Дар Тоҷикистон хонандаи хуб нест ё китобҳои хонданӣ?

Сокинон аз камбуди китобҳои бачагона шикоят мекунанду адибону ноширон аз камбуди харидор. Кӣ ҳақро мегӯяд?
Cабоҳат, як модари ҷавон, талош дорад, то фарзандаш аз хурдӣ аз ҷиҳати ақлонӣ рушд кунад ва дар оянда чун шахси босавод ба воя расад. Ин аст, ки писари яксолаи ӯ Комрон аз ҳоло рафи китобмонии худро дорад. Рафи китобҳои Комрони хурдакак пур аз адабиёти кӯдакона бо афсонаву тасвирҳои рангоранг буда, асосан бо забонҳои англисиву русӣ нашр шудаанд. Ин дар ҳолест, ки Сабоҳат бо ҳадафи харидории адабиёти кӯдакона бо забони тоҷикӣ зиёд дӯконҳои шаҳри Душанберо давр задааст, аммо пайдо намудани китобҳои кӯдаконаи то 3-сола хеле мушкил будааст.

Ба ин далел, Сабоҳат мегӯяд, ҳарчанд бо нархи гарон ҳам бошад, бештар китобҳои ғайритоҷикии кӯдаконаро дастрас кардааст. "Китобчаҳои гуногунро бароям аз Лондон фиристоданд. Ростӣ, ин китобҳоро дидан баробар шавқи тамошову хонданат меояд. Кӯдак низ ба чунин тарзи омодакардаи китобчаҳо мароқ зоҳир мекунад ва шавқаш зиёдтар мешавад. Ӯ китобчаҳоро даст мезанад, нигоҳ мекунад, суратҳояшро мебинад, ҳатто нишон медиҳад. Яъне, вақте ки кӯдак мароқ зоҳир намуд, саволдиҳиаш низ зиёд мегардад",-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Манзура Ҷӯраева, роҳбари Маркази омӯзишии "Мултикид" бошад, гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон бо ҳимояти созмонҳои байналмилалӣ адабиёти махсус барои кӯдакони синни томактабӣ чоп мешаванд, аммо теъдодашон хеле кам аст. Афзун бар ин ба гуфтаи Ҷӯраева, ҳарчанд чунин адабиёт кам чоп шаванд ҳам, аммо аз лиҳози сифат ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Чанде пеш маркази мазкур барои кӯдакони хурдсол дар шакли СD китоберо таҳия кард, ки ба гуфтаи Манзура Ҷӯраева ин ҳам қатрае аз баҳр буда, холигии бозорро пур карда наметавонад.

Соҳибназарон иллатҳои камбуди адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистонро мухталиф арзёбӣ мекунанд. Азизи Азиз, адиби кӯдакон, бар ин бовар аст, ки мушкили асосӣ дар ин самт камбуди маблағ нест, балки норасоии мутахассисони баландпоя, аз ҷумла рассомони хуб мебошад.

Ӯ мегӯяд, то ҳол ноширон дарк накардаанд, ки китоб барои кӯдак чи қадар зарур мебошад: "Соли гузашта дар Хоруғ як конфронси байналмилалӣ доир шуда буд. Онҷо адибоне ҷамъ шуда буданд, ки барои кӯдакон эҷод мекарданд. Мо дидем, ки барои кӯдакони яксола, дусола, сесола ва ҳатто барои шашмоҳаҳо дар Теҳрону Англияву Амрикову Канада ва Русия китоб чоп мекунанд. Инро дида, фиғонам баромад. Гуфтам, ки насли калонсоли мо китобхон нест, дар бораи кӯдаки яксолаву дусола чӣ гӯем."

Қаҳрамон Бақозода

Аммо Қаҳрамон Бақозода - писари шодравон Наримон Бақозода, шоири тоҷик, ки барои кӯдакон эҷод кардааст, мегӯяд, вай ду соли пеш дар Туркия китобҳои таълифкардаи падарашро чоп карда ва ба Тоҷикистон оварда буд, аммо ба сабаби хонанда надоштан теъдоди зиёди ин китобҳо дар анбор хобидаанд. Ӯ гуфт, "тахминан аз 2 то 3 ҳазор китоб дар байни аз ду то се моҳ фурӯхтан мумкин аст. Яъне, барои ман ин нишондиҳандаи он аст, ки 2,5-3 ҳазор хонавода барои фарзандаш китоб мехарад. Ҳама, албатта, фақат як китоб намехарад. Лекин он қисми хонаводаҳое, ки доимо харидорӣ мекунанд, ба фикрам, тахминан ҳамин ҳудудро ташкил медиҳанд."

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Қодиров, сардори раёсати табъу нашри вазорати фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, дар кишвар чопхонаи махсусе барои интишори китобҳои кӯдакона фаъол шудааст ва дар оянда мушкили норасоии адабиёти кӯдак аз байн хоҳад рафт. Мушкили камбуди китобҳои кӯдакона дар ҳолест, ки ҳар сол дар доираи таҷлил аз Рӯзи китоб, ки ба таърихи 4-уми сентябр таҷлил мешавад, дар саросари кишвар ҷашнвораи китоб, бахусус китобҳои кӯдакона баргузор мегардад.

Ҳадафи ин гуна иқдомот таблиғи китоб ва китобхонӣ дар миёни кӯдакону наврасон арзёбӣ мешавад. Зимнан, дар Тоҷикистон ду интишороти адабиёти кӯдакона ва чандин чопхонаи ғайридавлатӣ фаъол аст, ки дар муддати ду даҳсолаи ахир беш аз 260 номгӯи китобҳои кӯдаконаро ба нашр расондаанд. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе китобхонаи адабиёти кӯдакона ба номи Мирсаид Миршакар фаъол аст, ки дар вилоятҳо низ намояндагии худро дорад.