегӯяд Стив Сиболд.


Аксар дар Тоҷикистон тиҷорати худро аз бозор шурӯъ мекунанд

Мавзуна, сокини маҳаллаи 83-юми пойтахт худро бо шухӣ “бизнес-ледӣ” меномад. Ӯ ҳудудан 15 соли пеш, дар ҳоле ки нони даҳони бачаҳояшро базӯр пайдо мекард, аз оҳану фанерҳои нодаркор як дӯкони хурд сохт ва ба харидуфурӯши маводи хурду резае шурӯъ кард, ки муштариёнаш асосан кӯдакон буданд. Ӯ аввалин дарси бизнесро ҳамон солҳо, дар ҳоле ки то дили шаб дар кӯча сигарету қанду қурут мефурӯхт, ҳосил кард ва бачаҳои худро аз гуруснагӣ наҷот дод. Ҳоло он дӯкон дигар вуҷуд надорад, аммо се писари ӯ ширкатҳои муваффақи сохтмониву тиҷоратӣ доранд.

Стив Сиболд низ мегӯяд, афроди бепул фарзанди худро низ ба хамин ҷода теле медиҳанд ва ба ӯ роҳи чӣ тавр зинда монданро меомӯзонад. Дар ҳоле сарватмандон ба фарзандони худ роҳи боз ҳам сарватмандтар шуданро таълим медиҳанд.

Барои сарватманд шудан бояд кори хосеро анҷом диҳӣ , мегӯянд мардуми бесарват, аммо сарватмандҳо мегӯянд, барои бой шудан инсон худаш бояд вижа ё хос бошад.

Аммо аз ҳама тафовути ҷолибе ки Стив Сиболд дар муқоисаи бою камбағал кашф кардааст, ин аст, ки сарватмандҳо ҳеҷ гоҳ дар пайи донишгоҳу диплом нестанд ва бештар ба донишу малакаҳои вижа тамаркуз мекунанд. “Пул барои сарватманд мояи ҳаяҷон нест, зеро онҳо пулро ҳамчун абзори расидан ба ҳадаф арзёбӣ мекунанд, - навиштааст бизнес-тренери амрикоӣ Стив Сиболд.