Бими Иброҳимӣ аз натиҷаи маъмурияташ дар Сурия

Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи нави Созмони Милал барои Сурия, мегӯяд, бим дорад, ки ҳалли дипломатии муноқишаи 17-моҳа дар ин кишвар “тақрибан ғайримумкин” хоҳад буд. Дар мусоҳиба бо телевизиони Би Би Си, Ахзар Иброҳимӣ гуфт, аз он метарсад, ки кораш дар Сурия самар нахоҳад дод ва худи идомаи хунрезӣ дар Сурия ва аз ҳоло суол кардан дар бораи кори онҳо, худаш “як бори сангине” аст. Баъди истеъфои Кофӣ Анон, аз мақоми фиристодаи Созмони Милал дар моҳи август, Ахзар Иброҳимӣ, дипломати собиқадори алҷазоириро ба ҷойи ӯ таъйин карданд. Кофӣ Анон мегуфт, ихтилофоти назар дар миёни қудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди низоъ дар Сурия монеъи вокуниши воҳиди ҷомеаи байналмилал ба ин масъала шудааст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ дар Сурия аз моҳи марти соли гузашта то кунун дар ин кишвар тақрибан 20 ҳазор нафар кушта шудаанд.