Гурӯҳи рӯ ба ҳукумат 8 афғонро ба қатл расонд

Тафтиши нақлиёт дар яке аз посгоҳҳои Афғонистон

Рӯзи якшанбе гурӯҳи ниманизомии рӯ ба ҳукумат дар шимоли Афғонистон камаш ҳашт фарди мулкиро масъули ҳамлаи Толибон пиндошта, ба ҳалокат расондааст. Мансабдорони вилояти Қундуз мегӯянд, рӯзи якшанбе фармондеҳи гурӯҳи ниманизомии тарафдори ҳукумат ҳамроҳ бо 20 силоҳбадасти зери раҳбариаш болои деҳаи Конум ҳамла кард. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ рӯзи шанбе Толибон болои деҳаи Конум ҳуҷум карда, ду нафар ва аз ҷумла як силоҳбадасти ҷонибдори ҳукуматро ба қатл расонда буданд. Мансабдорони афғон мегӯянд, эҳтимол бар асари ҳамлаи гурӯҳи ниманизомӣ то даҳ фарди мулкӣ ҳалок шуда бошад. Гурӯҳи ниманизомӣ ё худ арбакиҳоро ҳукумати Афғонистон ва паймони НАТО ба хотири муқовимат ба Толибон дар деҳоти дурдаст ташкил кардаанд.