Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон мегӯяд, кишвараш омода аст “ҷанги таҳмилӣ” бар кишварашро бо ҳасмсоя ва душамани худ Озарбойҷон бибарад. Дар изҳороте Саркисян гуфтааст, Арманистон ҷангро намехоҳад, вале истисно намедонад, ки Боку чунин ҷангро бар Арманистон “таҳмил” мекунад.
Ин изҳороти Саркисян дар ҳоле садо додааст, ки рӯзи якшанбе Қарабоғи Кӯҳистонӣ истиқлоли худро ҷашн гирифт. Ин минтақа аз се даҳсола ба ин сӯ масъалаи баҳсҳои доманадор ва даргириҳои миёни ин ду кишвар будааст, ки то ҳол роҳи ҳали худро пайдо накардааст.
Аз сӯи дигар, ин изҳороти Саркисян баъд аз як рӯзи мавриди афв қарор гирифтани Рамил Сафаров-як низомии Озарбойҷон пахш шуд. Илҳом Алиев-ки раиси ҷумҳури Озарбойҷон як рӯз пеш Сафаровро баъд аз раҳоиаш аз зиндоне дар Маҷористон афв кард.