Дар Эрон дар ҳодисаи нақлиётӣ 19 кас кушта шуд

Дар як садамаи нақлиётӣ дар ҷануби Эрон 19 нафар ба ҳалокат расиданд. Автобуси мусофирбар ба сахраи канори роҳ бархӯрдааст ва сарнагун шудааст. Хабаргузории IRNA иттилоъ додааст, ки ин ҳодиса бомдоди рӯзи якшанбе тақрибан дар 50 километрии ғарби шаҳри Шероз рух додааст. 25 нафар мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҷароҳати 5 нафар ҷиддист.

Пулиси маҳаллӣ барои ин ҳодиса ронандаро гунаҳгор медонад ва мегӯяд, аз беэҳтиётии ронанда ва риоят накардани қоидаҳои роҳ ин ҳодиса сар задааст.

Дар як сол ба ҳисоби миёна дар роҳҳои Эрон тақрибан 20 ҳазор нафар дар ҳодисаҳои нақлиётӣ кушта мешаванд.