ҲНИТ мактуби, ба иддаои онҳо, маҳрамонаи Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин ба раисҷумҳури Тоҷикистонро нашр кард, ки 16-уми августи 2010 навишта шудааст.
ҲНИТ мегӯяд, ин номаи раҳбарияти Кумитаи дини Тоҷикистон баъд аз гузашти панҷ моҳи интихоботи порлумонии соли 2010-ум навишта шудааст, ки ба бовари масъулони ҳизб онҳо дар ин интихобот раъйи бештаре ба даст оварда, мақомотро ғофилгир карда буданд.
Пас аз он, менависад торнамои расмии ҲНИТ, "баҳри коҳиш додани нуфузу обрӯи ин ҳизб фишорҳои ҷиддӣ болои ҲНИТ шурӯъ шуда, эҳтимол аз ин ба баъд, ки арафаи интихоботи президентӣ ба ҳисоб меравад, шиддат меёбанд." Масъулони ҲНИТ бовар доранд, ки ин нома яке аз заминагузорони Протоколи 32-20 мебошад.
Аммо мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон то ҳол вуҷуди чунин як номаро тасдиқ ва ё такзиб накардаанд. Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба зудӣ мавқеи худро дар ин бора рӯшан хоҳанд кард.
Бо ин ҳол, дар ин мактуб, ки акнун нусхаи онро сайти ҲНИТ чоп кардааст, ба масъалаи афзоиши фиттаҳои амри маъруфи домуллоҳо, фазои холии маънавӣ ва ҳам муносибати мақомот бо "наҳзатиҳо" таъкид шудааст. Дар нома аз ҷумла омадааст, "мақомоти давлатӣ ва масъулин бо ҳизби сиёсии хусусияти динӣ дошта сару кор гирифта, ҳеҷ гоҳ ҳизбро чун дин қабул нанамоянд. Зеро наҳзатиҳо ошкоро ба дин такя намуда, худро хайрхоҳу ҳимоятгари дин нишон доданӣ мешаванд."
Баҳси ин номаи ду соли пеш дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҲНИТ-ро айбдор кард, ки ба қонуншиканиҳо идома дода, аз тарафи аъзои он “як силсила ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини дорои хусусияти экстремистию террористӣ” сар задааст. Бино бар изҳороти Додситонии кул, ҳизб ҳангоми қабули аъзо ба сафҳояш ё ихроҷи онҳо, санаду дафтардорӣ ва пардохти ҳаққи узвият ба қонуншиканиҳо роҳ дода, аъзои ҳизб дар ҳамдастӣ бо афроди Ҳаракати Исломии Узбакистон, Ҳизб-ут-таҳрир ва гурӯҳҳои мусаллаҳ, зидди низоми конститутсионӣ амалҳои тундравона ва террористӣ анҷом додаанд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сарвари маркази таҳлилии ҳизб мегӯяд, ин мактуб қаблан низ дар ихтиёри ҳизб буд, аммо маҳз ҳоло расонаӣ кардани он ба таҳаввулоти ахир, ки дар берун аз деворҳои ҳизб ва толорҳои ҳукумат мегузаранд, рабт дорад. Вай афзуд, мактуб ҳанӯз то нашри протоколи 32-20 тариқи манобеи ҳизб дастрас шудааст.
Ба ҳамин минвол, дар ҳоли асли будани ин мактуб, ин дуввумин санади ҳукумати Тоҷикистон хоҳад буд, ки дар расонаҳо нашр мешавад. Сомонаи "Звезда.ру"-и Русия моҳи феврали соли ҷорӣ дар матлабе таҳти унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум барномаеро рӯи даст гирифтааст. Ва дар ин сомона ҳуҷҷатҳое аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон таҳти унвони Протоколои 32-20 ба чоп расида буд, ки мӯҳтавои матлаби дарҷшуда дар ин сомонаро ташкил медод.